14:14:49 25-уми Июни 2025 сол

«CASA-1000» намунаи ҳамкориҳои энергетикии минтақавӣ

Дар доираи Сессияи VI Конфронси 3-юми байналмилалӣ таҳти унвони «Дурнамои рушди энергетикаи барқароршаванда дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» Панели мубоҳисавӣ: «Тарҳрезии лоиҳаҳои ҳамгироии минтақавӣ дар мисоли лоиҳаи минтақавии интиқоли неруи барқ «CASA-1000» доир гашт.

3 kasa 1000 568945745Дар кори он Манучеҳр Сафарзода – муовини вазири энергетика ва захираҳои об, Файзалӣ Самиев – роҳбари лоиҳа, Маркази идоракунии лоиҳаҳои бахши энергетика, Хуҷаназар Асламшоев, мушовири ҳуқуқии гурӯҳи кории лриҳаи «CASA-1000», Фуруғзод Усмонов, коршиноси соҳаи энергетика ва мутахассисону коршиносони дохилию хориҷӣ иштирок доштанд.

Манучеҳр Сафарзода зимни суханронии худ ба аҳамияти стратегии лоиҳаи «CASA-1000» барои Тоҷикистон ва минтақа таъкид намуда, зикр кард, ки татбиқи он ба рушди ҳамгироии энергетикӣ байни кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Осиёи Ҷанубӣ мусоидат намуда, имкониятҳои содироти неруи барқи барқароршавандаи Тоҷикистонро ба бозорҳои хориҷӣ фароҳам меорад.

Дар ҷараёни мубоҳисаҳо иштирокчиён доир ба таҷрибаи андӯхташуда, мушкилоти ҳамоҳангсозии минтақавӣ, масъалаҳои молиявӣ ва нақши сармоягузории байналмилалӣ табодули назар намуданд. Мавриди таваҷҷуҳ қарор гирифт, ки «CASA-1000» метавонад ҳамчун платформаи намунавӣ барои татбиқи дигар ташаббусҳои энергетикии минтақавӣ хизмат кунад.

Маврид ба зикр аст, ки дар рӯзи дуюми Конфронси байналмилалӣ мавзуъҳои зерин матраҳ гардиданд: ҳамкориҳои минтақавии фаромарзӣ ва пайвастагии энергетикӣ; технологияҳои нави барқароршаванда ва экологӣ; Харитаи роҳи Ҳадафи 7-уми Рушди Устувор барои Тоҷикистон.

www.mewr.tj

 

Назари Шумо

Security code
навсозӣ