Намоишгоҳи саноатӣ дар доираи Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо
Намоишгоҳ барои таъмин намудани рушди соҳаи саноат ва ноил гардидан ба ҳадафи чоруми стратегии миллӣ – саноатикунонии босуръати кишвар баргузор гардида, ҳадаф аз он муаррифии маҳсулоти корхонаҳои саноатии истеҳсолӣ ба меҳмонон ва ба ин васила тақвият бахшидани ҳамкорӣ бо кишварҳои иштирокдор мебошад.
Дар толор маҳсулоти саноатии Тоҷикистон гӯшаҳои соҳаҳои саноати мошинсозӣ, химия, нассоҷӣ, маъдан, канданиҳои фоиданок, масолеҳи сохтмон, ангишт, технологияи иттилоотӣ, энергетика, хӯрокворӣ, кишоварзӣ ва коргоҳу корхонаҳои истеҳсолӣ иштирок намуда, номгӯи зиёди маҳсулоти ватаниро пешкаши ҳозирин менамоянд.
Инчунин, воситаҳои нақлиёти мусофиркаш ва боркаш, ҳарбӣ-муҳофизатӣ ва техникаҳои кишоварзии Тоҷикистон дар майдони кушоди намоишгоҳ ба намоиш гузошта мешавад.
Қобили зикр аст, ки ташкили чунин намоишгоҳҳо боиси баланд бардоштани нуфузи Тоҷикистон дар сатҳи байналмилалӣ, густариш ëфтани ҳамкориҳо байни корхонаҳои саноатӣ бо ширкатҳои хориҷӣ ва афзоиш ёфтани ҳаҷми содироти маҳсулоти саноатӣ тавассути таъсиси корхонаҳои муштарак бо технологияҳои муосир мувофиқи мақсад мебошад.
Иштирокчиёни Конфронси болозикр, инчунин ҷонибҳои алоқамнд, аз ҷумла ташкилотҳои байналмилалӣ ва миллӣ, муассисаҳои илмӣ ва молиявӣ, бахши хусусӣ ва дигар сохторҳои дахлдор барои иштирок дар намоишгоҳ даъват карда мешаванд.