07:41:37 01-уми Июни 2025 сол

ҲУКМИ ФАРЗОНАИ ХУРШЕД ЭЪЛОН ХОҲАД ШУД

Додситон ё айбдоркунандаи давлатӣ аз додгоҳи ноҳияи Синои шаҳри Душанбе дархост кардааст, ки Фарзонаи Хуршедро ба 2,5 соли зиндон маҳкум кунад. Фарзонаи Хуршед аз рӯи моддаи 36-и Қонуни кайфарии Тоҷикистон дар кӯмак ба фирори айбдоршаванда Ф. Рӯзиев аз боздоштгоҳи пешакӣ айбдор мешавад.

 

Додситон Садриддин Бобоев ҳамчунин ба ҳайси ҷазо ба худи Рӯзиев 12 соли ҳабс пешниҳод кардааст. Ҳукми додгоҳ рӯзи душанбеи 22-юми феврал эълон хоҳад шуд. Вакили дифоъи Фарзонаи Хуршед, Лутфия Сафаралиева ва модари айбдоршаванда мегӯянд, Фарзона дар ин қазия бегуноҳ аст. Аммо Лутфия Сафаралиева, вакили ҳуқуқии Фарзонаи Хуршед, мегӯяд, ширкати шахси зери ҳимояи ӯ дар воқеа тасодуфӣ ва ноогоҳона будааст.

 

Вай дар муҳокима гуфт, Ф. Рӯзиев, ки бо Фарзона "дар муносибатҳои заношавҳарӣ қарор доштаанд", рӯзи 11-уми январ ба телефони ҳамроҳи Фарозона занг зада дархост кардааст, ки ба назди бинои додгоҳи ноҳияи Сино биёяд. Дар ин ҷо, Рӯзиеви озод, бе посбонон ва бо дастҳои баста ба мошини Фарзона нишастааст ва пас аз чанд лаҳза сӯҳбат ба паси фармони мошин нишаста, аз назди додгоҳ рафтааст.

 

Мақомоти ҳифзи ҳуқуқ мегӯянд, Фарзонаи Хуршед мошини худро дар ихтиёри Рӯзиев гузошта ба гурехтани ӯ аз додгоҳ мадад кардааст ва дар нимароҳ рақами давлатии мошини ӯро иваз кардаанд, ки нишонаи фирор мебошад.

 

Фарзонаи Хуршед, духтари сарояндаи машҳур Сурайё Қосимова ва хоҳари Шабнами Сурайё, яке аз дигар чеҳраҳои шинохта дар олами мусиқии поп, феълан дар боздоштгоҳ қарор дорад ва ба кумак дар фирори дӯстписараш Фаррух аз толори додгоҳ муттаҳам дониста мешавад.

 

Бино ба нақли модари сароянда, Сурайё Қосимова номзади Фарзона, яъне Фаррух, ки ба "қаллобӣ" муттаҳам шудааст, дар анҷоми яке аз мурофиъаҳои додгоҳи алайҳи ӯ, аз толори додгоҳ фирор намуда, Фарзонаро бо худ гирифтааст. Хонум Сурайё муътақид аст, ки Фарзона аз қазия хабар надошт ва фикр мекард, ки додгоҳ ҷавонро озод кардааст. Ин ҳарду баъдан дар минтақаи Варзоб, 15-километрии шимоли пойтахт, боздошт шудаанд.

 

Пас аз боздошт Фарзона ба боздоштгоҳи муваққатии ноҳияи Фирдавсӣ ва Фаррух ба боздоштгоҳи раёсати умури дохилии пойтахт интиқол ёфтанд.

 

"Озодӣ"

Адреси доимии маводи мазкур: http://ruzgor.tj/ijtimo/1783-2010-02-19-14-16-42.html

 

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854