19:23:35 01-уми Июни 2025 сол

БОЗДОШТИ ДУ КОРМАНДИ ИНТИЗОМӢ

Дар соли 2009 Ожонси мубориза бо фасод алайҳи 84 маъмури интизомӣ парвандаи ҷиноӣ боз кардааст Кормандони Ожонси мубориза бо фасоди Тоҷикистон ду маъмури пулисро боздошт кардаанд.

 

Бар асоси иттилоъи кормандони дафтари матбуъотии Ожонси мубориза бо фасод, ин ду корманди пулис ба тахаллуф аз салоҳиятҳои худ муттаҳам шудаанд. Шарифбек Шарипов, масъули дафтари матбуъотии Ожонси мубориза бо фасоди Тоҷикистон, рӯзи душанбеи 1 феврал иттилоъ дод, ки бар асоси таҳқиқоти муқаддамотӣ, ду масъули бахши мубориза бо қочоқи маводди мухаддир дар шаҳри Душанбе барои ришваситонӣ ва тақаллуб боздошт шудаанд.

 

Аз ҷумла, ин ду маъмури пулис ба бархе аз мақомоти ноҳияи Ҳисор худро додситон муъаррифӣ карда ва даст ба аъмоли ғайриқонунӣ задаанд. Ба гуфтаи ин манбаъ, ин ду маъмури пулис дар утоқи кории як мақоми ноҳияи Ҳисор ба сурати ғайриқонунӣ амали ҷустуҷӯйӣ анҷом дода ва як миқдор пулеро, ки дар натиҷаи ин бозрасӣ пайдо карданд, аз худ кардаанд. Дар маҷмӯъ ин афрод 850 сомонӣ ва 100 дулорро аз ин утоқ гирифтаанд.

 

Дар робита бо ин ҳодиса, Ожонси мубориза бо фасоди Тоҷикистон алайҳи ин ду корманди бахши мубориза бо қочоқи маводди мухаддир парвандаи ҷиноӣ боз кардааст. Пештар, Ожонси мубориза бо фасоди Тоҷикистон дар гузориши солонаи худ хабар дода буд, ки дар тӯли соли 2009 ин ниҳод беш аз 900 ҷинояти марбут ба фасодро ошкор карда, ки дар 141 ҳодиса мақомоти давлатӣ даст доштаанд.

 

Кормандони пулис дар ҳоле тавассути кормандони Ожонси мубориза бо фасод боздошт мешаванд, ки дар соли гузашта бозрасони ин ожонс алайҳи 84 нафар аз кормандони ниҳодҳои интизомии Тоҷикистон дар робита бо фасод парвандаҳои ҷиноӣ боз кардаанд. Ахиран ин ниҳоди мубориза бо фасоди вобаста ба раёсати ҷумҳурӣ ҳамчунин дар миёни мақомоти додситонӣ мавориди фасодро ошкор кардааст.

 

Соҳибназарон сард шудани равобити ин ожонс ва Додситонии кулли Тоҷикистонро ба рақобат барои нуфуз миёни ин ниҳодҳо марбут медонистанд. Бархеҳо ишора мекунанд, ки барканории Бобоҷон Бобохонов аз симати додситонии кул ва мансуб шудани Шерхон Салимзода, раиси пешини ожонси мубориза бо фасод ба ҷойи ӯ, навъе пирӯзии ожонс дар рақобатҳои миёни ин ду ниҳод аст.

 

Би-Би-Си

Адреси доимии маводи мазкур: http://ruzgor.tj/ijtimo/1654-2010-02-01-16-00-56.html

 

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854