НАВРӮЗ – ШОҲНОМАИ ШАҲРИЁРОНИ МИЛЛАТ
Бо ибтикори Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, чун анъана, идҳои Наврӯз ва Ваҳдати миллӣ ҳар сол дар яке аз минтақа ё шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон ҷашн гирифта мешаванд. Ин иқдом ду ҳадафи муҳим ва созанда - мустаҳкам намудани ваҳдати миллӣ ва ободу зебо гардонидани минтақаҳои алоҳидаи мамлакат - дошта, ҷиҳати ноил шудан ба ҳадафҳои Ҳукумати мамлакат ва Сарвари давлат ба роҳ монда мешавад. Соли 2010 Наврӯз дар ноҳияи Данғара таҷлил шуд ва иди Ваҳдати миллӣ дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҷашн гирифта мешавад.
19 март дар ноҳияи Данғара ба муносибати таҷлили иди Наврӯз ҷамъомади ботантана баргузор гардид, ки дар он Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Туркманистон Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов иштирок намуданд.
Барои таҷлили бошукӯҳи иди Наврӯз дар ноҳияи Данғара барномаҳои гуногун, аз қабили сайру гашти оммавӣ, мусобиқаҳои гуногуни варзишӣ, намоишгоҳҳо ва фурӯшгоҳҳои маҳсули дастони устоҳои халқӣ ва маҳсулоти қаннодӣ, барномаҳои фарҳангӣ бо иштироки устодони санъату ҳунари мамлакат намоиш дода шуданд, ки ҷолиби диққат ва бозгӯи суннатҳои аҷдодӣ буданд. Аз ҷумла, намоиши куртаҳои гулдӯзии чакан, асбобҳои мусиқии миллӣ, таомҳои миллӣ ва амсоли инҳо, ки бевосита бозгӯи таъриху тамаддун ва тоҷикӣ будани Наврӯз буданд, писанди иштирокдорони чорабиниҳои наврӯзӣ, бахусус меҳмони фахрии Наврӯзи Тоҷикистон, Президенти Туркманистон Гурбонгулӣ Бердимуҳаммадов гардид.
Дар ноҳияи Данғара ба шарафи иди Наврӯз силсилаи муассисаҳои гуногуни фарҳангию иҷтимоӣ ба истифода дода шуданд. Аз ҷумла, дар рӯзи ид чойхонаи миллии «Хуррамшаҳр» дар Боғи фарҳангу фароғати маркази ноҳия, ки дар Осиёи Марказӣ чойхонаи калонтарин маҳсуб мешавад, филиали ҶСК «Ориёнбонк», маркази калони тиҷоратии «Каёнуш», бинои гимназия - интернат, корхонаи хишт дар деҳаи Парқамчӣ ба истифода дода, боғи марказии фарҳангу фароғатӣ ва варзишгоҳи ноҳия ба куллӣ тармим карда шуд. Гуфтанист, ки «Хуррамшаҳр» бо истифода аз анъанаҳои меъмории бостонии ниёгон ва ороишоти замонавӣ бунёд ёфта, иборат аз якчанд толорҳои хурду бузург мебошад. Маркази фароғатии «Хуррамшаҳр» дар як вақт, дар ҳамаи толору долонҳо ва сўҳбатгоҳҳо метавонад, то ба 700 нафар хизмат расонад.
Дар варзишгоҳи марказии ноҳияи Данғара, ки ба муносибати иди Наврӯз ба куллӣ тармим карда шуда, шумораи ҷойҳои нишасти он ба 10 ҳазор баробар аст, саҳнаи бошукўҳи идона ва консерти калони наврўзӣ, бо иштироки Саврони давлати дӯст – Тоҷикистону Туркманистон - Эмомалӣ Раҳмон ва Гурбонгулӣ Бердимуҳаммадов, баргузор гашт.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҳамаи ҳозирон ва меҳмононро ба муносибати иди байналмилалии Наврӯз табрик намуда, зикр кард, ки бо ташаббуси Тоҷикистон ва бо дастгирии баъзе мамлакатҳои ҷаҳон Маҷмаи кулли Созмони Милали Муттаҳид чанд рӯз пеш дар бораи таҷлили Рӯзи байналмилалии Наврӯз қатънома қабул кард. Минбаъд иди Наврӯз дар саросари ҷаҳон ҳамчун иди баҳор, оғози соли нав, эҳёи табиат ва оғози кишту кори баҳорӣ ҷашн гирифта мешавад. Ин, бешубҳа боиси фараҳмандӣ ва сарфарозии ҳамаи сокинони Тоҷикистон мебошад.
Дар ҳақиқат Наврӯзи аҷамро дар давоми ҳазорсолаҳо халқҳо ва миллатҳои гуногуни ҷаҳон – аз қисмати шимолии Чин сар карда, то сарҳади Аврупо, аз ҷумла миллати бо мо дӯст ва бародари туркман бошукӯҳ ҷашн мегиранд. Ин шаҳодат медиҳад, ки иди Наврӯз барои равнақу ривоҷи фарҳанг ва муносибатҳои дӯстонаи тамоми инсоният аҳамияти калон дорад, - гуфт Президенти Тоҷикистон.
Президенти Туркманистон Гурбонгулӣ Бердимуҳаммадов дар суханронии худ мардуми шарифи Тоҷикистонро бо Наврӯзи Аҷам муборак бод гуфт. Вай халқҳои тоҷику туркманро ду миллати дӯсту бародар ва дорои тамаддуну фарҳанги муштарак номида, гуфт, ки Туркманистон низ Наврӯзро иди миллии худ меҳисобад, бинобарин, туркманҳо ҳам мақоми байналмиллалӣ касб кардани онро бо як эҳсоси хуб пазируфтанд.
Тазаккур додан бамаврид аст, ки дар замони шӯравӣ Наврӯзро як падидаи динӣ ва иртиҷоӣ гуфта, таҷлили онро дар сатҳи расмӣ ва оммавӣ манъ карда буданд. Ҳол он ки, дар Аврупо дар бораи ин ҷашн огоҳӣ доранд ва соири кишварҳои Балкан онро ҷашн мегирифтанд. Чунин иқдом дар сатҳи байналмилалӣ миллатҳои ҷаҳонро бо ҳам қарин мегардонад. Ин пешниҳоди СММ дар шинохт ва эҳтироми фарҳанги миллатҳо нақши муҳим дорад. Пешниҳоди давлати Тоҷикистон барои мақоми ҷаҳони доданӣ Наврӯз, идомаи талошҳо дар бахши шинохти ҳуввияти миллист.
Тоҷикон Наврӯз ва ойинҳои онро ҳувияти миллии худ дониста, ҳатто дар замони Шӯравӣ, ки таҷлили расмии он манъ буд, ба таври пинҳонӣ, бо номҳои иди Баҳор, иди деҳқон, ҷуфти гов ва ғайра ҷашн мегирифтанд. Аз оғози соҳибистиқлолии Тоҷикистон Наврӯз ҳамчун ҷашни миллӣ дар тамоми қалаврави ҷумҳурӣ таҷлил карда мешавад.
Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар чорабинии наврӯзии соли 2008 бо ифтихор гуфта буд, ки «Мо аз ҷумлаи миллату мардумони хушбахте ҳастем, ки ин суннати деринаро бо маъниву мӯҳтавои амиқ ва ҷавҳари фалсафию рӯҳи зиндагисози он мерос гирифтаем, зеро Наврӯз – Шоҳномаи шаҳриёрони миллат, «Ёдгори Зарирон»-и ҷовидона, дарахти ҳамешасабзи «Ассурик», ҷашни Ҷамшед, «Корномаи Ардашер», «Пандномаи Анӯшервон», «Андарзномаи Бузургмеҳр», «Ганҷи шойгон», «Занду Позанд», сарчашмаи мусаффои «Минӯи хирад», замзамаи навоҳои борбадии «Наврӯзи Бузург», «Боғи Шаҳриёр», «Партави Фархор», «Сабз андар сабз», «Кини Сиёвуш», «Сарвистон» ва таърихи зиндаву бедор, пояндагиву ҷовидонагӣ, ному нанг, ифтихору шараф ва ҳуввияту бақои миллати фарҳангиву тамаддунсози тоҷик аст».
Бекназари Абӯбакр, Дилшода Ҷонмардова, АМИТ «Ховар»
Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/ijtimo/1986-2010-03-23-06-46-53.html