Д. МИЗРОБ: ФАРЗОНАИ ХУРШЕД ГУНАҲКОР НЕСТ
Диловари Мизроб, продюссери Фарзонаи Хуршед, овозхони дар байни ҷавонон маъруфи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки аз рӯйи моддаи 36-и Қонуни ҷиноии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар кӯмак ба фирори айбдоршаванда аз боздоштгоҳи пешакӣ айбдор мешавад, имрӯз 22-и феврали соли 2010 дар ҷамъи хабарнигорон изҳор дошт, ки ба фикри ӯ Фарзонаи Хуршед ин корро ноогоҳона кардааст ва аз ин рӯ ӯро гунаҳкор намешуморад.
Диловари Мизроб, ки дар муҳокимаи ин парванда инчунин ба ҳайси шоҳид мегузарад, ин суханонро дар ҳоле ба хабарнигорон ироа дошт, ки додгоҳи ноҳияи Синои шаҳри Душанбе баъди як нишасти кӯтоҳе, ки дар он аз ширкати хабарнигорон ҷилавгирӣ шуд ва Фарзонаи Хуршед дар сухани охирини худ аз раиси додгоҳ баровардани ҳукми одилонаро дар нисбати хеш хоҳиш кард, идомаи мурофиаи парвандаи мазкурро ба рӯзи дигар мавқуф гузошт.
Диловари Мизроб азҷумла ба хабарнигорон чунин изҳор дошт:
«Ҳамон рӯз вақте, ки Фаррух Рӯзиев, айбдоршаванда аз зали суд бидуни завлонаи даст ба кӯча ба назди Фарзона омад, ман ҳамроҳи Фарзона будам. Ӯ ба ману Фарзона гуфт, ки маро озод карданд. Фарзона ба гапи ӯ бовар кард. Ман барои бо телефон гап задан вориди бино шудам. Вақте, ки баргаштам мошини Фарзона рафта буд. Бародари ман низ бо онҳо дар дохили мошин буд.
Назар ба гуфтаҳои ӯ низ Фарзона намедонист, ки Фаррух ҳанӯз озод нашудааст. Мошинро Фаррух идора мекард. Фарзона дар яке аз курсиҳои қафо нишаста буд. Онҳоро баъди як шабонарӯз дастгир намуданд. Фарзонаро низ ба боздоштгоҳ бурданд. Баъди се шабонарӯз Фарзонаро озод карданд. Вале дере нагузашта Фарзонаро бо баҳонаи он ки Фаррух гӯё дубора аз боздоштгоҳ фирор кардааст, барои бозҷӯӣ ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ даъват карда, дубора боздошт намуданд.
Ба фикри ман Фарзона гунаҳкор нест. Шоҳидони ин парванда асосан ману бародарам мебошем. Ҳатто айбдоршаванда Фаррух Рӯзиев мегӯяд, ки худи ӯ гунаҳкор аст ва Фарзона гуноҳе надорад. «Ман Фарзонаро фиреб кардаам»,- мегӯяд ӯ.
Ба ҳар ҳол ман ба тантанаи адолат боварӣ дорам. Мо бо умед зиндагӣ мекунем».
Аз натиҷаи парвандаи мазкур шумо, муштариёни гиромии сомонаи «Рӯзгор»-ро дар ҷараён хоҳем гузошт.
Аҳмадшоҳи Султон, «Рӯзгор»
Адреси доимии маводи мазкур: http://ruzgor.tj/ijtimo/1799-2010-02-22-13-18-32.html