ҚАТЪИ ПАРВОЗИ ҲАВОПАЙМОҲОИ ХАТСАЙРИ ДУШАНБЕ-МАСКАВ
Масъулони фурӯдгоҳи шаҳри Душанбе мегӯянд, ду рӯз боз фурӯдгоҳҳои шаҳри Маскав бо сабабҳои норавшан ба ҳавопаймоҳои ширкатҳои «Тоҷик эйр» ва «Сомон эйр» иҷозаи вуруд намедиҳанд. Як масъули фурӯдгоҳи шаҳри Душанбе, ки аз бурдани номаш худдорӣ кард, ба радиои Озодӣ гуфт, аз рӯзи шанбе инҷониб парвози ҳавопаймоҳо бо хатсайри Душанбе-Маскав комилан қатъ шудааст ва мусофирони зиёде, ки аксаран муҳоҷирони кориянд, дар фурӯдгоҳи пойтахт интизорӣ мекашанд.
Ба гуфтаи ин сарчашма, ҷониби Маскав тасмими худро шарҳ надодааст. Вале Фирӯз Ҳамроев, муовини вазири нақлиёти Тоҷикистон, дар сӯҳбат бо радиои Озодӣ сабаби таваққуфи парвози ҳавопаймоҳо ба Русияро ба масъалаи шартномаи нави хатсайрҳо миёни ду кишвар рабт дод. Вай гуфт, феълан шартномаи нави шашмоҳа барои парвоз дар хатсайрҳои байни Тоҷикистон ва Русия мавриди баррасӣ қарор дорад ва то ҳол ҳол имзо нашудааст.
Вале ҷаноби Ҳамроев саривақт ба имзо нарасидани шартнома миёни ширкатҳои ҳавопаймоиро шарҳ надод. Вай изҳори умедворӣ кард, ки ин масъала тайи рӯзҳои наздик ҳалли худро пайдо хоҳад кард.
Хабарнигори радиои Озодӣ аз Суғд иттилоъ дод, ки тайи ду рӯзи ахир дар фурӯдгоҳи Хуҷанд низ парвози ҳавопаймоҳо ба Русия қатъ шудааст ва садҳо мусофир дар ин фурӯдгоҳ ҷамъ омадаанд. Фурӯдгоҳи шаҳри Хуҷанд тайи ин рӯзҳо ҳавопаймоҳои Русияро низ қабул накардааст.
Масъулини ширкатҳои "Тоҷик эйр" ва "Сомон эйр" дар Хуҷанд аз мусофирон даъват кардаанд, ки чиптаҳоро баргардонда, маблағҳои худро бозпас бигиранд.
«Озодӣ»
Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/ijtimo/2009-2010-03-28-12-45-59.html