19:35:15 02-уми Июни 2025 сол
Внимание
  • Lack of access rights - File '/images/stories/2010/03/20_--01-a-aaaaanavruz222.jpg'

НАВРӮЗ МУБОРАК, ТОҶИКИСТОНИЁН!

САФОРАТИ ИМА ДАР ТОҶИКИСТОН МАТНИ ЗЕРИНИ ИЗҲОРОТИ КОТИБИ

ДАВЛАТИИ ИМА КЛИНТОНРО МИЁНИ ХАБАРНИГОРОН МУНТАШИР СОХТ:

 

«Аз номи Президент Обама ва мардуми Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, ман ба мардуми Тоҷикистон Наврӯзи хушбахт ва осоиштаро таманно дорам. Фарорасии ин иди бостонӣ ба ман имконият медиҳад нисбати суннати ғанӣ ва мероси густурдаи шумо эҳтироми худро изҳор намоям. Оилаҳо ва дӯстони саросари Тоҷикистон ва минтақа ҷамъ меоянд то робитаҳои деринаро густариш диҳанд, нақшаҳои оянда кунанд ва баҳори навро пешвоз гиранд.

 

Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ва Тоҷикистон ҳамкории қавӣ доранд, ки аз эҳтиром ва манфиати тарафайн маншаъ мегирад. Мо васеъгардонии ҳамкориамонро тавассути мусоидат ба амният ва суботи минтақавӣ, таҳкими рушди иқтисодёт ва соҳибкорӣ ва тақвияти имкониятҳои мубодилаи фарҳангӣ давом медиҳем. 

 

Иҷозат диҳед ба муносибати Иди Наврӯз ӯҳдадориамонро оиди вусъат додани ин робитаҳо бори дигар тасдиқ намоем. Дар якҷоягӣ мо ояндаи эминтар, демократитар ва ободтари халқҳои худро таъмин менамоем. Тамоми мардуми Тоҷикистон дар ин фасли нав сиҳату саломат бод.

 

Наврӯз муборак!»

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854