Шарҳу тавзеҳи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва оқибатҳои риоя накардани талаботҳои он
Санаи 13 августи соли 2025 дар Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон хониши идоравӣ доир ба шарҳу тавзеҳи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” баргузор гардид. Дар он кормандони дастгоҳи марказии вазорат, Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ ва Муассисаи давлатии “Маркази рушди ҳунармандӣ ва малакаҳои касбии муосир” иштирок намуданд.
Чорабинии мазкурро муовини якуми вазир Каримзода Н. оғоз намуда, баъдан сухан ба намоянда аз Кумитаи дин, танзими ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Аминов Бурҳониддин Сиддиқович дода шуд. Аминов Б. С. зимни суханронии худ ба ҳозирин оид ба дастовардҳои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва оқибатҳои риоя накардани қонуни мазкур маълумот дода, мафҳумҳои асосии қонунро дар таҳрири нав шарҳу тавзеҳ доданд.
Қонуни мазкур бо дастури бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2024 дар таҳрири нав қабул гардид, ки аз 6 боб ва 22 модда иборат мебошад. Ҳадаф аз қабули қонуни мазкур мусоидат ҷиҳати ба зиндагии шоиста расидани шаҳрвандони кишвар мебошад. Зимни пешниҳоди маърӯза моҳияти баргузор намудани маъракаву маросимҳо фаҳмонида шуда, доир ба анҷом додани корҳои хайру савоб, ба монанди дастгирии ниёзмандон, сохта ба истифода додани иншооти аз ҷиҳати иҷтимоӣ муҳим – муассисаҳои томактабӣ, бунгоҳҳои тиббӣ, таъмири пулу роҳҳо ва ғайра тавсияҳо дода шуданд.
Тартиби баргузории ҷашнҳои расмӣ, зодрӯз, хатнасур ва маросими дигари вобаста ба таваллуди кӯдак, тӯйи домодию арӯсӣ, маросими ҳаҷ ва умра, маросими дафну азодорӣ, вақт ва давомнокии баргузории ҷашну маросим ва инчунин тартиби тариқи электронӣ ба қайд гирифтани маъракаву маросимҳо тавассути сомонаи Кумитаи дин, танзими ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон www.tanzim.tj ба ҳозирин фаҳмонида шуд. Дар чорабинӣ муҳтавои ҳар як боб, модда ва ҷазоҳои пешбинишуда барои вайрон намудани муқаррароти қонуни мазкур ба иштирокчиён шарҳ дода шуд. Дар фарҷоми чорабинӣ Аминов Б. ба саволҳои иштирокчиёни ҳамоиш посух дод.
www.mehnat.tj