00:49:54 06-уми Августи 2025 сол

Нишасти матбуотии Прокурори вилояти Хатлон

Фишурдаи ахбороти нишасти матбуотии Прокурори вилояти Хатлон, мушовири адлияи дараҷаи 1, Назарзода Авазҷон Назруллоҷон оиди ҳолати риояи қонуният, тартиботи ҳуқуқӣ, мубориза бар зидди ҷинояткорӣ ва ҳуқуқвайронкуниҳо дар вилояти Хатлон дар давоми нимсолаи 1-уми соли 2025» аз 5.08.2025.

1 prokuraturai viloyati khatlon 1265651254Муҳтарам намояндагони васоити ахбори омма!

Дар ин давра ба прокуратураи вилоят ва шаҳру ноҳияҳо ҳамагӣ 4652 муроҷиатҳо аз ҷумла, аз шахсони воқеӣ 4403 ва шахсони ҳуқуқӣ 249 муроcиатҳо ворид гардидааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта дар умум 3,3 фоиз ё худ 76 адад муроҷиат кам мебошад.

Аз ин 1326 муроҷиати аз ҷониби мақомоти прокуратура мавриди баррасӣ қарор гирифта, бо натиҷаи баррасӣ 422 адад ё худ 31,8 фоиз муроҷиатҳо қонеъ, 73 адад рад карда, бо 831 муроҷиатҳо талаботи қонун фаҳмонида дода шудааст. Дар ин давом 403 ҳолати ҳуқуқҳои поймолгаштаи шахсони воқеию ҳуқуқӣ муайян ва барқарор карда шудаанд.

Назорати умумӣ яке аз самтҳои муҳими назорати прокурорӣ буда, дар ин муддат, вобаста ба ҳолати риоя ва иҷрои талаботи қонунгузории ҷорӣ 1276 санҷишҳо гузаронида шуда, аз натиҷаи онҳо ҳамагӣ 25905 қонунвайронкуниҳо ошкор карда шудаанд, ки 2368 адад, ё 10 % зиёд мебошад.

Бо натиҷаи санҷишҳо ҷиҳати пешгирӣ ва бартараф намудани қонунвайронкуниҳо 4733 амр, 3636 эътироз ва 2074 пешниҳод оварда шуда, 3806 нафар ба ҷавобгарии интизомӣ, 3257 нафар ба ҷавобгарии моддӣ ва 7464 нафар ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида шудаанд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта зиёд мебошад. Кор дар самти барқарор намудани зарар беҳтар шуда, маблағи 290,3 (221 млн.) млн. сомонӣ барқарор шудааст, ки назар ба соли гузашта 69,2 млн. сомонӣ зиёд мебошад.

Вобаста ба қонунгузории буҷет 39 санҷиш гузаронида шуда, аз натиҷаи он 422 қонунвайронкуниҳо ошкор карда, дар натиҷа 72 амр, 29 эътироз ва 39 пешниҳод оварда шуда, нисбати 56 нафар истеҳсолоти интизомӣ, 159 моддӣ ва 27 маъмурӣ оғоз гардида, дар асоси санадҳои эътиноии прокурорӣ маблағи 1,5 млн. сомонӣ зарар барқарор карда шуда, 37 парвандаи ҷиноятӣ вобаста ба азонихудкунии молу мулки ғайр оғоз ва тафтиш карда шудаанд.

Прокуратураи вилоят оиди таъмини қоидаҳои истифодабарии қувваи барқ 67 санҷиш гузаронида шуда, аз натиҷаи он 2836 қонунвайронкуни ошкор карда, дар натиҷа 578 амр, 39 эътироз ва 80 пешниҳод оварда шуда, нисбати 247 нафар истеҳсолоти интизомӣ, 1349 моддӣ, 471 маъмурӣ оғоз гардида, дар асоси санадҳои эътиноии прокурорӣ маблағи 77,5 млн. сомонӣ зарар барқарор карда шуда, 73 (11) парвандаҳои ҷиноятӣ оғоз карда шудааст.

Дар самти иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” ҷиҳати амалисозии меъёрҳои қонуни мазкур чораҳои зарурӣ андешида шудааст. Бо натиҷаи санҷишҳои гузаронидашуда дар ин самт 438 қонунвайронкунӣ ошкор карда шуда, дар натиҷа 45 амр, 11 эътироз ва 128 пешниҳод оварда шуда, нисбати 118 нафар истеҳсолоти интизомӣ ва 130 маъмурӣ ва 2 парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардидааст.  

Дар самти қонунгузории ҳифзи муҳити зист ва ҷангал бошад 51 санҷиш гузаронида, 70 нафар ба ҷавобгарии интизомӣ, 44 нафар ба ҷавобгарии моддӣ кашида шуда, нисбати 417 нафар парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ва 52 парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шудааст.

Оид ба иҷрои Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ» аз ҷониби прокуророн барои бекор кардан ва ба қонун мутобиқ гардонидани 353 қарору амрҳои ғайриқонунии раисони шаҳру ноҳияҳои вилоят эътироз ва пешниҳод оварда шудааст, ки ин нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 67 адад зиёд мебошад Аз шумораи умумии 353 -қарору амрҳои эътирозшуда, 293 адади он, ё ин ки 83 % вобаста ба замин мебошанд. Аз шумораи умумии 293 -қарору амрҳои ғайриқонунӣ қабулкардаи раисони шаҳру ноҳияҳо, ки доир ба ҷудо кардан ва вобаста намудани замин буда, барои бекор карданашон эътироз ва пешниҳод оварда шудаанд,131 қарор ё ин, ки 37 % қарору амрҳои ғайриқонунӣ қабулкардаи раисони амалкунандаи шаҳру ноҳияҳо мебошанд.

Дар самти қонунгузории меҳнат ин давра 75 санҷиш гузаронида шуда, 1745 қонунвайронкуниҳо ошкор карда шуда, оиди фавран бартараф намудани қонунвайронкуниҳои ошкоршуда 47.7млн.(44.7 млн.) сомонӣ қарздории музди меҳнат ба манфиати кормандон барқарор карда шудааст.

Ҳамчунин, прокуратураи вилоят дар ин давра ба масъалаи риояи талаботҳои қонун дар мавриди баррасии парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ аз тарафи мақомотҳои назоратӣ, алалхусус аз тарафи Марказҳои назорати давлатии санитарию-эпидемилогӣ диққати махсус дода, як қатор қонуншиканиҳои ҷиддӣ ва ҳатто ҷиноят ошкор карда шуд.

Масалан, дар натиҷаи гузаронидани танҳо як санҷиш дар фаъолияти чунин Марказ дар ноҳияи Хуросон ҳолати мавриди умуман баррасӣ қарор надодан ва ё несту нобуд кардани зиёда аз 900 адад парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурии аз ҷониби кормандони милитсияи ноҳия тартиб дода шуда, ошкор карда шуд, ки дар натиҷаи нарӯёниди ҷаримаҳо аз қонунвайрокунандагон ба бӯҷети давлат зиёда аз 300 ҳазор сомонӣ зарар расонида шудааст.

Нисбати Роҳбари ин Марказ дар ноҳияи Хуросон барои содир кардани ҷинояти хунукназарӣ парвандаи ҷинояти аз тарафи прокуратураи вилояти Хатлон оғоз ва он баъдан ба суд фиристонида шуд.

Айнан ба ҳамин монанд, барои умуман баррасӣ накардан ё несту нобуд кардани парвандахои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ, ки он зиёда аз 3400 ададро ташкил медиҳад то ба инҷониб нисбати масъулини Марказҳои назорати давлатии санитарию эпидемилогӣ дар шаҳри Кӯлоб ва ноҳияи Темурмалик парвандаҳои ҷиноятӣ барои хунукназарӣ оғоз карда шуда, санҷишҳо дар Марказҳои дигар шаҳру ноҳияҳо идома доранд.

Гузашта аз ин, дар ин давра барои қасдан несту нобуд кардани теъдоди зиёди парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ марбут ба риояи қонунгузории танзими ҷашну маросим аз тарафи прокуратураи вилоят нисбати мудирони Бахши дини ноҳияҳои Ҷайҳун ва Н.Хисрав парвандаҳои ҷиноятӣ оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.

Дар самти назорати иҷрои қонунгузории замин 107 санҷишҳо гузаронида, аз натиҷаи онҳо 4377 қонунвайронкуниҳо ошкор гардида, баҳри бартарафсозии қонунвайронкуниҳои ҷойдошта унвонии роҳбарони мақомоти дахлдор ва ташкилоту муассисаҳо 1877 санадҳои прокурорӣ прокурорӣ бароварда, 2172 нафар ба ҷавобгариҳои моддӣ, интизомӣ ва маъмурӣ кашида шуда, барои ғайриқонунӣ додани замин, худсарона ишғол намудани қитъаи замин ва дигар ҷиноятҳо, аз ҷумла ҷиноятҳои мансабии ба замин алоқаманд 312 парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шудаанд. Бо санадҳои эътиноии прокурорӣ маблағи зарар 1,2 млн. сомонӣ барқарор карда шудааст, ки нисбати соли гузашта 164,5,4 ҳазор сомонӣ зиёд мебошад.

Назорати риояи қонунгузорӣ дар бораи андоз яке аз самтҳои дигари фаъолияти прокуратура буда, дар ин самт 59.7 млн. сомонӣ қарзҳои андоз дар асоси санадҳои прокурорӣ ба буҷети давлат ворид карда шудааст, ки назар ба ҳамин давраи соли гузашта 4.1 миллион сомонӣ зиёд буда,59,7 миллион сомони қарзҳои андоз тибқи санадҳои прокурорӣ баргардонида шудаанд.

Ба назорати иҷрои қонунгузорӣ оид ба ноболиғон ва ҷавонон чун ҳарвақта диққати хоса дода шуда, дар ин давра 117 санҷишҳо гузаронида, 3820 қонунвайронкуниҳо ошкор гардида, бо натиҷаи онҳо 568 амр, 511 эътироз ва 337 пешниҳод бароварда шуда, 1001 нафар ба ҷавобгарии интизомӣ, 459 нафар ба ҷавобгарии моддӣ ва 793 нафар ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида шуда, 135 парвандаи ҷиноятӣ оғоз ва зарар ба маблағи 14,9 млн. сомонӣ барқарор карда шудааст.

Бо назардошти нақш ва аҳамияти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак» дар тарбияи насли наврас ҳолати иҷрои он таҳти назорати ҳамарӯза қарор дошта, аз тарафи прокуратураи вилоят ва шаҳру ноҳияҳои он 51санҷиш гузаронида шуда, 378 нафар ба ҷавобгарии интизомӣ, 76 нафар ба ҷавобгарии моддӣ ва 413 нафар ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида шуда, 77 парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шудааст. Дар ин давра аз ҷониби ноболиғон ва бо иштироки онҳо дар ҳудуди вилоят 120(118) ҷиноят аз ҷониби 104 (99) содир шудааст, ки назар ба ҳамин давраи соли 2024 - 2 ҷиноят зиёдтар ба қайд гирифта шудааст.

Дар самти мубориза бо коррупсия аз ҷониби мақомоти прокуратураи вилоят 291 (255) ҷиноятҳои коррупсионӣ ва иқтисодии хусусияти коррупсионидошта ошкор ва бо 268 (222)-тои онҳо парвандаҳои ҷиноятӣ оғоз карда, маблағи зарари ошкоршуда 11,7 (7,7 млн.) млн. сомонӣ ташкил намудааст, ки аз он 6,6 млн. (5 млн.) сомонӣ дар рафти пешбурди парвандаи ҷиноятӣ барқарор карда шудааст, ки аз ин 2,1 миллион сомонӣ ба фоидаи давлат мебошад. Ҳамчунин дар 61 (44) нафар ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида шудааст. Дар ин самт аз ҷониби прокуратураи вилоят 8 (3) ҷиноятӣ гирифтани пора ошкору ба қайд гирифта шудааст.

Сатҳи содиршавии ҷиноят ба ҳолати 01 июни соли 2025 зиёд гашта, 3470 (3324) ҷиноят ба қайд гирифта шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 146 ҷиноят ё 4,39% зиёд буда, 1447 адад (1185) ё 262 зиёдтар нисбати соли гузашта ҷиноятҳо аз ҷониби мақомоти прокуратураи вилояти Хатлон ошкор карда шудааст. Кушодашавии ҷиноятҳо беҳтар гашта, 87,4 (83,89) фоизро ташкил додааст.

Яке аз масъалаҳои мубрами рӯз ҳодисаҳои худкушӣ буда, дар давраи таҳлилӣ 66 (71) ҳодисаҳо худкушӣ ва сӯиқасд ба он ба қайд гирифта шудааст, ки аз ин шумора 31 (32) нафар мардон ва 35 (39) нафар занҳо буда, аз шумораи умумӣ 47 (56) нафар шаҳрвандон ба ҳалокат расидаанд. Вобаста ба ин қабил ҳодисаҳо 3 (4) парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 109 КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз ва мавриди тафтиши пешакӣ қарор дода шудаанд.

Баҳри тарғибу ташвиқи қонунгузорӣ дар ин самт доир ба вазъи ҷинояткорӣ ва фаъолияти прокуратура дар таъмини волоияти қонун, таҳкими қонуният, тартиботи ҳуқуқӣ, ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандон, мубориза бар зидди ҷинояткорӣ, дигар қонунвайронкуниҳо ҳамагӣ 116 (106) ахборот, азҷумла ба иҷлосияҳои Маҷлиси вакилони халқ 42 (40), дар байни аҳолӣ 34 (32) ва коллективҳои меҳнатӣ 40 (34) маротиба ахборот дода шудааст. Ғайр аз ин, дар байни аҳолӣ баҳри ташвиқу тарғиби қонунгузории ҷорӣ 2714 (2578) маротиба бо баромаду суҳбатҳо ва тавассути васоити ахбори умум 664 (638), аз ҷумла дар матбуот 246 (232), ба воситаи радио 202 (194) ва тавассути телевизион 216 (212) маротиба оид ба натиҷаҳои санҷишҳои прокурорӣ ва тафтиши парвандаҳои ҷиноятии аҳамияти зиёди ҷамъиятӣ дошта, баромад кардаанд.  

Умедворам, ки дар ин замина ҳамкории прокуратураи вилоят ва прокуратураҳои шаҳру ноҳияҳо бо расонаҳои хабарӣ дар нимсолаи дуюми соли 2025 боз ҳам мустаҳкамтар хоҳад гашт.

Ташаккур ба диққататон!

Назари Шумо

Security code
навсозӣ