22:58:39 25-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

БАҲСИ КОРШИНОСОН ПЕРОМУНИ ИСТИФОДА АЗ ЗАХОИРИ ОБ

 

Коршиносони конфронси оби Душанбе исрор карданд, ки захирасозии об дар обанборҳои нерӯгоҳҳои обии кишварҳои болооб ба суди кишварҳои пойёноб дар мантақа аст. 

Ба ақидаи коршиносони Қирғизистон ва Тоҷикистон, ё ба истилоҳ "кишварҳои болооб" захираи об дар фасли зимистон ва баҳор дар обанборҳои ин кишварҳо имкони истифодаи кишоварзони куллия кишварҳои Осиёи Марказиро дар фасли гармо аз ин обҳо афзоиш хоҳад дод. Ҳамоиши коршиносон барои баррасии масъалаи тақсими оби минтақа дар ҳоле дар Душанбе баргузор мешавад, ки ин мавзӯъ ҳанӯз дар даврони Шӯравӣ ҳамвора мавзӯъи баҳсбарангез буда ва ҳоло низ мунҷар ба танишҳо дар равобити кишварҳои минтақа аст. 


Қирғизистон ва Тоҷикистон 


Ба бовари коришносони қирғиз он замон, мақомоти вақт метавонистанд ин мушкилро бо роҳи соддае ҳал кунад. Эсен Ҷусумаматов, як мақоми вазорати кишоварзӣ ва оби Қирғизистон норозӣ аст, ки Қирғизистон ва Тоҷикистон ҳамеша бо мушкили камбуди энержӣ мувоҷеҳ ҳастанд ва тули ин солҳо бо вуҷуди доштани захираҳои оби кофӣ наметавонанд, бидуни машварат бо кишварҳои масрафкунандаи оби кишварҳои поёноб нерӯгоҳҳои обӣ бисозанд. 

Оқои Ҷусумаматов, афзуд: "Ман таъкид мекунам, ки захира шудани об дар обанборҳо барои нерӯгоҳҳои обӣ ба суди ҳамаи кишварҳои мантақа аст. Тасаввур кунед, замоне, ки об барои кишоварзон лозим нест, мо онро захира мекунем, ва дар замони мавриди ниёз обро барои ҳамагон тавзеъ мекунем."

Вале чунин ба назар менамуд, ки аз ин наҳваи захира шудани об дар мантақа танҳо ҷониби Тоҷикистону Қирғизистон пуштибонӣ мекунанд. 

Бо ин вуҷуд коршиносони Қазоқистон дар ин ҳамоиш гуфтаанд, ки дар мавриди шеваи интиқоли об ба кишварашон бо Қирғизистон мувофиқат кардаанд ва дар бораи иҷрои пружаҳои энержии мантақа ақидаи бетараф дорад.


Оё тавофуқ ба даст хоҳад омад? 


Дар ҳамоиши зери унвони "Масоили об ва энержӣ дар мантақа: Оё тавофуқ имконпазир аст?" коршиносони Узбакистон ва Туркманистон, ду кишвари масрафкунандаи аслии манобеъи оби минтақа ширкат надоштанд.

Аммо Абахон Султонназаров, раиси иҷроияи IWPR ё Пажуҳишгоҳи ҷанг ва сулҳ дар Осиёи Марказӣ ва яке аз баргузоркунандагони ин нишаст ба ин бовар аст, ки ин конфронс барои то андозае ҳалл шудани ихтилофи назарҳо бар сари манобеъи оби минтақа муҳимм аст. 

Оқои Султонназоров мегӯяд: "Ҳадафи ин ҳамоиш мусоъидат барои ҳалли муноқишаҳои мақомоти давлатҳои минтақа дар заминаи захоири об аст. Мо барои ширкат дар он коршиносони давлатӣ ва мустақилро даъват кардем, то дар якчоягӣ роҳҳаллҳое пайдо кунанд. Бархе аз пешниҳодоти мушахассе дар ин нишаст ироа шуд, ки дар оянда метавонанд, барои мақомоти ин кишварҳо судманд бошад."

Аммо Рашид Ғанӣ коршиноси тоҷик ба ин ақида аст, ки баргузории нишаст ҳо ва конфронсҳо барои ҳалли мушкил кумак нахоҳад кард. Вай тарафдори бардоштани иқдомоти амалӣ аст. 

Оқои Ғанӣ гуфт: "Чанд сол боз на сарони кишварҳои минтақа ва на каси дигар ин мушкилро ҳалл карда натавонистанд. Ба назари ман роҳҳи ҳалл дар сурате хоҳад буд, ки иҷрои пружаҳои энержӣ дар Қирғизситону Тоҷикистон оғоз шаванд. Он гоҳ кишварҳои поёноб ва болооб дар мавқеъияти баробари иқтисодӣ ва сиёсӣ қарор хоҳанд гирифт."

Бо вуҷуди он ки дар гузашта дар мавзӯъи ихтилофи назарҳо барои истифодаи муассир аз захоири оби минтақа ҳамоиш ва нишастҳои зиёде доир мешуд, аммо мубоҳисоти коршиносон дар ҳамоиши рӯзи ҷумъа муассиртар арзёбӣ шуд. 

Қарор аст, бархе аз пешниҳодоти коршиносони ин нишаст ба вазоартхонаҳои зидахли кишварҳои мантақа барои омӯзиш ирсол 

BBC 



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi