17:13:38 23-уми Июни 2025 сол

Дурнамои рушди энергетикаи барқароршаванда: Душанбе мизбони конфронси байналмилалӣ

23-юми июни соли 2025 дар шаҳри Душанбе Конфронси 3-юми байналмилалӣ таҳти унвони «Дурнамои рушди энергетикаи барқароршаванда дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», ки бо ташаббуси Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо Ассотсиатсияи манбаъҳои барқароршавандаи энергияи Тоҷикистон ва шарикони рушд ташкил гардида, ҳамчун платформаи муҳими ҳамоҳангсозии талошҳои байналмилалӣ дар самти рушди энергетикаи «сабз» арзёбӣ мегардад, оғоз гардид.

2 durnamoi rushdi energetika 6598784545Дар маросими ифтитоҳи расмии конфронс муовини вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Манучеҳр Сафарзода, муовини президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Илҳом Амонзода, сафири Иттиҳоди Аврупо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Раймундас Кароблис, намояндаи доимии Бонки Осиёии Рушд дар Тоҷикистон Ко Сакамото, роҳбари «Барномаи энергияи барқароршаванда дар Осиёи Марказӣ» Свен Эрнедал, инчунин, намояндагони вазорату идораҳои дахлдор, марказҳои таҳқиқотӣ, созмонҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ, олимону коршиносони ватанию хориҷӣ ва рӯзноманигорон иштирок намуданд.

Манучеҳр Сафарзода нахуст ҳозиринро ба чорабинӣ хайрамақдам гуфта, аз ҷумла чунин иброз дошт: «Ҷумҳурии Тоҷикистон дорои захираҳои бузурги гидроэнергетикӣ буда, ба ҳолати имрӯз ҳамагӣ 5 %-и ин захираҳо истифода шуда истодаанд. Дар мавриди истифодаи ин захираҳо, ки дар як сол 527 млрд. кВт/соат арзёбӣ шудаанд, имкони қонеъ намудани на танҳо талаботи Тоҷикистон, балки қонеъ намудани талаботи кулли минтақа бо барқи аз нигоҳи экологӣ тоза мавҷуд мебошад».

Таъкид гардид, ки дар баробари захираҳои бузурги гидроэнергетикӣ, Тоҷикистон дорои захираҳои фаровони энергияи офтобӣ ва бодӣ буда, ин захираҳо то кунун истифода нашудаанд. Тибқи таҳлилҳо, иқтидорҳои аз лиҳози иқтисодӣ асосноки офтобӣ 369 600 МВт ва бодӣ бошад, 4 485 МВт-ро ташкил медиҳанд.

Айни замон, Тоҷикистон аз ҳисоби истеҳсоли энергияи сабз миёни кишварҳои Осиёи Марказӣ пешсаф буда, дар ҷаҳон дар ҷои шашум қарор дорад. Дар сурати амалишавии тамоми ҳадафҳои гузошташуда Ҷумҳурии Тоҷикистон метавонад дар соли 2032-юм 100 фоиз ба кишвари тавлидкунандаи энергияи сабз табдил ёбад.

Ҳадафи асосии баргузории конфронс тақвият бахшидан ба рушди манбаъҳои барқароршавандаи энергия, пешбурди сиёсати сарфаи энергия ва баланд бардоштани сатҳи самаранокии энергетикӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.

Иштирокчиён раванди ислоҳот, дастовардҳо ва мушкилоти мавҷуда дар соҳаи энергетикаи барқароршавандаи кишварро мавриди баррасӣ қарор дода, роҳҳои ҳамкории судманд ва имкониятҳои сармоягузориро муҳокима менамоянд.

Қобили зикр аст, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон дорои иқтидорҳои бузурги табиӣ дар самти истеҳсоли энергия аз манбаъҳои барқароршаванда, бахусус обу офтоб мебошад. Тавассути баргузории чунин чорабиниҳои сатҳи баланд, кишвар қадами устувор ба сӯи таъмини амнияти энергетикӣ ва татбиқи ҳадафҳои рушди устувор мегузорад.

Ёдовар мешавем, ки Конфронси 3-юми байналмилалӣ таҳти унвони «Дурнамои рушди энергетикаи барқароршаванда дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» то 25-уми июн давом меёбад.

www.mewr.tj

Назари Шумо

Security code
навсозӣ