ХИСОРОТИ ВОРИДА АЗ ЗАМИНЛАРЗАИ ВАНҶ
Хисороти ворида аз заминларзае, ки авоили январ дар ноҳияи Ванҷи вилояти худмухтори Бадахшон рух дод, болиғ ба шаш милюну 609 ҳазор сомонӣ арзёбӣ шудааст.
Тавре ки Ҳайбулло Латипов, раиси Кумитаи авзоъи изтирории Тоҷикистон, рӯзи сешанбеи 26 январ дар нишасте хабарӣ иттилоъ дод, ки дар заминларзаҳои тайи ду соли ахир дар ноҳияи Ванҷ 1283 манзили маскунӣ осеб дидаанд. Ба гуфтаи вай, дар заминларзаи 2 январ, ки беш аз 5 дараҷаи Риштер буд, 28 манзили маскунӣ дар ноҳияи Ванҷ комилан хароб шуда ва 107 манзили маскунии дигар акнун дар вазъе хатарнок қарор доранд. Оқои Латипов гуфт зиндагӣ дар ин манозил ғайри мумкин аст.
Ин дар ҳолест, ки ба гуфтаи вай, ҳамчунин 103 хонаи дигар дар ин минтақа дар ҳолате қарор доранд, ки агар дубора заминларза ба вуқӯъ пайвандад, комилан хароб хоҳанд шуд. Ба гуфтаи вай, рустоҳои Гишхун, Пуни Чугонӣ, Бичхарв, Роғ, Бодавд, Панҷшанбеобод, Даштирог, Рохарв ва Пунидӣ аз заминларза зиёни бештаре дидаанд.
Вай гуфт қарор аст мардуми осебдида ба минтақаи амне кӯчонда шаванд. Дар ҳоли ҳозир пажӯҳиши минтақае амн барои кӯчондани мардум аз сӯйи мутахассисони Идораи заминшиносии Тоҷикистон ё "Тоҷикгеология" ва Кумитаи авзоъи изтирорӣ идома дорад.
Ҳамчунин, раиси Кумитаи авзоъи изтирории Тоҷикистон афзуд, ки дар рӯзҳои авали пас аз заминларзаи 2 январ ҳукумат беш аз 30 тон кумаки ғизоӣ ва 255 хайма барои зиндагии муваққатии мардум ба ноҳияи Ванҷ интиқол додааст. Ба гуфтаи вай, расондани кумакҳо аз сӯйи созмонҳои байналмилалӣ низ идома дорад.
Окои Латипов гуфт дар ҳоли ҳозир Кумитаи ҳолатҳои фавқулъодаи Тоҷикистон ба ин минтақа 205 хаймаи зимистонӣ ва 105 хаймаи тобистонии дигар равона кардааст. Дар ҳамин ҳол, намояндагии Сандуқи Нуфуси СММ дар Тоҷикистон рӯзи сешанбе хабар дод, ки таҷҳизоте ба бемористони марказии ноҳияи Ванҷ ирсол кардааст. Ин созмон ҳамчунин 500 маҷмӯъ васоили беҳдорӣ ва 500 патӯи зимистонӣ ба осебдидагон ирсол кардааст. Ин кумакҳо 65 ҳазор дулор арзиш дорад.
Бино ба иттилоъи Кумитаи умури изтирории Тоҷикистон, дар соли 2009 дар ин кишвар 189 ҳодисаи изтирорӣ ба вуқӯъ пайваста ва дар ин ҳаводис 45 нафар аз шаҳрвандон ҷонҳои худро аз даст додаанд. Ба гуфтаи ин манбаъ, соли гузашта барои Тоҷикистон соли душворе буда ва дар ин сол ҳаводиси табиъии бештаре ба вуқӯъ пайвастааст. Барои мисол, дар соли 2009 дар Тоҷикистон бар асари ҳаводиси табиъӣ 2543 манзили маскунӣ садама дидааст, ки аз он 500 хона комилан хароб шудааст.
Вале дар соли 2008 танҳо бар асари ҳаводиси табиъӣ 114 манзили маскунӣ комилан аз байн рафта буд ва 1955 манзили дигар қисман хароб шуда буд. Хисороти молии ворида аз ҳаводиси табиъӣ дар соли 2009 ба 100 милюну 767 ҳазор сомонӣ баробар шудааст. Ба ҷуз аз кумакҳои созмонҳои имидодгари байналмилалӣ, давлати Тоҷикистон ҳам дар ин муддат ба осебдидагон ба маблағи 1 млн. 423 ҳазор сомонӣ кумак кардааст.
Би-Би-Си
Адреси доимии маводи мазкур: http://ruzgor.tj/ijtimo/1620-2010-01-26-19-38-19.html