15:10:17 01-уми Майи 2026 сол

Таъсири рушди саноат ба пешгирии коррупсия

Коррупсия имрӯз яке аз зуҳуротҳои хатарноки иҷтимоӣ ва иқтисодӣ ба шумор рафта, ба принсипҳои давлатдории ҳуқуқбунёд, адолати иҷтимоӣ ва рушди устувори иқтисоди миллӣ таҳдид менамояд. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон муқовимат ба коррупсия самти муҳими сиёсати давлатӣ буда, дар баробари ислоҳоти ҳуқуқӣ, рушди босуръати саноат ва ҷорӣ намудани технологияҳои муосир ҳамчун омили коҳиши заминаҳои иҷтимоию иқтисодии ин падида арзёбӣ мегардад.​

4 nest bod korrupsia 8874565554Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар паёмҳои ҳамасолаи худ ба Маҷлиси Олӣ саноатикунонии босуръати кишварро ҳамчун яке аз ҳадафҳои стратегии миллӣ эълон намуда, барои рушди комплекси саноатӣ, ҷалби сармоя ва татбиқи технологияҳои нав вазифаҳои дақиқ муайян кардаанд. Дар паёми солҳои 2019–2025 таъкид гардид, ки дар давраи татбиқи ҳадафи саноатикунонӣ бештар аз 2600 корхонаи саноатӣ таъсис ёфта, зиёда аз 87 ҳазор ҷойи кори нав фароҳам омадааст, ки ин нишондодҳо ба коҳиши бекорӣ, баланд шудани даромади қонунии аҳолӣ ва маҳдуд гардидани заминаҳои иқтисодии коррупсия мусоидат мекунанд.​

Дар баробари ин, бо фармони Президент Ҷумҳурии Тоҷикистон «Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» қабул шуд, ки ҳамчун ҳуҷҷати барномавӣ самтҳои асосии пешгирӣ, ошкор ва бартараф намудани омилҳои коррупсиониро дар тамоми соҳаҳо, аз ҷумла саноат, муайян менамояд. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мубориза бар зидди коррупсия» принсипҳои шаффофият, ногузирии ҷавобгарӣ, иштироки ҷомеаи шаҳрвандӣ ва ҳамоҳангсозии мақомоти зиддикоррупсиониро муқаррар намуда, заминаи ҳуқуқӣ барои фаъолияти мақомот ва вазоратҳо дар ин самтро таъмин кардааст.​

Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон мақоми марказии ҳокимияти иҷроия дар соҳаи саноат ва технологияҳои нав мебошад, ки фаъолияти он ба татбиқи сиёсати ягонаи давлатӣ дар рушди соҳаҳои саноат, коркарди ашёи хоми ватанӣ ва ҷорӣ намудани навоварӣ равона шудааст. Тибқи фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 19 ноябри соли 2013, № 12 «Дар бораи такмили сохтори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» вазифаҳои марбут ба саноат аз доираи ваколатҳои вазоратҳои қаблӣ бароварда шуда, ба ин Вазорат вогузор гардиданд, ки ин ба мутамарказ кардани идоракунии соҳа ва баланд бардоштани самаранокии он мусоидат намуд.​

Дар Низомномаи Вазорати саноат ва технологияҳои нав вазифаҳои муҳим, аз ҷумла иштирок дар ташаккул ва татбиқи стратегияи рушди комплекси саноатӣ, банақшагирӣ ва амалӣ намудани барномаҳои соҳавӣ, фароҳам овардани шароити мусоид барои сармоягузорӣ ва дастгирии соҳибкорӣ, пешбинӣ шудаанд. Ин равандҳо дар маҷмӯъ ба такмили сохтори идоракунии саноат ва шаффоф гардидани раванди қабули қарорҳо мусоидат карда, имконияти амалҳои пинҳонии коррупсионӣ дар сатҳи идоракунии соҳа маҳдуд мегардонад.​

Омилҳои асосии иҷтимоӣ ва иқтисодии паҳншавии коррупсия дар ҷомеа – паст будани сатҳи маърифати ҳуқуқӣ, бекорӣ, музди ками меҳнат, нобаробарии иқтисодию иҷтимоӣ ва ношаффофии расмиёти маъмурӣ – барои тамоми соҳаҳо, аз ҷумла саноат, хатар эҷод мекунанд. Маҳз дар ҳамин замина, Пешвои миллат саноатикунонии босуръати кишварро на танҳо вазифаи иқтисодӣ, балки воситаи коҳиш додани заъфҳои иҷтимоӣ ва иқтисодие арзёбӣ мекунанд, ки аксаран ба паст кардани коррупсия замина фароҳам меоранд.​

Рушди саноат бо таъсиси корхонаҳои нав, ҷойҳои корӣ ва афзоиши даромади аҳолӣ боис мегардад, ки эҳтиёҷ ба даромадҳои ғайриқонунӣ коҳиш ёбад ва дар баробари ин, сатҳи пардохтпазирии буҷет барои маблағгузории соҳаҳои иҷтимоӣ баланд гардад. Илова бар ин, ҷорӣ шудани системаи рақамӣ ва технологияҳои муосир дар идоракунии корхонаҳо ва тартиби гузаронидани харидҳои давлатӣ, тендерҳо ва иҷозатномадиҳӣ имкониятҳои амалҳои ғайриқонунӣ ва «муомилаҳои пинҳонӣ»-ро маҳдуд месозад.​

Тибқи паёмҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва маълумоти расмӣ, дар доираи татбиқи ҳадафи стратегии саноатикунонии босуръат дар солҳои охир динамикаи мусбати рушди соҳа ба мушоҳида мерасад. Аз ҷумла, дар давраи солҳои 2019–2025 беш аз 3000 корхонаи саноатӣ бунёд шуда, зиёда аз 87 ҳазор ҷойи кори нав таъсис ёфтааст, ки ин ба баланд гардидани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ва афзоиши имкониятҳои шуғл мусоидат намуд.​

Бар асоси талаботи паём, суръати рушди саноати кишвар бояд ҳамасола на кам аз 20 фоиз таъмин карда шавад, ки иҷрои чунин нишондиҳанда боиси таҳкими иқтидори истеҳсолӣ, афзоиши қисми даромади буҷет ва фароҳам овардани шароити беҳтари музди меҳнат ва ҳавасмандии қонунии кормандон мегардад. Аз нигоҳи зиддикоррупсионӣ, чунин тамоюлҳо имконият медиҳанд, ки:​

-сатҳи бекорӣ ва камбизоатӣ коҳиш ёфта, эҳтиёҷ ба даромадҳои «осон, вале ғайриқонунӣ» паст шавад;

-ниёз ба «ришва барои ҷойи кор» ё «имтиёзҳои ғайриқонунӣ» дар шароити афзоиши ҷойҳои кори расмӣ кам гардад;

-фарҳанги истеҳсолӣ, интизом ва ҳисоботдиҳӣ дар корхонаҳои саноатӣ таҳким ёбад.​

Гузашта аз ин, сиёсатҳои соҳа оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ дар саноат, ки тавассути нақшаҳои чорабиниҳои байниидоравӣ ва мониторинг аз ҷониби сохторҳои дахлдор татбиқ мегарданд, бо талаботи шаффофият, рақобати солим ва риояи стандартҳои байналмилалӣ мутобиқат мекунанд. Ин равандҳо, дар якҷоягӣ бо татбиқи Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия, муҳити умумии зиддикоррупсиониро дар соҳаи саноат тақвият мебахшанд.​

Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия то соли 2030 вазорату идораҳоро вазифадор мекунад, ки дар доираи салоҳияти худ нақшаҳои соҳавии зиддикоррупсиониро таҳия ва амалӣ намоянд, расмиёти дохилиидоравӣ ва хизматрасонӣ ба соҳибкоронро соддаву шаффоф гардонанд ва механизмҳои назоратро тақвият бахшанд. Барои Вазорати саноат ва технологияҳои нав ин маънои таҳияи низоми возеҳи интихоби лоиҳаҳо, гузаронидани тендерҳо, тақсими иҷозатномаву литсензияҳо, инчунин ҷорӣ намудани усулҳои рақамии назорат ва ҳисоботро дорад, ки қобилияти сӯистифодаи мансаб ва ваколатҳои хизматиро куллан коҳиш медиҳад.​

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мубориза бар зидди коррупсия» ва санадҳои вобаста ба он шаклҳои иштироки ҷомеаи шаҳрвандӣ ва ВАО-ро дар назорат ва арзёбии фаъолияти мақомоти давлатӣ, аз ҷумла вазоратҳои соҳавӣ, муайян менамоянд. Дар ин замина, ҳамкории Вазорати саноат ва технологияҳои нав бо бахши хусусӣ, созмонҳои ҷамъиятӣ ва шарикони байналмилалӣ имконият медиҳад, ки таҷрибаи беҳтари идоракунии корпоративӣ ва стандартҳои иқтисодии шаффоф ба фаъолияти соҳа ворид гардад.​

Бо дарназардошти таҳлили боло, метавон чунин натиҷагирӣ кард, ки сиёсати Пешвои миллат дар самти саноатикунонии босуръати кишвар ва татбиқи Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия заминаи муҳими институтсионалӣ ва иқтисодӣ барои коҳиши омилҳои иҷтимоӣ ва иқтисодии коррупсия фароҳам овардааст. Рушди истеҳсолоти саноатӣ, таъсиси ҳазорҳо ҷойи кори нав, ҷалби сармоягузорӣ ва рақамисозии равандҳои идорӣ ва молиявӣ дар соҳаи саноат, ки дар панҷ соли охир татбиқ мегарданд, имконият медиҳанд, ки муҳити ҳуқуқӣ ва иқтисодие ташаккул ёбад, ки дар он амалҳои коррупсионӣ бештар ошкор, маҳдуд ва ҷазо дода шаванд.​

Нақши Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин раванд аз татбиқи сиёсати ягонаи давлатӣ дар рушди саноат, фароҳам овардани фазои мусоиди сармоягузорӣ, баланд бардоштани рақобатпазирӣ ва шаффофияти идоракунӣ иборат буда, дар заминаи роҳнамоии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои таҳкими амнияти иқтисодӣ ва коҳиши коррупсия дар кишвар аҳамияти калидӣ дорад.​

Мудири бахши ҳуқуқи вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷимкистон Бурҳонзода Дилшод

egov.tj

 

Назари Шумо

Security code
навсозӣ