ХИСОРОТИ ЗАМИНЛАРЗАИ ШАДИД ДАР ВАНҶ
Сардори ситоди ҳолатҳои фавқуллодаи Бадахшон Дӯстӣ Худоёров иттилоъ дод, ки комиссияи вилоятӣ хисороти заминларзаи субҳи 2- юми январ дар ноҳияи Ванҷ рухдодаро муайян кард. Ба гуфтаи сардори ситод бар асари заминларза чаҳор мактаб, ҳафт бинои идораву муассиса ва бештар аз 60 манзили истиқоматии мардум хароб ва дар ҳолати садамавӣ қарор гирифта, дар онҳо таҳсил, кор ва зист номумкин гардидааст.
Сардори ситод баён дошт, ки бар асари харобшавии манзилҳои истиқомати алҳол бештар аз 500 кас муваққатан дар хонаҳои хешовандон ба сар мебаранд. Нахустин кумаки башардӯстона аз ҷониби бахши ноҳиявии кумитаи Ҳилоли Аҳмар ироа шуда, ин кумита се хонаводаи бесарпаноҳмондаро бо хаймаҳои гарм таъмин кардааст. Масъулини Ҳилоли Аҳмар мегӯянд, ки аммо миқдори зиёдтари хаймаҳо ва маводи ғизоиро дар рӯзҳои наздик ба маҳалли ҳодиса интиқол хоҳанд дод.
Пойгоҳи зилзиласанҷии Хоруғ шиддати замнларзаро наздик ба 5 балл аз рӯи ҷадвали Рихтер муайян кардааст. Шиддати заминларза бештар аз ҳама дар маркази ноҳияи Ванҷ ва маҳаллоти гирду атрофии он ва минтақаи Язгулом эҳсос шудааст.
Ба гуфтаи сардори ситоди ҳолатҳои фавқуллодаи Бадахшон, заминларзаи Ванҷ ғайриодди аст, зеро аз соли 2007 ба ин сӯ пай дар пай дар ноҳия рух дода, сокинон ва мутахассисонро нигарон кардааст. Мутахассисони геолог ва зилзиласанҷии ҷумҳурӣ дар паи таҳқиқи сабабҳои заминларза вуқуи онро ба фаъолшавии ҷинсҳои кӯҳӣ дар минтақа марбут донистаанд.
Ба гуфтаи оқои Худоёров, чунин заминларзаҳои ғайриоддӣ дар Бадахшон қаблан дар маҳалли Бағуши ноҳияи Ишкошим, Шаймоқи ноҳияи Мурғоб ва Ҷавшангози ноҳияи Роштқалъа низ мушоҳида шудаанд, ки тайи як сол тез-тез аз худ дарак додаанд ва пас-он заминҷунбӣ дигар эҳсос нашудааст, аммо заминларзаи Ванҷ пайваста ба вуқуъ мепайвандад ва боиси нигаронии сокинон ва мутахассисон шудааст.
Мирзоҷалоли Шоҳҷамол, «Озодӣ»
Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/ijtimo/1472-khisoroti-zaminlarzai-shadid-dar-vanj.html