13:14:05 02-уми Июни 2025 сол

ОХИРИН РӮЗИ БАРРАСИИ ПАРВАНДАИ "САЛАФИҲО"

Қозии парвандаи гурӯҳе, ки ба пайравӣ аз ҷараёни Салафия муттаҳам шудаанд, дар додгоҳи ноҳияи Синои шаҳри Душанбе барои судури ҳукм ба утоқи машварат рафтааст. Дар сурати судури ҳукми додгоҳ алайҳи ин афрод ин аввалин ҳукми додгоҳ дар Тоҷикистон дар робита бо пайравони салафия хоҳад буд.

 

Дар ҳоли ҳозир ба ғайр аз додгоҳи ноҳияи Синои шаҳри Душанбе, ду додгоҳи вилоятӣ низ машғули баррасии парвандаҳои мушобеҳ дар робита бо муттаҳамон ба пайравӣ аз ҷараёни Салафия ҳастанд. Додгоҳи олии Тоҷикистон дар моҳи январи соли 2009 бо дархости додситонии Тоҷикистон ҷараёни Салафияро дар ин кишвар мамнӯъ эълом кард ва шумори созмонҳо ва гурӯҳҳои мамнӯъ дар ин кишварро ба 11 адад расонд.

 

Сироҷиддин Абдураҳимов, ки ӯро раҳбари гурӯҳи салафиҳо дар Тоҷикистон мехонанд ва бештар бо номи Мулло Сироҷиддин маъруф аст бо писараш Икромиддин аз муттаҳамони парвандаи "салафиҳо" дар додгоҳи ноҳияи Синои шаҳри Душанбе ҳастанд.

 

Додситони парвандаи мазкур аз қозӣ хостааст, то Сироҷиддин Абдураҳимовро ҳамчун раҳбари гурӯҳ ба 8 сол ва шаш нафари дигарро барои 6-солӣ равонаи зиндон кунад. Додситонӣ ин афродро аз рӯйи моддаи 189-и қонуни кайфарӣ ба "барангехтани адовати диниву нажодӣ" муттаҳам мекунад.

 

Дар ҳоле, ки Марҳабо Турдиматова, қозии парванда, барои судури ҳукм ба утоқи машваратӣ рафтааст, дар муҳавватаи додгоҳи ноҳияи Сино хешу табор ва наздикони ҳафт муттаҳами ин парванда мунтазири натиҷаи муҳокима ҳастанд. Иттилоъоти бештаре дар ин бора базудӣ фароҳам хоҳад шуд.

 

Би-Би-Си

Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/ijtimo/1592--qq.html

 

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854