06:48:36 25-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

КАШФИ ЧАҲОР МАХФИГОҲИ АСЛИҲА ДАР ТОҶИКИСТОН

 

Вазорати Кишвари Тоҷикистон мегӯяд, ки дар даҳ рӯзи ахир кормандони интизомии Тоҷикистон чаҳор махфигоҳи аслиҳаро пайдо ва аз онҳо миқдори қобили мулоҳизаи силоҳ пайдо кардаанд. Маҳмадуллоҳ Асадуллоев, сухангӯйи ин вазорат мегӯяд, ки кормандони вазорат ин махфигоҳҳоро дар ҷараёни амалиёти вижа мавсум ба "Кукнор2009" кашф кардаанд. 

Оқои Асадуллоев мегӯяд: "Кормандони ин вазорат рӯзи гузашта (14 июн) соъати 14 ба вақти маҳалӣ дар наздики яке аз сохтмонҳои бисёрманзилаи маскунӣ дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе махфигоҳи аслиҳаи ҳовии як муссалсали Калашников ва миқдори зиёди гулӯла пайдо карданд. Чунин махфигоҳ дар ноҳияи Варзоб ва Рудакӣ низ пайдо шудааст. Дар яке аз рустоҳои ноҳияи Варзоб низ миқдори зиёди гулӯла барои худкори Калашников ва дар ду махифгоҳ дар ноҳияи Рудакӣ як худкори Калашников ва як таппончаи навъи хориҷӣ бо гулӯлаҳо кашф ва муссодира шудааст."

Манобеъи пулис мушахасс кардаанд, ки миқдоре аз ин аслиҳа дар ҷароими марбут ба қатл истифода шуда ва ба гурӯҳҳои созмонёфтаи ҷиноятӣ таъаллуқ доштааст.

Оқои Асадуллоев афзуд, ки пас аз баста шудани парвандаҳои марбут ба чунин ҷиноёт аслиҳаи кашфшуда дар ҳузури масъулони додситонӣ ва соири намояндагони ниҳодҳои интизомӣ аз миён бурда мешавад.


Кӯдакон ва махфигоҳҳои силоҳ


Бо таваҷҷӯҳ ба кашфи яке аз махфигоҳҳои аслиҳа дар наздики сохтмони маскунӣ дар Душанбе, масъулони вазорати кишвар аз ин ибрози нигаронӣ мекунанд, ки кашфи чунин махфигоҳҳо тавассути кӯдакон ва ноболиғон метавонад паёмадҳои номатлуб дошта ва ба ҳаводиси нохуш мунҷар шавад. 

Оқои Асадуллоев бо назардошти ин ки дар гузашта мавориди кашфи махфигоҳ тавассути кӯдакон вуҷуд дошта ва дар асари бархурди нодурусти онҳо бо силоҳ аз ҷумла норинҷак, кӯдакон ҷон дода ва захмӣ шудаанд, сокинонро хушдор дод, ки дар сурати пайдо кардани махфигоҳҳои аслиҳа фавран кормандони интизомиро дар ҷараён гузоранд.

Ин дар ҳолест, ки бештари махфигоҳҳое дар дар солҳои ахир дар манотиқи мухталифи Тоҷикистон кашф мешаванд аз даврони ҷанги дохилӣ дар ин кишвар боқӣ мондаанд,

Коршиносон баъид медонанд, ки гурӯҳҳое қасд доранд аз аслиҳаи маҳфуз дар ин махфигоҳҳо истифода баранд. Абдуллоҳи Раҳнамо, коршиноси тоҷик мегӯяд: "Дар кишваре ки ҷанги дохилӣ дар он ҷараён дошт, пайдо шудани чунин махфигоҳҳо як амри маъмулӣ аст. Дар бештари маворид соҳибони аслиҳаи маҳфуз дар ин махфигоҳҳо дар Тоҷикистон нестанд. Баъйид аст ин аслиҳа ба хотири истифода аз он ҷогузорӣ шуда бошанд."

Масъулони Вазорати кишвар мегӯянд, баъд аз содир шудани фармони раиси ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи таслими довталабонаи силоҳ дар соли 1994, то имрӯз беш аз 31 ҳазор адад аслиҳа аз сокинон ҷамъоварӣ шудааст.

Ба гуфтаи онҳо нигаҳдории силоҳ дар манзил барои ҷони худи бошандангони он хатарнок будааст ва аз ин рӯ аз сокинон даъват мекунанд то довталабона силоҳро ба кормандони интизомии ин кишвар таслим кунад.

BBC 



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi