05:59:17 04-уми Июни 2025 сол
Внимание
  • Lack of access rights - File '/images/stories/2010/04/06_--01-a-aaaaaapolicebbc--2.jpg'
  • Lack of access rights - File '/images/stories/2010/04/06_--01-a-aaaaaapolicebbc--2.jpg'
  • Lack of access rights - File '/images/stories/2010/04/06_--01-a-aaaaaapolicebbc--2.jpg'

БАРРАСИИ ТАРҲИ ҚОНУНИ ҶАДИД ДАР БОРАИ ХИДМАТИ САРБОЗӢ

Шӯрои Маҷлиси намояндагон лойиҳаи қонуни ҷадиди даъват ба сарбозӣ дар Тоҷикистонро баррасӣ кардааст. Ҳарчанд манобеъи порлумони Тоҷикистон мегӯянд, ки дар сурати тасвиби ин санад, дар раванди даъват ва хидмати сарбозӣ тағйиротҳое сурат хоҳад гирифт, вале аз ироаи ҷузъиёти онҳо худдорӣ мекунанд.

 

Шодӣ Шабдолов, узви порлумони Тоҷикистон гуфт, ки лойиҳаи ин қонун аз сӯйи Ҳиби куммунисти ин кишвар таҳия шуда ва аз сӯйи Мирзобек Ҳоҷиев, вакили собиқи порлумон пешниҳод шудааст. Оқои Шабдолов гуфт, ки тибқи Қонуни асосии Тоҷикистон бояд куллия ҷавонони аз 18 то 29-сола дар кишвар барои ду сол ба хидмати сарбозӣ даъват шаванд. Вале ба бовари оқои Шабдолов имконияти нерӯҳои мусаллаҳи ин кишвар барои пазируфтани ҳамаи ин ҷавонон ба суфуфи артиш маҳдуд аст.

 

Ба ин далел, куммунистҳо пешниҳод кардаанд, наҳваҳои ҷадиди хидмати низомӣ, аз ҷумла ҷалби бархе аз ҷавонон ба корҳои ҷамъиятӣ бар ивази хидмати сарбозӣ иҷоза дода шавад. Шодӣ Шабдолов гуфт, ки дар лойиҳаи ин қонун тағйиротҳое пешниҳод шудаанд, вале вай метавонад дар ин бора танҳо баъд аз тасвиби санад дар порлумон сӯҳбат кунад. Дар ҳамин ҳол, як мақоми Вазорати дифоъи Тоҷикистон, ки аз бурдани номаш худдорӣ кард, ба Би-би-сӣ гуфт, ки мавзӯъи таҳияи қонуни ҷадиди хидмати сарбозӣ дар ин кишвар тӯли ду-се соли ахир матраҳ будааст.

 

Вай афзуд, ки порлумони Тоҷикистон пешниҳод карда буд, мӯҳлати хидмати сарбозӣ аз ду то ба як сол коҳиш дода шавад. Вале Вазорати дифоъ мухолифи ин амр буда ва пешниҳод кардааст, ки ин мӯҳлат на камтар аз 1,5 сол муқаррар шавад. Ба гуфтаи ин мақоми Вазорати дифоъ, аъзои пешини порлумони Тоҷикистон пешниҳод карда буданд, ки бархе аз ҷавонон аз тариқи пардохти маблағ ва омӯзиши низомӣ дар муддати як моҳ, аз хидмат дар артиш озод шаванд. Ҳамакнун рӯшан нест, ки ин пешниҳод акнун дар лойиҳаи ҷадид ҳифз шудааст ё хайр.

 

Вазорати дифоъи Тоҷикистон ду сол қабл лойиҳаи худро дар бораи хидмати сарбозӣ дар ин кишварро пешниҳод карда буд. Он санад лағви бархе аз шароит барои муъоф шудани бархе аз ҷавонон аз хидмат дар артишро дар назар дошт. Аз ҷумла пешниҳод шуда буд, ҷавононе, ки дар ниҳодҳои интизомӣ ва ё додгоҳҳои Тоҷикистон кор мекунанд низ ба хидмати сарбозӣ ҷалб карда шаванд. Вазорати дифоъ танҳо имтиёз барои ҷавононеро ҳифз карда буд, ки ягона писар дар хонавода ҳастанд.

 

Дар ҳамин ҳол, аз 1-уми апрел дар Тоҷикистон даъвати ҷадиди ҷавонон ба суфуфи артиш оғоз шуд. Ҳарчанд, масъулони Вазорати дифоъ мегӯянд, дар чанд соли ахир ҷавононро аз роҳи боздошт дар хиёбонҳо, ба истилоҳ "облава" барои хидмат дар артиш ҷалб намекунанд, вале то ҳол чунин маворид мушоҳида мешавад. Дар ҳамин ҳол Фаридун Маҳмадалиев, сухангӯйи Вазорати дифоъи Тоҷикистон, вуҷуди мавориди боздошт ё “облава”-ро ғайриқонунӣ хонда ва аз шоҳидони чунин ҳодиса даъват кард, ки ба ниҳодҳои низомӣ шикоят бубаранд.

 

Зимнан, дар Тоҷикистон иттилоъ дар бораи теъдоди артиш сиррӣ маҳсуб мешавад ва иттилоъи дақиқе дар бораи шумораи сарбозон интишор намешавад. Вале соҳибназарон пайваста аз вазъи ногувори артиш ва нерӯҳои марзбонии ин кишвар изҳори нигаронӣ мекунанд.

 

Би-Би-Си

Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/ijtimo/2061-2010-04-06-10-02-21.html

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854