МАҲКУМИЯТИ 12 НАФАР АЗ АЪЗОИ ҲИЗБИ ТАҲРИР
Додгоҳи шаҳри Душанбе 12 узви ҳизби Таҳрирро аз 8 то ба 14 сол равонаи зиндон кард. Дар миёни ин афрод як хонандаи мактаби миёна низ барои се соли зиндон муҷозот шудааст. Ҳамчунин, ду шаҳрванди Ӯзбакистон, ки низ узви ҳизби Таҳрир будаанд, барои мӯҳлатҳои тӯлонӣ ба зиндон маҳкум шудаанд.
Манобеъи Додгоҳи шаҳри Душанбе хабар доданд, ки ахиран Мирзоалӣ Каримов, қозии ин додгоҳ, муҳокимаи парвандаи 12 нафарро ба иттиҳоми узвият дар ҳизби Таҳрир анҷом дода ва ҳукми онҳоро содир кардааст. Таъкид мешавад, ки ин афрод дар тирамоҳи соли гузашта дар шаҳри Душанбе ва навоҳии атрофи он боздошт шуда ва шаш тан аз онҳо барои бори дувум ба иттиҳоми узвият дар ҳизби Таҳрир муҳокима шудаанд. Додгоҳ ин афродро дар таъсиси гурӯҳи ғайриқонунӣ, даъват ба тағйири сохти давлатдорӣ ва барангехтани низоъҳои мазҳабиву қавмӣ муҷрим шинохтааст. Гуфта мешавад Азамат Ваҳҳобов, раҳбари ин гурӯҳи ҳизби Таҳрир, сокини ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд аст, ки додгоҳ ӯро барои 14 сол равонаи зиндон кардааст. Дар гузашта оқои Ваҳҳобов ба иттиҳоми мушобеҳе панҷ сол зиндонӣ шуда буд.
Дар миёни ин гурӯҳ Солеҳҷон Ҳамзаев, ҷавонтарин узви ҳизби Таҳрир низ будааст, ки ҳоло бояд дар синфи 11-и мактаби миёна таҳсил кунад. Додгоҳ бо дарназардошти синни ин ҷавон, ӯро танҳо барои се сол ба зиндон маҳкум кардааст. Аъзои дигари ин гурӯҳ аз ҳашт то ба 13-солӣ маҳкум ба зиндон шудаанд, ки дар миёни онҳо ду шаҳрванди Ӯзбакистон низ ҳастанд.
Аз мусаввабаи додгоҳ чунин бармеояд, ки Аҳмадулло Менглиев, сокини ноҳияи Деҳнави вилояти Сурхандаёи Ӯзбакистон ва Абдуманон Юнусов, сокини ноҳияи Сариосиёи ин кишвар барои узвият дар ҳизби Таҳрир мавриди пайгарди қонунии ниҳодҳои амниятии Ӯзбакистон қарор дошта ва дар пайи таъқиби маъмурони амниятии он кишвар ба Тоҷикистон фирор кардаанд.
Вале ниҳодҳои интизомӣ ва амниятии Тоҷикистон баъд аз муддате тавонистаанд онҳоро дар шаҳри Душанбе боздошт кунанд. Додгоҳ оқои Менглиевро барои 13 сол ва оқои Юнусовро барои 10 сол равонаи зиндон кардааст. Соли 2001 Додгоҳи олии Тоҷикистон ҳизби Таҳрирро як гурӯҳи тундрав хонда ва фаъолияти онро дар қаламрави ин кишвар мамнӯъ эълом кард. Садҳо нафар аз ҷонибдорони ин гурӯҳ то кунун барои мӯҳлатҳои тӯлонӣ равонаи зиндон шудаанд.
Дар баёнияҳое, ки ахиран мунташир шуда ва ба ҳизби Таҳрир мансуб дониста мешаванд, аз мавориди шиканҷа ва кушта шудани ҷонибдорони ин гурӯҳ дар боздоштгоҳҳои Тоҷикистон иттилоъ дода шудааст. Ин гурӯҳ ҳамчунин харидории саҳмияҳои нерӯгоҳи "Роғун"-ро таҳрим кардааст.
Аз сӯйи дигар, Додгоҳи вилояти Суғд ахиран муҳокимаи чаҳор нафарро ба иттиҳоми узвият дар Ҷунбиши исломии Ӯзбакистон, як гурӯҳи дигари мамнӯъ дар Тоҷикистон, ба мӯҳлатҳои ҳашт то ба 30 сол ба зиндон маҳкум кардааст. Додгоҳ ин афродро дар таъсиси гурӯҳи низомии ғайриқонунӣ, ифротгароӣ ва терурисм муҷрим шинохтааст.
Дар миёни ин чаҳор нафар Насибуллоҳ Забирзодаи 16-сола низ як шогирди синфи 11-и мактаби миёна будааст, ки дар ҳамкорӣ бо ин гурӯҳ муҷрим шинохта шудааст. Додгоҳ собит кардааст, ки ин ҷавон ба махфигоҳи амаки худ, ки низ узви Ҷунбиши исломии Ӯзбакистон будааст, маводди ғизоӣ интиқол медодааст.
Би-Би-Си
Адреси доимии маводи мазкур: http://ruzgor.tj/ijtimo/1760--12-.html