06:05:59 04-уми Июни 2025 сол
Внимание
  • Lack of access rights - File '/images/stories/2010/04/04_--01-a-aaaaatangem14.jpg'
  • Lack of access rights - File '/images/stories/2010/04/04_--01-a-aaaaatangem14.jpg'
  • Lack of access rights - File '/images/stories/2010/04/04_--01-a-aaaaatangem14.jpg'

ҶОЙИ «ТАНГЕМ»-ҲОРО ДАР ПОЙТАХТ ЧӢ МЕГИРАД?

Давра ба давра дар пойтахт ҳаракати воситаҳои нақлиётии тамғаҳои «Чанху», «Дамаск» ва «Хафей», ки дар байни мардум бо номи «Тангем» маъмул аст, қатъ карда мешавад. Ин раванд чӣ гуна ҷараён мегирад ва он чӣ афзалият дорад? Бо ин ва дигар саволҳо мудири шӯъбаи нақлиёт ва коммуникатсияи Дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе Абдулхайр Алиев посух мегӯяд.

 

Ба андешаи А. Алиев ин тадбир дар асоси Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти №507  аз 31 августи соли 2009 «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба баъзе қарорҳои Ҳукумати  Ҷумҳурии Тоҷикистон», бо мақсади ба танзимдарорӣ, беҳгардонӣ, аз байн бурдани бенизомӣ дар бахши воситаҳои мусофиркашон ва  таъмини бехатарии мусофирон андешида шудааст. Тибқи ин қарор ба он воситаҳои нақлиётӣ, иҷозати ҳаракат ва хизматрасонӣ ҷиҳати кашонидани мусофирон дар ҳудуди пойтахт дода мешавад, ки онҳо сертификати мутобиқати заводи истеҳсолкунандаро дошта бошанд.

 

Бояд зикр кард, ки тибқи хулосаи Агентии «Тоҷикстандарт» он нақлиёте, ки дорои 7 ҷойи нишаст аст ба мисли - «Чанху», «Хафей» ва «Дамаск» /«Тангем»/, ки истеҳсоли Ҷумҳурии Мардумии Чин мебошанд, мутаасифона сертификати мутобиқат надоранд.

 

Аз ин рӯ минбаъд, ба он воситаҳои нақлиёте, иҷозати мусофиркашонӣ дода мешавад, ки сертификати мутобиқат доранд ва дар доираи шахси ҳуқуқӣ фаъолият карда метавонанд. Дар шаҳри Душанбе 4 корхонаи коммуналӣ ва 9  ҷамъият, ки  бо шахсони инфиродӣ тибқи шартномаи дуҷониба фаъолият мекунанд, вуҷуд доранд.

 

Минбаъд  ронандаҳои ин навъи воситаҳои нақлиёт дар доираи шахси ҳуқуқӣ, ба ин ҷамъиятҳо аъзо мешаванд дар асоси ин аъзогӣ ҷамъият ба онҳо рақамҳои қайди давлатии асосаш зард, яъне силсилаи «ТТ» медиҳад, ин ронандагон дар хатсайрҳои мусофиркашонӣ ҳаракат карда метавонанд. Дар ин маврид ҳатто мусофир ҳам ҳис мекунад, ки он нақлиёти мусофиркашоние, ки рақами қайди давлатаии зард дорад, дорои сертификати  мутобиқат аст.

 

Дар доираи татбиқкунии Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон №507  тамоми сохторҳо вазифадор  карда шудааст, ки минбаъд ба хотири ба низомдарорӣ, таъмини бехатарии мусофирон тадбирҳои зарурӣ андешанд. Имрӯз 4 корхонаи коммуналии пойтахт –ККВД «Автобус-1», «Автобус-2», ва «Автобус-3» пурра бо ин гуна рақамҳо таъмин шудаанд. Яъне танҳо он воситаҳое, ки дорои сертификати мутобиқат мебошанд, ин рақамҳоро дастрас карда метавонанд. Дар мавриди бидуни сертификати мутобиқат ҳаракат кардани «Тангем»-ҳо ва дигар воситаҳои нақлиётӣ ҷарима ситонида мешавад.

 

-Тақдири минбаъдаи «Тангем»-ҳо чӣ мешавад? Ва он ронандаҳое, ки то ин муддат ба рондани ин намуди нақлиёт машғул буданд бе ҷойи кор намемонанд?

 

-Тибқи мушоҳидаҳои мо 70% воситаҳои нақлиётии тамғаи «Тангем»- нақлиёти шахсии ронандаҳо нест. Онҳо тибқи иҷора кор мекунанд. Онҳо метавонанд дар корхонаи коммуналии пойтахт фаъолият намоянд. Алҳол корхонаҳои коммуналии нақлиётии пойтахт ба 500-600 ронанда ниёз доранд. Ин ронандаҳо бе мамониат метавонанд омада, дар ин корхонаҳо ба рондани автобус, троллейбус ва микроавтобусҳо машғул шаванд.

 

Бояд бигӯям, ки бо идора кардани «Тангем»-ҳо бехатарии мусофирон таъмин карда намешавад, сохти конструктсияи ин намуди воситаи нақлиёт ба мусофиркашонӣ мутобиқат намекунад. Дар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи нақлиёт» дар моддаи 19 омадааст, ки он воситаҳои нақлиёте ба мусофиркашонӣ иҷозат дода мешавад, ки аз лиҳози бехатарӣ, бехатарии санитарӣ ва экологӣ мутобиқат кунанд.

 

-Сабаб дар чист ва бо айби ки, чаро то ин вақт модоме  «Тангем»-ҳо дорои  сертификати мутобиқат набуданд,  вале дар роҳҳои пойтахт ба мусофиркашонӣ машғуланд? Чаро дар вақташ ин тадбир андешида нашуд?

 

-Ин намуди воситаҳои нақлиёт як давраи муайян ба хотири зарурат дар хатсайрҳои пойтахт ҳаракат карданд ва давра ба давра аз шаҳр бароварда мешаванд.

 

-Минбаъд ҷойи «Тангем»-ҳоро дар пойтахт кадом навъи воситаҳои нақлиёт мегиранд?

 

-Минбаъд дар ҷойи «Тангемҳо» воситаи нақлиётии мусофиркашони  и «Хундай старекс», /истеҳсоли Кореяи Ҷанубӣ/, микроавтобуси «Газел» ва автобусҳои ПАЗ /Русия/ ба мардум хизмат мерасонанд. Ин навъи воситаҳои нақлиёт аз ҷиҳати ҷойи нишаст, бехатарӣ, экологӣ қулай ва мувофи мебошанд.

 

-Дар пойтахт теъдоди «Хундай старекс» чӣ қадар аст?

 

-Ба фикри ман басанда мебошад. Минбаъд тибқи талаботи ҳар хатсайр муайян мекунем. Талабот  дар хатисайр агар 70 адад бошад ҷамъият 70 адад воситаҳои нақлиётро бо рақамҳои қайди давлатии зард таъмин месозад. Яъне квотаи муайян мешавад. Дар шаҳр бояд сиёсати дурусти кори нақлиётӣ бошад.

 

-Давра ба давра аз байн бурдани ҳаракати  «Тангем»-ҳо дар пойтахт  мардумро  нигарон намесозад? Зеро баъзеҳо бар он ақидаанд, ки маҳз тавассути «Тангемҳо»  саривақт ба ҷойи зарурӣ ва кор мерасанд?

 

-Ба фикри ман ягон мушкилот пеш намеояд. Тамоми нақлиёти мусофиркашонӣ  дар пойтахт басанда аст. Агар шумо мушоҳида карда бошед, саҳаргоҳон аз хиёбони Саъдии Шерозӣ-назди Муҷтамеъи рӯзномаю маҷаллаҳо /ГЖК/ гузар намоед то буриши хиёбони Айнӣ дар соатҳои шиддатнок дар ин хатсайрҳо тамба /пробка/ ба вуҷуд омада, ҳаракат кардан бениҳоят мушкил аст. Баъдан аз куҷо троллейбусу автобус ва дигар нақлиёти ҷамъиятӣ дар як реҷаи муайян ҳаракат намояд. Аз ин рӯ,  як тарафи масъала кам кардани миқдори нақлиёт аст.

 

Ҳар як роҳ тибқи меъёрҳо ва қоидаҳои роҳсозӣ меъёри гузариш дорад. Аз меъёри гузариш, ки зиёд шуд, он албатта бехатариро аз байн мебарад. Як сиёсати дуруст бурдан зарур аст дар ин самт. Зеро шаҳрванд вақте, ки аз хона ба кор меравад бояд автобус тибқи реҷа ҳаракат кунад. Модоме, ки чунин монеъаҳо ва тамбаҳо ба вуҷуд ояд пас он шаҳрванд чӣ гуна сари вақт ба кор рафта мерасад.

 

Аз ин рӯ, роҳҳои пешгирии чунин тамбашавиро дар ҳамкорӣ бо сохторҳои гуногуни соҳа -Раёсати хадамоти давлатии танзим ва назорат дар соҳаи нақлиёт, БДА, ВКД, Вазорати нақлиёти ва коммуникатсияи ҷумҳурӣ гирифтан даркор. То дар оянда дар ин самт тадбирҳои ҷиддӣ ва саривақтӣ бурда шавад. Ё агар ба фазои шаҳр назар афканем ғубор ба чашм мерасад. Ин ғубор аз миқдори зиёди газҳои хориҷшаванда аз нақлиёти гуногуни дар шаҳр ҳаракаткунанда аст, ки фазои шаҳрро ифлос гардонида, ба саломатии мардум зарар мерасонад.

 

-Имрӯз чӣ миқдор воситаҳои нақлиётӣ ба мусофирон дар шаҳр хизмат мерасонанд?

 

-Дар корхонаҳои коммуналии нақлиётии пойтахт алҳол дар маҷмӯъ 694 адад воситаҳоим нақлиёти мусофиррбар, ба мисли автобусу троллейбус ба мардум хизмат мерасонанд, ки дар як рӯз 70 % -и онҳо -440-450 ададашон мусофир мекашонанд.

 

-Татбиқи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон №507 чӣ афзалият дорад?

 

 Яке аз ҳадафҳои асосӣ дар Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон №507 ин аст, ки тамоми он воситаҳои нақлиётие, ки сертификати мутобиқатӣ доранд дар доираи шахсӣ ҳуқуқӣ фаъолият менамоянд. Инҳо метавонанд ба он ширкатҳои хусусие, ки ба мусофирбарӣ машғуланд, ки ададашон 9 то аст, аъзо шаванд ва аллакай манфиатҳои иҷтимоии онҳо ҳифз мегардад. Ба онҳо маош дода мешавад, аз ҳисоби маоши онҳо 25 % ба боҷи давлатӣ меравад, яъне ин маблағҳо ба давлат пардохт карда мешаванд.

 

Онҳо пурра ронандаи ҳамон ҷамъият шуда ва дорои ҳимоятгари худ мешаванд. Аксари ронандаҳое, ки имрӯз дар кӯчаю хиёбонҳои пойтахт ба мусофиркашонии ғайриқонунӣ машғуланд, дар солҳои наздик синнашон ба нафақа мерасад аз куҷо онҳо баъдан маълумот барои гирифтани нафақа пайдо мекунанд. Ин системаро низ фикр кардан даркор. Дар Қарори №507 ин масъалаҳо баррасӣ шудааст.

 

-Маоши ронандаҳои  воситаҳои нақлиёти мусофирбарӣ дар пойтахт чанд сомониро ташкил медиҳад?

 

-Маоши ронандаҳо дар асоси шартнома бо роҳбари ҷамъият ва ронанда муайян карда мешавад. Музди миёнаи маоши ронандаҳои воситаҳои нақлиёти мусофиркашонӣ дар пойтахт аз 150-то 500-600 сомонӣ ва вобаста ба даромад ва ҳаракати хатсайр аст.

 

-Ояндаи наздик баландшавии нархи роҳкиро дар нақлиёти мусофирбари шаҳрӣ дар назар дошта шудааст?

 

-Агар болоравии нархи сӯзишворӣ ва қисмҳои эҳтиётӣ мушоҳида нашавад, нархи роҳкиро тағйир намеёбад. Алҳол,  нархи роҳкиро барои истифода аз хизмати автобус 60 дирам, троллейбус 50 дирам  ва миркоавтобуси тамғаи Газел 60 дирам муқаррар гардидааст.

 

Марзия Саидова, АМИТ «Ховар»

Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/ijtimo/2052--lr-.html

 

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854