16:20:02 25-уми Июни 2025 сол

ЯК ТАБАЪАИ ТОҶИК МУНТАЗИРИ ЭЪДОМ ДАР АФҒОНИСТОН АСТ

Бар асоси иттилоъи масъулони вазорати хориҷаи Афғонистон, як табаъаи тоҷик дар зиндони Пули Чархии Афғонистон мунтазири ҳукми эъдом аст. Муҳаммадҳасани Амон, як масъули вазорати умури хориҷии Афғонистон, ба Би-би-сӣ гуфт, ки ин шаҳрванди Тоҷикистон дар соли гузашта ба иттиҳоми анҷоми ҳамалоти интиҳорӣ ва терруристӣ боздошт ва ба эъдом маҳкум шудааст.

 

Оқои Амон гуфт: "Аснод ва шавоҳиде, ки вай дар анҷоми ҳамлаи терруристӣ даст дошт, вуҷуд дошта ва ҳукми ниҳоии додгоҳи Афғонистон содир шуда, вале ҳукми эъдом нисбат ба ӯ ҳануз иҷро нашудааст." Ин масъули вазорати хориҷаи Афғонистон, ки дар раъси ҳайъате аз он кишвар барои истирдоди аввалин гурӯҳи зиндониёни афғон аз Тоҷикистон ба шаҳри Душанбе омада буд, гуфт, ки дар маҷмӯъ ҳашт шаҳрванди Тоҷикистон дар зиндонҳои Афғонистон ба сар мебаранд.

 

Бештари онҳо барои иртикоби қочоқи маводди мухаддир зиндонӣ шудаанд. Тибқи мувофиқатнома миёни мақомоти марбутаи ду кишвар дар бораи истирдоди шаҳрвандони зиндонӣ ба зиндонҳои кишварҳои худашон, дар маҷмӯъ 270 шаҳрванди Афғонистон бояд ба зиндонҳои он кишвар мунтақил шаванд. Рӯзи панҷшанбеи 4 феврал нахустин гурӯҳи 81-нафарӣ аз зиндониён афғон аз тариқи пули Панҷи Поён ба кишварашон мустарад шуданд.

 

Қарор аст то поёни ҳафтаи оянда куллияи зиндониёни афғонистонӣ ба кишвари худ мустарад шаванд. Дар иваз, ба гуфтаи оқои Амон, аз миёни 8 табаъаи Тоҷикистон дар Афғонистон танҳо се нафар қарор аст ба кишварашон таҳвил дода шаванд, зеро яке аз онҳо бояд эъдом (қатл) бишавад ва чаҳор тани дигар худашон гуфтаанд, ки намехоҳанд ба зиндонҳои Тоҷикистон мустарад шаванд.

 

Оқои Амон дар ин бора гуфт: "Се нафар мувофиқа карданд, ки баргарданд, як нафар бояд ҳукми эъдом сараш иҷро шавад ва чаҳор нафари дигар намехоҳанд ба Тоҷикистон баргарданд. Назар ба мувофиқатномаи истирдод, агар зиндонӣ тақозо барои бозгашт ба кишвари худашро накунад, ҳеҷ давлате наметавонад ӯро ба таври маҷбурӣ мустарад кунад."

 

Аммо истирдоди зиндониёни афғонтабор аз Тоҷикистон ба кишварашон пас аз музокираи тӯлоние, ки ҷониби Афғонистон мубтакири он буда, сурат мегирад. Дар тӯли ин музокираҳо чандин номаи саргушодаи пайвандони зиндониёни Афғонистон ба номи раиси ҷумҳурии Тоҷикистон дар нашрияҳо чоп шуда буд.

 

Аксари зиндониёни афғонтабор, ки то ҳол дар зиндонҳои Тоҷикистон ба сар мебурданд, барои иртикоби ҷароими марбут ба қочоқи маводди мухаддир ва аслиҳа маҳбус шудаанд. Бештари онҳо дар тӯли чанд соли ахир мавриди афв қарор гирифта ва мӯҳлате, ки бояд дар зиндон бимонанд, коҳиш ёфтааст.

 

Масъули Вазорати умури хориҷаи Афғонистон гуфт маводди марбут ба парвандаҳои шаҳрвандони зиндонии Тоҷикистон дар Афғонистон ба Додситонии кулли Тоҷикистон таслим карда шудааст. Қарор аст пас аз баррасӣ ҷониби Тоҷикистон назари худро ба мақомоти Афғонистон ирсол кунад. Дар посух ба ин савол, ки оё лағви ҳукми эъдом нисбат ба як шаҳрванди Тоҷикистон имкон дорад, Муҳаммадҳусейн Амон чунин гуфт:

 

"Гумон бар ин аст, ки агар аз ҷониби Тоҷикистон тақозое бишавад, танҳо Ҳомид Карзай, раиси ҷумҳури Афғонистон, метавонад ба нишони ҳусни ният ин шаҳрванди Тоҷикистонро мавриди афв қарор бидиҳад." Мақомоти додситонии Тоҷикистон ҳануз дар бораи шаҳрвандони зиндонии ин кишвар дар Афғонистон, бавижа фарде, ки мунтазири иҷрои ҳукми эъдом аст, ибрози назаре накардаанд.

 

Би-Би-Си

Адреси доимии маводи мазкур: http://ruzgor.tj/ijtimo/1680-yak-tabaai-tojik-muntaziri-edom-dar-afghoniston-ast.html

Назари Шумо

Security code
навсозӣ