ТАВҚИФИ ҚАТОРҲОИ ТОҶИКИСТОН ДАР ӮЗБАКИСТОН
Ширкати "Роҳи оҳани Тоҷикистон" мегӯяд, ки ҳаракати беш аз 300 вогуни ин ширкат дар истгоҳҳои мухталифи қатор дар Ӯзбакистон ҳудуди як моҳ боз мутаваққиф шудааст. Андрей Тропин, муъовини раиси идораи ҳамлу нақли ин ширкат, ба Би-би-сӣ гуфт, ки танҳо дар наздикии марзи Тоҷикистону Ӯзбакистон дар истгоҳи Қудуқве, ки дар наздикии Пахтаобод воқеъ аст, беш аз 30 вогуни ширкати "роҳи оҳани Тоҷикистон" нигаҳ дошта шудаанд.
Вай афзуд: "Аз инҳо 6 вогун таҷҳизот, 6 вогун маводди сӯхти дизелӣ ва вогунҳои дигар гандум, хокаи либосшӯйӣ, дору ва маводди пизишкӣ, собун ва лавозими дигар доранд."
Ба гуфтаи оқои Тропин, дар истгоҳҳои мухталифи дигари Ӯзбакистон, аз ҷумла дар ҳаволии шаҳри Тирмиз, дар наздикии шаҳри Бухоро ва дар Ховаст низ теъдоди зиёде аз вогунҳо мутаваққиф шудаанд ва ҳаракати онҳо чанд ҳафта боз ба таъхир уфтодааст.
Вай теъдоде аз вогунҳоро баршумурд, ки аз 18, 19 ва 21 феврал дар минтақаи Ховаст, маҳалле наздик ба устони Суғд, дар шимоли Тоҷикистон, мутаваққиф шуда ва то имрӯз маълум нест, ки мақомоти ӯзбак кай ба ин вогунҳо иҷозаи ҳаракат медиҳанд.
Ин дар ҳолест, ки гуфта мешавад вогунҳои Тоҷикистон ҳомили маводди бисёр муҳим, аз ҷумла маводди сӯхтӣ барои ширкатҳои ҳавопаймоӣ, тарҳи сохтмони нерӯгоҳи "Роғун" ва воҳидҳои кишоварзӣ будаанд. Оқои Тропин аз ҷумла гуфт, ки 21 вогун маводди сухти реактивӣ, 148 вогун маводди сухти дизелӣ, 62 вогун бензин, 12 вогун экскаватор ва 18 вогун битум доранд.
Андрей Тропин гуфт, ки мақомоти "Роҳи оҳани Тоҷикистон" бо ҳамтоёни ӯзбаки худ дар бораи далоили боздошти қаторҳои худ ва имкони ҳаллу фасли ин масъула музокироте анҷом додаанд, вале ҷониби Ӯзбакистон тасмимоти мушаххасе дар ин замина нагирифтааст. Мақомоти "Роҳи оҳани Тоҷикистон" ҳамчунин аз нахуствазири ин кишвар барои рафъи ин мушкил дархости кумак кардаанд, вале сарнавишти вогунҳои мутаваққифшуда ҳамчунон номаълум аст.
Рӯзҳои 27-28 феврал дар Ишқобод ҳамоише баргузор шуд, ки дар он мақомоти Тоҷикистону Ӯзбакистон, Қирғизистону Туркманистон ва Қазоқистон ширкат карда ва масоили марбут ба умури роҳи оҳанро баррасӣ кардаанд. Дар ин нишаст ҷониби Ӯзбакистон ваъдаи ҳалли ин мушкилро дода, вале то кунун иқдоме анҷом надодааст.
Мақомоти "Роҳи оҳани Тоҷикистон" кишвари ҳамсояи Ӯзбакистонро ба эҷоди мавонеъе аз ин қабил дар роҳи тронзити қаторҳои худ ҳамвора муттаҳам мекунанд, вале мақмоти ӯзбак аз ибрози назар дар ин бора пайваста худдорӣ кардаанд.
Ҳамаи роҳҳои оҳани Тоҷикистон аз тариқи қаламрави Ӯзбакистон убур мекунанд, ва мақомоти тоҷик бо ишора ба мавонеъе, ки ин кишвар эҷод мекунад, тарҳи бунёди роҳи оҳане ҷадид аз тариқи Афғонистон ба Эрон ва Туркманистонро таҳия кардаанд.
Давлати Тоҷикистон умедвор аст, ки бо бунёди ин роҳи оҳан қаторҳояш бидуни тронзит аз қаламрави Ӯзбакистон ба мақосиди худ осонтар хоҳанд расид. Вале маълум нест, ки иҷрои ин тарҳ кай оғоз хоҳад шуд, ҳарчанд музокироте дар ин бора бо мақомоти афғон ва эронӣ анҷом шудааст.
Би-Би-Си
Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/ijtimo/1959-2010-03-19-06-05-57.html