ТОҶИКИСТОН БА ПАХШИ РАҚАМӢ МЕГУЗАРАД
Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон системаи пахши рақамии телевизионии аврупоии DVB-T ҷорӣ карда мешавад. Ҳамин тариқ аз соли 2010 Тоҷикистон ба монанди Амрико, Аврупо, Япония ва Россия дар бораи гузаштан ба давраи нави пахши рақамии телевизионӣ эълон кард. Мувофиқи барномаи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи телевизион ва радио дар солҳои 2010-2015, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 октябри соли 2009 тасдиқ карда шудааст, бояд то соли 2025-ум тамоми пахши телевизионӣ ба технологияи рақамӣ гузарад.
Афзалият ва иҷрошавии ин барномаро директори генералии ҶСК «Телерадиоком» Суҳроб Алиев чунин шарҳ дод:
-ҶСК «Телерадиоком» -и Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барномаи ҷорӣ кардан ва мавриди истифода қарор додани тартиби нави пахши телевизионӣ ва радиоро таҳия намуд. Як чанд сухан дар ин бора гӯед.
-Мо барномаи рушди пахши системаи рақамии аврупоии телевизиониро дар ҷумҳури пешниҳод кардем. Зимни таҳлили системаҳои телевизионии рақамии истифодашаванда ва аз стандартизатсияи байналмилалӣ гузаронидашуда, гурӯҳи корӣ ба чунин хулоса омад.
-Интихоб кардани системаи аврупоии ба чӣ вобаста аст?
-Хусусиятҳои фарқкунандаи системаи аврупоии пахши телевизионии рақамӣ аз амрикоӣ дар он мебошад- истифодаи самарабахштари тавоноии фиристандаи телевизионӣ,бештар баланд будани кудрати аз халалхо мухофизаткунанда, имконияти қабул кардани барномаҳои телевизионии формати рақамӣ дар объектҳои ҳаракаткунанда.
Ҳамин тариқ, дар давоми 10-15 сол ҷумҳурӣ бояд гузариши пурра ба пахши телевизиони рақамӣ ба амал ояд, яъне таҷҳизоти студияви ва интиқолӣ бояд пурра иваз карда шаванд, ҳамчунин дар кишвар тамоми телевизорҳои маишӣ ба намудҳои рақамӣ иваз карда хоҳанд шуд.
-Афзалияти асосии пахши рақамӣ дар муқоиса ба аналогӣ дар чист?
-Пеш аз ҳама ин имконияти таъмини сифати баландтари тасвир ва овоз, ҳамчунин хеле бештар шудани каналҳо, ки онро тавассути шабакаи кабелӣ ё моҳвора пахш намудан мумкин аст.Ба имконияти иловагии пахши рақамӣ иқтидорҳои имконпазири барои хизматрасонии фоиданок низ метавон мансуб дошт, масалан пахши барномаҳои телевизионӣ, субтитрҳо, овози бисерканалӣ, сатрҳои равон бо забонҳои мухталиф ва ғайра.
Бартарии дигари он аз он иборат мебошад, ки сифати телевизионии рақамӣ дар ҳама гуна шароити қабул баланд боқӣ мемонад, ҳам барои кабулкунандаҳои телевизорҳои ғайрисайёр ва ҳам барои сайёр, ки масалан, дар воситаҳои нақлиётии ҳаракаткунанда кор мекунанд. Телевизиони рақамӣ маънои ба миён омадани робитаи баръакс бо тамошобинро (интерактивиро) низ дорад, ки он пурсишҳои маркетингӣ ва иҷтимоӣ, овоз додан дар озмунхо ва барномаҳои маърифатро дар бар мегирад.
-Барои пурра гузаштан ба пахши телевизиони ракамӣ чӣ қадар мӯҳлат лозим аст?
-Имрӯз баъзе ширкатҳо ба муштариёни худ дар формати рақамӣ тамошо кардани барномаҳои телевизиониро пешниҳод менамоянд, аммо хизматрасонии онҳо танҳо ба шумораи ками аҳолӣ дастрас мебошад ва асосан ин ба як қисмати аҳолии шаҳри Душанбе ва шаҳри Хуҷанд дахл дорад. Тахлилҳо нишон медиҳанд, ки дар сурати пурра гузаштан ба пахши телевизиони рақамӣ дар ҷумҳурӣ комилан на камтар аз 10-15 сол барои иваз кардани тамоми қабулкунандаҳои телевизионии аҳолӣ зарур мебошад. Пешбинӣ мешавад, ки солҳои 2010-2015 ин бозор бо суръати махсусан баланд афзуда, ҳаҷми он то соли 2015 мумкин аст ба 10 млн. доллар расад.
-Мегӯянд, ки телевизоре, ки имрӯз мо истифода мебарем, қобилияти қабули сигнали рақамиро надорад. Мо бояд телевизорҳои худро иваз намоем?
-Ҳама гуна қабулкунандаи телевизионӣ, ҳатто кӯҳнатарин қабулкунандаи телевизиониро истифода бурдан мумкин аст, фақат он бояд ҷои дохилшавии антеннаи муқаррариро дошта бошад. Дар байни телевизор ва фазои паҳншавии сигнал декодер ҳамчун миёнарав хизмат мекунад. Таҷҳизот сигнали рақамиро қабул мекунад, вайро ба сигнали аналогӣ табдил ва ба дохили қабулкунандаи телевизион медиҳад. Ба тамошобин лозим аст, ки танҳо канал интихоб намояд.
Айни замон нархи декодер 349 сомонӣ мебошад ва нархи он бо суръат ба поён меравад.Дар оянда шабакаҳои рақамӣ ҳам пахши телевизионӣ, ҳам радио, ҳам Интернет ва системаи телефониро таъмин месозад.
Фирдавс Таваров, АМИТ «Ховар»
Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/ijtimo/1871-2010-03-05-16-19-22.html