11:10:17 24-уми Июни 2025 сол

ТАЛАФОТИ ҶОНӢ БАР АСАРИ ИНФИҶОРИ МИН

Ду сокинони рустои Зархоки ноҳияи Исфара, дар шимоли Тоҷикистон бар асари инфиҷори мин дар марзи Тоҷикистон бо Ӯзбакистон ҷон бохтаанд. Бино ба иттилоъи бахши Кумитаи вазъияти фавқулъоддаи Тоҷикистон дар ноҳияи Исфара Ойбек Иброҳимови 37-сола бо хонумаш Зарифа Каримова ба ҳангоми ҷамъоварии ҳезум дар ҳумаи рустои Зархок бо мин бархӯрд карда ва кушта шудаанд.

 

Дар пайи ин фоҷиа фарзандони ин хонавода, Зарринаи 10-сола ва Ҷаҳонбеки 6-сола ятим мондаанд. Мирзобек Иброҳимов, бародари Ойбек Иброҳимов ба Би-би-сӣ гуфт, ки билофосила пас аз вуқӯъи фоҷиа ӯ бо чанд аз сокинони русто ба маҳалли ҳодиса рафта, аммо ба далели мингузорӣ шудани минтақа натавонистаанд аҷсоди наздикони худро ба манзилашон мунтақил кунанд. Ба гуфтаи оқои Иброҳимов, танҳо дар рӯзи дигар, пас аз поксозии минтақа аз мин аз сӯйи минрӯбони неруҳои марзбонии Тоҷикистон онҳо ҷасадҳои ин ду нафарро ба рустои Зархок бурдаанд. Тибқи иттилоъи расмӣ, аз замони мингузорӣ шудани манотиқи марзи миёни Тоҷикистон бо Ӯзбакистон дар соли 2000 то ба ҳол дар ҷамоъати Хонободи ноҳияи Исфара, ки рустои Зархок ба ин ҷамоъат шомил аст, 11 ҳодисаи инфиҷори мин рух дода ва бар асари он 9 нафар кушта ва 2 нафар захмӣ гаштаанд.

 

Гуфта мешавад, бо вуҷуди насб шудани лавҳаҳои огоҳӣ аз хатароти мин сокинони рустоҳои ноҳияи Исфара барои ҷамъоварии ҳезум ва чарои чорво ё ҳайвоноти аҳлӣ ба манотиқи кӯҳистонӣ, ки аз ҷониби неруҳои марзбонии Ӯзбакистон мингузорӣ шудаааст, мераванд. Зимнан, дар соли ҷорӣ дар вилояти Суғди Тоҷикистон ин сеюмин ҳодисаи инфиҷори мин дар манотиқи марзӣ маҳсуб мешавад.

 

Қаблан, дар рустои Лаккони ноҳияи Исфара ва Фороби ноҳияи Панҷакент ҳаводиси мушобеҳе рух дода ва мунҷар ба кушта шудани ду нафар шуда буд. Манотиқи марзи Тоҷикистон ва Ӯзбакистон дар соли 2000 ба манзури ҷилавгирӣ аз вуруди гурӯҳҳои террурист ба Ӯзбакистон тавассути неруҳои марзбонии ин кишвар мингузорӣ шуда буд. Бино ба иттилоъи Маркази минрӯбии Тоҷикистон то ҳол дар ин манотиқ бар асари инфиҷори мин ҳудуди 80 тан аз атбоъи тоҷик кушта шуда ва 86 нафари дигар захм бардоштаанд.

 

Соли гузашта, ҷониби Ӯзбакистон зимни як ёддошт аз оғози раванди минрӯбӣ дар минтақаи Чорсӯйи ин кишвар, воқеъ дар марзи Тоҷикистон бо Ӯзбакистон хабар дода буд. Аммо масъулони Маркази минрӯбии Тоҷикистон ба истинод ба манобеъи неруҳои марзбонии ин кишвар гуфтанд, ки то ҳол дар манотиқи марзии Тоҷикистон бо Ӯзбакистон амалиёти поксозии майдонҳо аз мин ба мушоҳида нарасидааст.

 

Би-Би-Си

Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/ijtimo/1423-talafoti-joni-bar-asari-infijori-min.html

Назари Шумо

Security code
навсозӣ