САРДАРГУМӢ ДАР МИЁНИ ДУ СОЛИ НАВ
Дар остонаи Соли нави масеҳӣ мақомоти Тоҷикистон дар майдони марказии шаҳри Душанбе арчаи солинавӣ барпо карданд. Дар бозорҳо низ арчаҳои кӯчаки солинавӣ ба фурӯш гузошта шудаанд. Иқдомоти мухталифи дигаре низ ба ин муносибат дар идораҳои давлатӣ ва муассисоти ғайридавлтӣ сурат гирифтааст. Аксари мардум ҳам барои таҷлил аз соли нав дар хонаҳои худ омодагӣ гирифтанд. Мардуми тоҷик дар соли нав маъмулан барои наздикони худ туҳфаҳои гуногун харидорӣ мекунанд.
Хонаводаҳо шаби 31 декабрро бо суфраи пур аз нозу неъмат ҳамчун анҷоми сол ва истиқбол аз соли нав ба рӯз мебаранд. Ин дар ҳолест, ки тоҷикон тайи садсолаҳо Наврӯзро фарорасии соли нав медонистанд. Агарчи таҷлил аз Наврӯз имрӯзҳо аз сӯйи ҳукумат бештар ҷилваҳои сиёсӣ ба худ гирифта, вале дар дохили хонаводаҳо тобиши хиратаре дорад. Ба гуфтаи коршиносон, ба далели он ки Наврӯз дар тақвими феълии роиҷ дар Тоҷикистон оғози соли нав ба шумор намеравад, ин ҷашн ҳамакнун бештар тобиши як ҷашни баҳориро гирифтааст. Пас ин суол матраҳ аст, ки барои мардуми тоҷик кадоме аз ин ду ҷашн оғози ҳақиқии соли нав аст?
Ҷашни баҳорӢ
Ба эътиқоди бархе аз мардуми Тоҷикистон, соли нави воқеъӣ Иди Наврӯз аст, ки гузаштагонашон онро аз қадимулайём ҷашн мегирифтанд. Бархеҳо дар Урупо ва Осиё низ бо таваҷҷуҳ ба оғози баҳор ва ҷон гирифтани дубораи табиъат ин боварро пазируфтаанд, ки соли нави воқеъӣ 21 ё 22 март аст. Бо ин ҳол, якуми январ, ки бар асоси солшумории фарангӣ оғози соли нав маҳсуб мешавад, дар бахши аъзаме аз кишварҳои ҷаҳон санаи пазируфташудае барои оғози сол аст.
Модоме ки Наврӯз соли нави воқеъитар ва табиъитаре бошад, пас ба чи далел мардуми тоҷик ҳоло якуми январро оғози соли нав мешуморанд ва барои фарзандонашону наздикон ва дӯстонашон дар ин рӯз туҳфа мехаранд ва аз ин рӯз бо шукӯҳи хосса таҷлил мекунанд? Бархеҳо бар ин назаранд, ки ҳадаф аз барпо кардани арчаҳои солинавӣ барои кӯдакон василае барои ба мерос гузоштани ин ҷашн аст, дар ҳоле ки Наврӯзро ҳам метавон ба насли оянда ҳамчун фарорасии соли нав ёд дод ва ба мерос гузошт.
Абдулғанӣ Муҳаммадазимов, раиси анҷумани сиёсатмадорони Тоҷикистон, муътақид аст, ки рӯзе мардуми Тоҷикистон дубора Наврӯзро оғози соли нав ба шумор хоҳанд овард. Вай дар ин бора мегӯяд: “Воқеъан ҳам мардуми тоҷик Наврӯзро бештар гиромӣ медоранд, ба ин далел ки ин ҷашн баёнгари рӯзи нав ва ё соли нав аст. Ман фикр мекунам, ки дар оянда Наврӯз ба унвони ҷашни воқеъӣ ҷойи худро дар афкори мардум пайдо мекунад ва ҷашни авал ба ҳисоб хоҳад омад. Вале ин кор якбора сурат намегирад, ба ин далел ки ҷашнҳои боқимонда аз замони Шӯравӣ, ки тули 70 сол дар афкору шуъури мардум нуфуз кардаанд, як бора аз байн нахоҳанд рафт.”
"Расми ШӮравӢ"
Ҳарчанд талошҳо барои камранг кардани ҷашни Соли нави масеҳӣ дар гузашта сару садоҳоеро ба дунбол доштааст, аммо оқои Муҳаммадазимов гумон намекунад, ки боло рафтани ҷойгоҳи Наврӯз ва камранг шудани соли нави масеҳӣ дар оянда паёмадҳои сиёсие ба дунбол дошта бошад ва ё масалан дар маҳофили сиёсӣ навъе иқдоми ғарбситезона ё зиддиурупоӣ талаққӣ шавад.
Муҳиддин Кабирӣ, раҳбари Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон - ҳизбе ки бештар аз суннатҳои миллию исломӣ ҳимоят мекунад, низ зоҳиран тарафдори боло бурдани ҷойгоҳи Наврӯз аст. Оқои Кабирӣ муътақид аст, ки давлат набояд ба таҷлил аз соли нави масеҳӣ, ки "хосси миллату фарҳанги мо нест" иқдом кунад, вале ба гуфтаи вай, ҳич кас, ҳатто давлат, набояд аз таҷлил аз соли нави милодӣ аз сӯйи афрод ва ё хонаводаҳое, ки ин корро мекунанд, монеъ шавад.
Раҳбари ҳизби наҳзати исломӣ мегӯяд: "Аксари кишварҳо ва миллатҳои мухталиф дар курраи Замин Наврӯзро ҳамчун соли нав ҷашн намегиранд, пас чаро мо аз соли нави милодӣ бояд таҷлил кунем? Дар инҷо ҳеч ғарази сиёсие вуҷуд надорад, вале ҳар кас бояд фарҳанги худро гиромӣ дорад."
Монанди оқои Кабирӣ, афроди зиёде, чи дар миёни фарҳангиён ва чи дар миёни мардуми одӣ, имрӯзҳо орзӯ доранд, ки тақвими роиҷ дар Тоҷикистон иваз ва Наврӯз ба таври расмӣ оғози соли нав шинохта шавад. Ҳатто бархе аз шахсиятҳои мазҳабӣ таҷлил аз Соли нави масеҳиро ҷоиз намедонанд ва гоҳу ногоҳ дар мавъизаҳои худ хостори он шудаанд, ки "ин расми баҷомонда аз Шӯравӣ" ҳарчи сареътар аз миён биравад.
Ин гурӯҳ таҷлил аз соли нави масеҳӣ ва ҳадя додану табрики ҳамдигар дар ин рӯзро аз нигоҳи мазҳабӣ нораво мешуморанд. Аммо дар муқобил, Шодӣ Шабдолов, раҳбари ҳизби кумунист - ҳизбе, ки арзишҳо ва ормонҳои даврони Шӯравиро пос медорад, бар зарурати ҳифзи ин ҷашн таъкид мекунад.
Вай мегӯяд: "Чун мо мардуми ориёӣ ҳастем ва бархе аз мардуми масеҳӣ ҳам ориёинажод ҳастанд ва то андозае фарҳанги муштарак дорем, мо бояд аз соли нави масеҳӣ таҷлил кунем. Ин ба хотири нигоҳ доштани мувозинат бо тамаддуни башарӣ ва ба ин далел, ки Тоҷикистон низ як кишвари дунявист. Тоҷикистон набояд дар чорчӯби таъомули миллӣ ва русуми фарҳангии худ маҳдуд шавад. Гузашта аз ин, мо 70 сол дар як кишвари кумунистӣ ба сар бурдем."
Соли нави бостонӢ
Расми таҷлил аз соли нав аз замонҳои қадим дар миёни мардумони мухталифе роиҷ буда ва ҳар кадоме аз онҳо замонҳои гуногунеро ба унвони оғози соли нав барои худ таъйин кардаанд. Тоҷикон ҳам, ки Наврӯзро тайи садсолаҳо оғози соли нав медонистанд, барои ин ҷашн ривоятҳо ва достонҳое аз ниёкони худ ба мерос овардаанд. Бино бар "Шоҳнома"-и ҳаким Абулқосими Фидавсии Тӯсӣ, оғози Наврӯз ё соли нави эрониён ба замони бостон ва ба аҳди фармонравоии Ҷамшедшоҳ, подшоҳе афсонаӣ, бармегардад, ки таърихи ӯ дақиқ нест.
Тибқи яке аз ривоятҳо, мунаҷҷимони Ҷамшед ба ӯ гуфтаанд, ки имшаб (Наврӯз, ки баробари 21 ило 22 март аст) шабу рӯз баробар мешавад. Ҷамшед дар посухи мунаҷҷимон гуфтааст модоме ки шабу рӯз баробар шавад, фардо рӯзи наве фаро мерасад ва соли нав оғоз мешавад. Ба ҳамин далел, Ҷамшедшоҳ фармон додааст, ки рӯзи нав ҳамчун оғози соли нав ҷашн гирифта шавад.
Аммо аз муҳиммтарин мадорики таърихӣ дар бораи ҷашни Наврӯз осори бозмонда дар “Персепулис”, шаҳре бостонӣ дар ҷанубу ғарби Эрон аст, ки аз сӯйи Искандари Мақдунӣ тахриб шуда буд, Осори бозмонда дар ин макон ҳокист, ки шоҳони ҳахоманишӣ Наврӯзро ба шевае хос ҷашн мегирифтаанд.
Пажӯҳишгарон мегӯянд, ки аз он замони бостонӣ то кунун Наврӯз дар миёни мардуми ориёинажод ё эронитабор, сарфи назар аз замон ва ё даврони ҳукумати фармонравоёни мухталиф, таҷлил мешуд. Тоҷикон ҳам тайи 70 соли ҳукумати Шӯравӣ, ки таҷлил аз Наврӯз дар он замон мамнӯъ эълом шуда буд, ин ҷашнро гиромӣ медоштанд ва дар ошкору ниҳон аз он таҷлил мекарданд.
Ороиши арча
Тибқи пажӯҳишҳо, дар замони қадим аксари мардумони ҷаҳон, аз мисриёну бобулиён гирифта то ҳиндувону чиниён ва ҳатто бисёре аз мардумони масеҳимазҳаб, соли навро дар баҳор ҷашн мегирифтанд. Дар Русия низ замоне соли навро дар 1 март ҷашн мегирифтанд. Дар қарни XIV калисои ҷомеъи Маскав фармоне содир кард, ки бар асоси он соли нав дар рӯзи 1 сентябр аз рӯйи тақвими юнонӣ ҷашн гирифта мешуд. Аммо дар соли 1699 Пётри Кабир, подшоҳи Русия, баъд аз бозгашт аз Урупо, бо судури фармоне солшумориро аз 1 январ оғоз кард ва ин рӯзро оғози соли нав хонд.
Барпо доштани арчаи солинавӣ низ ҳарчанд таъомуле нисбатан дерина маҳсуб мешавад, вале бино ба маохизи таърихӣ, ба замони ҳукмронии фиръавнҳои Миср бармегардад. Дар Мисри қадим дар рӯзҳои ҷашну маросим маъмулан дарахтони зайтунро оро медодаанд. Парвариш ва гиромӣ доштани дарахти сарв дар миёни эрониён низ расме маъмул будааст ва ҳатто имрӯзҳо низ дар бисёре аз нуқоти Тоҷикистон, бавижа дар наздикии мазорҳо, дарахтонеро метавон дид, ки мардум онҳоро муқаддас медоранд ва пораҳое матоъро бар шохаҳои онҳо мебанданд.
Арчаҳои солинавӣ нахуст дар Урупо дар авоили қарни 16 ба таъомули ҷашни соли нав шомил шуд. Ибтидо арча ва ё санавбари солинавиро урупоиҳо бо себу шириниҳо ва шамъҳои фурӯзон оро медоданд. Нахустин бор бозичаҳои солинавиро бар шохаҳои арча дар ҳамон қарни 16 дар Саксония, вилояте дар қаламрави Олмони кунунӣ, овехтаанд. Таҷлил аз Соли нав дар зери дарахти арчаро ба Русия Пётри Кабир дар авохири қарни 17 овардааст. Дар авоили қарни 20 давлати Шӯравӣ таҷлил аз соли нав дар зери дарахти арчаро ҳамчун боқимондаи афкори феодалӣ ва мазҳабӣ мамнӯъ кард.
Вале дар остонаи соли 1936 арчаи солинавӣ дар Иттиҳоди Шуравӣ дубора эҳё карда шуд, вале ба истиснои ҳамаи ҷузъиёти мазҳабии хосси ин арча, ки бо идеулужии кумунистӣ муғойир қаламдод мешуд. Ҳамакнун, ки Тоҷикистон дигар ҷузъе аз Иттиҳоди Шӯравӣ нест, мардуми ин кишвар дар мавриди ин ки аз соли нави масеҳӣ дигар таҷлил кунанд ё накунанд, зоҳиран дудаста шудаанд. Аммо ба назар мерасад, ки давлат ба арзишҳое, ки аз Шӯравӣ ба мерос гирифта, вафодор аст.
Расули Шодон, Би-Би-Си
Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/siyosat/1441-sardargumi-dar-miyoni-du-soli-nav.html