14:08:06 02-уми Июни 2025 сол

ТЕЛЕФОНИ ҲАМРОҲ АЗ ФАРОМУШХОТИРӢ ПЕШГИРӢ МЕКУНАД?

Муҳаққиқони омрикоӣ мегӯянд ба рағми нигаронии мавҷуд дар бораи хатари телефонҳои ҳамроҳ барои саломатии инсон, истифода аз ин васила мумкин аст барои пешгирии бемории алзоймер (alzheimers) фаромӯшхотирии пирӣ муфид бошад.

 

Гурӯҳе аз муҳаққиқон дар иёлати Флуридо мутаваҷҷеҳ шудаанд, ки фреконси родиюии амвоҷи телефуни ҳамроҳ метавонад мавонеъ аз бурузи алзоймер дар мушҳои озмоишгоҳӣ шавад. Бахше аз мушҳои мавриди озмоиш бо ҳадафи ибтило ба алзоймер аз назари женетик дасткорӣ шуда буданд. Ин мушҳо ба муддати ҳафт то нуҳ моҳ мавриди озмоиш қарор доштанд ва рӯзона дар ду ҷаласа яксоъатӣ дар маърази амвоҷи телефуни ҳамроҳ қарор гирифтанд. Муҳаққиқон дар ин озмоиш пай бурданд, ки мушҳое, ки мавриди дасткории женетик қарор гирифтаанд, агар аз пеш аз булуғ дар маърази амвоҷи телефуни ҳамроҳ қарор гиранд, дар синҳои болотар аз назари зеҳнӣ ҳаммонанди мушҳои оддӣ амал мекунанд. Онҳо ҳамчунин мегӯянд дар сурате, ки мушҳоеро, ки дар синни боло аломатҳои фаромӯшӣ нишон медиҳад, дар баробари ин амвоҷ қарор гиранд, амалкарди зеҳнишон беҳбуд пайдо мекунад.

 

Натиҷаи таҳқиқоти муҳаққиқони омрикоӣ дар маҷалаи "Бемории олзоймер" мунташир шудааст. Сарпарастии ин таҳқиқот бо профессор Гарӣ Орендош буд. Профессор Орендош пеш аз ин ба таъсири мусбати қаҳва бар пешгирӣ аз олзоймер пай бурда буд. Профессор Орендош мегӯяд муҳаққиқон барои пай бурдан ба наҳваи таъсиргузории амвоҷи электромағногтисӣ бар амлкарди мағз ба вақти бештаре ниёз доранд.

 

Ӯ гуфт: "Як чиз мушаххас аст. Осори идрокӣ ва зеҳнӣ тобиши тӯлонимуддати амвоҷи электромағнотисӣ воқеъӣ аст, зеро ҳам дар пешгирӣ ва ҳам дармони мушҳои бемор ва солим таъсиргузорӣ доштааст." Муҳаққиқон ҳамчунин дар ҳоли баррасии асароти фриконсҳои мухталифи амвоҷ бар селулҳои мағзӣ ҳастанд. Онҳо дар ин ҳол ҳушдор медиҳанд ин озмоиш дар мароҳили аввалияи худ аст ва ҳанӯз бар рӯйи инсон анҷом нашудааст.

 

Би-Би-Си

Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/ijtimo/1491-telfoni-hamroh-az-faromushkhotiri-peshgiri-mekunad.html

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854