13:18:01 02-уми Июни 2025 сол

ЭШОНИ СИРОҶИДДИН БА ҲАФТ СОЛ ҲАБС ШУД

Додгоҳи ноҳияи Синои шаҳри Душанбе нахустин гурӯҳи муттаҳам ба узвият дар ҷараёни тозапайдои “Салафия”-ро аз панҷ то ҳафтсолӣ ба зиндон маҳкум кард. Додгоҳ Эшони Сироҷиддинро ба ҳафт соли зиндон ҳукм кард ва шаш нафари боқимонда аз 5 то 7 солӣ ҳукм гирифтанд. Мӯътабар Турдиматова, қозии парванда, ба ҳангоми ироаи ҳукми муттаҳамин гуфт, онҳо тибқи моддаи 189-и қонуни кайфарии Тоҷикистон, яъне, барангезии кинаву адовати динӣ ва нақзи қарори Додгоҳи олӣ дар бораи манъи фаъолияти ин ҷараён гунаҳкор дониста мешаванд.

 

Ин ҳафт нафари муттаҳам Сироҷиддин Абдураҳмонов, маъруф ба Мавлавӣ Сироҷиддин, Киромиддин Абдураҳмонов, Абдураҳмон Абдураҳимов, Муҳаммадраҷаб Наврӯзов, Шаҳобиддин Саидов, Музаффар Файзуллоев ва Икромиддин Юсупов мебошанд. Онҳо шаш моҳ пеш дар қатори даҳҳо тан аз намозгузорон дар як рейди муштараки Вазорати умури дохилӣ ва Кумитаи амнияти миллӣ дар масҷиде воқеъ дар маҳаллаи “Зарафшон” боздошт ва тӯли бештар аз ним сол дар боздоштгоҳи муваққати КГБ дар Душанбе нигаҳдорӣ мешуданд.

 

Мақомот баъд аз бозпурсӣ бархе аз боздоштшудагонро раҳо карда, аммо то шурӯъи мурофиаи парвандаи ин ҳафт нафар дар оғози соли ҷорӣ дар Додгоҳи ноҳияи Сино аз ироаи ҳама гуна иттилоъ худдорӣ меварзиданд. Танҳо аҳли хонаводаи муттаҳамин буданд, ки имкони бозбинӣ ва расонидани ғизо барои онҳоро доштанд.

 

Мавлавӣ Сироҷиддин дар баёни охирин суханаш дар минбари Додгоҳ гуфт, ба ҳеҷ ваҷҳ иттиҳомотеро, ки алайҳи ӯ ва ҳамроҳонаш илҳоқ кардаанд, намепазирад. Вай ҳатто аз шаҳодати шоҳидон ҳангоми бозпурсӣ интиқод кард ва гуфт, намояндагони Вазорати фарҳанг ва Шӯрои уламо натавонистаанд, гунаҳкории онҳоро собит созанд.

 

Бар хилофи ин ҳама, вакилони мудофеъи ин ҳафт нафар сӯҳбат дар бораи парвандаи зерҳимоятони худро раво надонистанд. Танҳо гуфтанд, ки аз болои ин ҳукми додгоҳи ноҳияи Сино ба додгоҳи кассатсионӣ муроҷеъ хоҳанд шуд.

 

Вале ҳукми додгоҳ миёни пайвандони маҳкумшудагон, ки бештар аз панҷоҳ нафар буданд, шӯре барангехт. Ҳамагӣ аз ин қарори додгоҳ норизоятӣ карда, шавҳару бародар ва фарзандони худро қурбонии таблиғи мазҳаб медонистанд.

 

Ин ҳам дар ҳолест, ки бештари таҳлилгарон аз ин гуна бархӯрди шадиди мақомот бо пайравони салафия нигаронанд. Онҳо мутмаинанд, ки давлат бо ин шеваи бархӯрдаш барои худ душманони наве месозад.

 

Ҳикматулло Сайфуллозода, таҳлилгари масоили динӣ, мегӯяд, Сарқонун ба ҳар шаҳрванди кишвар иҷозаи ибодат ба гунаи хостаашро додааст ва набояд касеро барои гунаи дигари ибодат ба маҳкама кашид. Ҷаноби Сайфуллозода мегӯяд, бо моддаи мазкур ба зиндон фиристодани Эшони Сироҷиддин асл надорад, дуруст аст, ки дар амрҳои маъруфи Эшони Сироҷиддин дуруштгуфториҳо зиёд буд, вале набояд барои ҳарфҳои дурушт паси панҷара нишаст.

 

Салафия як ҷараёни тозапайдо дар Тоҷикистон аст, ки пайравонаш бо шеваи намозгузорӣ, яъне рафъи ядайну бо садои баланд омин гуфтан бо пайравони чор мазҳаби ислом, аз ҷумла ҳанафӣ, ки аксари кулли Тоҷикистон аз он пайравӣ мекунанд, ихтилофи назар доштанд. Пайравони ин гурӯҳ соли 2005 дар масоҷиди Тоҷикистон зуҳур карда, бо рӯҳонинёи мазҳаби ҳанафӣ ба баҳс нишастанд.

 

Мақомоти Додгоҳи олии Тоҷикистон бо дархости Додситони кулл дар оғози соли 2009 барои халалдор нашудани вазъи мазҳабӣ ҳузур ва фаъолияти пайравони ин ҷараёнро ғайримашрӯъ эълон карданд ва салафия ёздаҳумин созмони мамнӯъи мазҳабӣ дар Тоҷикистон дар қатори Ҳизбуттаҳрир, Ҳаракати исломии Узбакистон ва ҷамоати Таблиғ буд.

 

Каюмарси Ато, «Озодӣ»

Адреси доимии маводи мазкур: http://ruzgor.tj/ijtimo/1594-2010-01-22-15-03-45.html

 

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854