ДОДГОҲИ ДУШАНБЕ "БИЛАЙН" - РО МУҶРИМ ДОНИСТ
ҶММ «Таком», ки дар Тоҷикистон зери брэнди «Билайн» хадамоти мобилии худро ба роҳ мондааст, муваззаф шудааст, то ба ширкати тоҷикии «Интерком», ироагари хадамоти интернетӣ, тақрибан як миллион сомонӣ пардохт намояд. Додгоҳи иқтисодии шаҳри Душанбе намояндагии ширкати русии «Вимпелком» дар Тоҷикистон, ширкати «Таком»-ро дар маҳдуд кардани алоқаи байнихатҳои «Интерком» муҷрим донистааст.
«Вимпелком» ва намояндагии тоҷикистонияш – «Таком» ба чунин тасмими додгоҳ розӣ нестанд. Вакили дифоъи «Интерком» Улуғбек Муҳаммадиев ба сомонаи КомНюс гуфтааст, ин ду ширкат тобистони соли 2008 миёни ҳам созишномае оид ба алоқаи тронзитӣ ва байнулмилалӣ бастаанд. Ҷаноби Муҳаммадиев гуфтааст, аммо баъдан дар моҳи декабри ҳамон сол «Таком» ин хатро якҷониба бар хилофи созишнома қатъ кардааст.
Ҷаноби Муҳаммадиев гуфтааст, «Интерком» ҳамон замон ба шӯъбаҳои дахлдори вазоратҳои рушди иқтисодӣ ва савдои Тоҷикистон ва алоқаву нақлиёти кишвар муроҷиат кардааст. Аммо чун вокуниши сареъ аз ҷониби ин ниҳодҳои давлатӣ дарёфт нашудааст, «Интерком» қазияро ба догоҳ бурдааст.
Ҳамакнун, Додгоҳи иқтисодии Тоҷикистон «Интерком»-ро дар ин қазия ҳақ шуморида, ва «Таком»-ро муваззаф кардааст, то хатти басташударо боз намояд ва ҳамчунин ба ширкати тоҷикӣ як миллион сомонӣ ҷуброн пардохт намояд.
Аммо раҳбари хадамоти тамос бо ҷомеаи «Вимпелком» дар кишварҳои ИДМ Артем Минаев гуфтааст, тасмими Додгоҳи иқтисодии Душанбе бо шикастани чанд банди қонунгузории Тоҷикистон гирифта шудааст. Ӯ гуфтааст, назари ҷониби «Таком» ва санадҳои пешкашшуда дар қарори ниҳоӣ инъикос наёфтаанд. Ҷониби русӣ мегӯяд, «Интерком» бидуни мувофиқа бо «Таком» хидматгузории Call Back-ро пешниҳод кардааст. Ҳамакнун, «Таком» тасмим доштааст, то ба Додгоҳи олии иқтисодии Тоҷикистон аз болои тасмими додгоҳи шаҳрӣ шикоят барад.
Ширкати «Интерком» аз соли 1999 бад ин сӯ дар фазои алоқаи Тоҷикистон ба муштариёнаш аввалин шуда, хадамоти АйПи-телефонияро пешниҳод кардааст. IP-телефония – зангҳо аз тариқи хатҳои интернетӣ мебошад. Ширкати «Билайн» дар чанд соли пеш ширкати муфлисшудаи мобилиро харид ва бо ҳамин роҳ ба бозори алоқаи мобилии Тоҷикистон ворид шуд. Феълан, ин ширкат дар Тоҷикистон бештар аз 700.000 муштарӣ доштааст.
«Озодӣ»
Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/ijtimo/1398-dodgohi-dusjanbe-bilaynro-mujrim-donist.html