ДОДГОҲИ ОЛӢ: ШИКОЯТИ АҲЗОБ АСОС НАДОШТ
Нусратуло Абдуллоев, раиси Додгоҳи олии Тоҷикистон гуфт, додгоҳҳои ҷумҳурӣ то кунун 35 парвандаи шаҳрвандӣ дар робита ба интихоботро баррасӣ намуданд.
Ба гуфтаи раиси Додгоҳи олӣ аз ҷумла 19 маврид шикоят дар вилояти Суғд, 11 шикоят дар шаҳру навоҳии тобеъи ҷумҳурӣ, 4 шикоят дар Хатлон ва 1 шикоят дар шаҳри Душанбе баррасӣ шудааст. Аз ҷумла 2 шикояти ҲХДТ, 1 шикояти ҲК, 10 шикояти ҲНИТ ва 22 маврид шикояти номзадҳои инфиродӣ ва ғайриҳизбӣ баррасӣ шудааст. Гуфтанист, дар аксари маврид шикояти аҳзоб ва ё шахсони худпешбарӣ рад аз сӯи додгоҳҳо рад шудааст.
Аз ҷумла, 1 шикояти Ҳизби коммунист ва 10 шикояте, ки аз бахшҳои шаҳру навоҳии Ҳизби наҳзати исломӣ ба додгоҳҳо ворид шудааст, ҳамагӣ рад шуданд.
«Озодӣ»
Адреси доимии маводи мазкур: http://ruzgor.tj/ijtimo/1856-2010-03-03-13-58-49.html