07:35:22 01-уми Июни 2025 сол

ТАРМА ДАР ШУҒНОН ЯК ҶОНРО РАБУД

Ба иттилоъи сардори шӯъбаи ситоди ҳолатҳои фавқуллодаи Бадахшон Мунаввар Мирзомустақимов, сокини деҳаи Гожаки ҷамоати деҳоти Дарморахти ноҳия Фурқат Шогуниев ҳангоми ҷустуҷуи ҳайвоноти хонагӣ дар дараи наздик ба деҳа зери тарма монда, ҳалок шуд. Масъули ситоди ҳолатҳои фавқуллодаи вилоят гуфт, дар натиҷаи кофтукови сокинони маҳаллӣ ва наҷотдиҳандагон ҷасад ёфт ва ба хешовандони марҳум супурда шуд.

 

Ин дуввумин ҳодисаи марг аст, ки бар асари боришоти барфи шадиди моҳҳои охир дар Бадахшон ба вуқуъ мепайвандад. Қаблан, дар масири Хоруғ-Ишкомим тармарезӣ як ронандаи мошини борбар, сокини ноҳияи Ваҳдат, ки ба хотири наҷот ёфтан аз тарма худро аз кобин ба берун ҳаво додааст, зери тарма монда, ҳалок гардидааст.

 

Аз сармои шадиди ноҳияи Мурғоб бошад як сокини Душанбе, ки аз ҷониби ширкати қазоқӣ дар кони нуқраи маҳалли Аличури ноҳия ба ҳайси посбон кор мекард, ях кард. Гуфта мешавад, роҳгум задани посбон ҳангоми ҳаракат аз кон ба сӯи деҳаи аҳолинишин ва қариб як рӯз дар сармои шадид берун мондану фишори баланд боиси маргаш шудааст.

 

Мутахассисони ситоди ҳолатҳои фавқулодаи вилоят ҳушдор медиҳанд, ки пас аз боришоти зиёди барф ва гармшавии ҳаво эҳтимоли резиши тарма афзоиш ёфтааст ва аз мардум даъват ба амал оварданд, ки ҳангоми ҳаракат дар ҷодаҳои Бадахшон аз эҳтиёт кор гиранд.

 

Мирзоҷалоли Шоҳҷамол, «Озодӣ»

Адреси доимии маводи мазкур: http://ruzgor.tj/ijtimo/1787-2010-02-19-15-40-42.html

 

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854