16:36:17 25-уми Июни 2025 сол

МУТТАҲАМ БА ҚАТЛИ ТОҶИК 13 СОЛ ЗИНДОНӢ ШУД

Додгоҳи вилояти Новосибирски Русия чаҳор нафар аз аъзои як гурӯҳи нажодпарасти русро дар қатли як шаҳрванди Тоҷикистон муҷрим шинохтааст. Тибқи иттилоъи дафтари матбуъотии ин додгоҳ, Алексей Носови 20-сола, мулаққаб ба “Барс” ва яке аз муттаҳамон ба қатли як табаъаи тоҷик, барои 13 сол равонаи зиндон шудааст. Се узви дигари ин гурӯҳ, ки аз ҷумлаи шогирдони мадориси ҳамагонӣ будаанд, аз ҳафт моҳ то ба як сол ба анҷоми умури ислоҳӣ маҳкум шуда ва аз толори додгоҳ озод шудаанд.

 

Бар асоси таҳқиқоти парвандаи ҷиноӣ, Алексей Носов ва се нафар аз афроди ноболиғ аъзои гурӯҳи тоссарони шаҳри Новосибирск буда ва дар қатли Абдулатиф Турсунов, шаҳрванди Тоҷикистон, ки дар моҳи октябри соли 2008 дар ин шаҳр рух дод, даст доштаанд. Дар асноди парванда омадааст, ки Алексей Носов нахустин шуда ба Абдулатиф Турсунов ҳамла кардааст ва ӯро бо зарби чоқу ё корд аз пой даровардааст.

 

Муъоинаи ҷасади Абдулатиф Турсунов ҳокӣ будааст, ки муҳоҷимон ба бадани вай бо корд ҳудуди 30 зарба задаанд ва дар натиҷа вай ҷони худро аз даст додааст. Як табаъаи дигари Тоҷикистон дар ин ҳодиса ҷароҳоти сангин бардоштааст. Бар асоси иттилоъи кормандони интизомии вилояти Новосибирск дар ин вилоят қаблан тавассути гурӯҳе аз тоссарон як шаҳрванди Туркия низ ба таври фаҷеъ ба қатл расида буд.

 

Дар соли 2009 аз Русия ба Тоҷикистон ҷасади 784 шаҳрванди ин кишвар интиқол дода шудааст, ки 93 нафар аз онҳо кушта шудаанд. Гуфта мешавад 45 нафар аз онҳо ба дасти ҳамватанони худ ва бақия ба дасти гурӯҳҳои номаълум, аз ҷумла сартосон, кушта шудаанд. Мудофеъони ҳуқуқи башар ҳамвора давлати Русияро муттаҳам мекунанд, ки дар ҷиҳати ҷилавгирӣ аз густариши фаъолиятҳои гурӯҳҳои миллигаро ва нажодпараст дар ин кишвар фаъол набудааст.

 

Би-Би-Си

Адреси доимии маводи мазкур: http://ruzgor.tj/ijtimo/1674--13-.html

 

Назари Шумо

Security code
навсозӣ