АҒБАИ ШАҲРИСТОН МАСДУД ШУД
Ба далели боридани барфи сангин роҳи иртиботӣ аз тариқи ағба ё гарданаи Шаҳристон баста шудааст. Дӯстмурод Забиров, корманди маркази матбуъоти Кумитаи вазъияти фавқулъоддаи Тоҷикистон рӯзи душанбеи 18 январ, ба Би-би-сӣ гуфт, ки ҳамакнун беш аз 70 мошини боркаш ё комюнҳо дар муҳосираи барф монда ва тадобир барои раҳо сохтани онҳо ҷараён доштааст. Оқои Забиров гуфт, ки то ҳол дар мавриди талафоти ҷонӣ бар асари ин ҳодисаи табиъӣ иттилоъе нарасидааст.
Тибқи иттилоъи расмӣ, ҳоло рафту омади васоили нақлия тавассути тунели Истиқлол то навоҳии Айнӣ ва Панҷакент идома дошта ва қисмати дигари роҳ ба самти шаҳри Хуҷанд, маркази вилояти Суғд дар ағбаи Шаҳристон масдуд шудааст.
Ҳамзамон манобеъи Кумитаи вазъияти фавқулъоддаи Тоҷикистон мегӯянд, ки бар асари боришоти сангини шаби гузашта хатари фаромадани тарма дар минтақаи Майхура, воқеъ дар наздики тунели Истиқлол ба миён омада ва мумкин аст, ки ин қисмати роҳи иртиботӣ низ мувақатан баста шавад.
Роҳи утумубилрав тавассути ағбаҳои Анзоб ва Шаҳристон танҳо роҳи заминист, ки манотиқи шимоли Тоҷикистонро бо шаҳри Душанбе пайваст мекунад.
Бо таваҷҷӯҳ ба он ки бахши умдаи мавод ва колоҳои мавриди ниёзи Тоҷикистон аз кишварҳои хориҷӣ тавассути ин роҳи иртиботӣ ба Душанбе-пойтахт ва манотиқи ҷануби ин кишвар ворид мешавад, масдуд шудани ин роҳ метавонад ба коҳиши мизони колоҳои воридотӣ ва боло рафтани баҳои онҳо дар бозори дохилии Тоҷикистон мунҷар шавад.
Зимнан, ин роҳи иртиботӣ дар фасли зимистон барои мусофирон хатароти ҷонӣ эҷод карда ва ҳамасола иддае аз атбоъи тоҷик ба ҳангоми убур аз ин масир кушта ё захмӣ мешаванд.
Масалан, бар асоси хабарҳои расмӣ дар зимистони соли гузашта дар ағба ё гарданаи Шаҳристон ва қисмати шимолии тунели “Истиқлол” бар асар резиши баҳман ё тарма ва садамаи утумубилӣ 10 нафар кушта шуда ва 8 нафар захм бардошта буданд.
Би-Би-Си
Адреси доимии маводи мазкур: http://ruzgor.tj/ijtimo/1566-2010-01-18-19-03-25.html