САРСОНИҲОИ СОКИНОНИ РОНДАШУДАИ ХОБГОҲ
Ҳудуди 50 хонавода, ки як ҳафта пеш аз хобгоҳи маҳаллаи 46-уми пойтахт ронда шуда, дар хаймаву мошинҳо ба сар мебаранд, бештар аз ҳама аз вазъи кӯдаконашон нигаронӣ мекунанд. Ин хонаводаҳо, ба гуфтаи масъулини хобгоҳ, бо сабаби напардохтани иҷорапулӣ аз манзилҳои зисташон ронда шудаанд ва то имрӯз бо фарзандону тамоми ҷиҳози манзилҳояшон дар кӯча монда, зери офтобу борон ба сар мебаранд.
Вале аз ин оворагии сокинони рондашудаи хобгоҳ, ки бархе аз навоҳии дурдасти кишвар омадаанд ва гурӯҳи дигар солҳои тӯлонист, ки сокини шаҳранд, бештар аз ҳама фарзандони хурдсолу навраси онҳо азият мекашанд. Аксари ин хонаводаҳо серфарзанданд. Сайрам Собирова, ки 20 сол боз дар ҳамин хобгоҳ зиндагӣ мекардааст ва ҳоло бо 5 фарзандаш дар берун мондааст, мегӯяд, ба далели серфарзандӣ соҳибхонаҳо ҳам манзилҳояшонро барои онҳо иҷора намедиҳанд.
Вай гуфт, “куҷое барои дарёфти манзили иҷора меравем мегӯянд, барои нафарони 5-фарзанда мо хона намедиҳем. Ман ин кӯдакҳои мактабхонамро куҷо барам?”
Ин хонаводаҳо мегӯянд, дар ин чанд рӯзе, ки бо тамоми ҷиҳози рӯзгор берун аз манзилҳои худ қарор доранд, атфолашон аксаран гуруснагӣ мекашанд ва танҳо он чизеро мехӯранд, ки аз сӯи сокинони хайрхоҳи атрофи ин маҳал барояшон дода мешавад.
Собир, яке аз ин наврасон, дар сӯҳбат бо Ояндасоз гуфт, «дили касе ба мо сӯзад, ягон нола авқот меорад ва мо каме шикамҳоямонро сер мекунем. Дар ин чанд рӯз мо баъзан саҳар гардоб мехӯрем ва баъзан вақт аслан чизе намехӯрем.»
Аммо аз ҳама бештар ин волидони беманзилро, вазъи таълими фарзандонашон ташвиш медиҳад. Онҳо мегӯянд, дар чунин шароите, ки ҳама ҷиҳози рӯзгорашон дар берун парокандаанд ва кӯдакон ҳам бо сару рӯйи ифлос мегарданд, наметавонанд ба мактаб рафта таҳсилашонро идома диҳанд. Хоҳишу зории волидони ин атфол ҳам дар мавриди ҳадди аққал то охири соли хониш, яъне то 2 моҳи дигар дар хобгоҳ зиндагӣ кардан, ба инобат гирифта нашудааст.
“Ман 2 фарзанд дорам, ки дар синфи 2 ва 5-ум мехонанд. Як ҳафта шуд аз мактаб мондаанд. Ҳама ҷиҳозомон дар берун, сумкаашро ёбем либосашро ёфтан наметавонем. Намедонем чӣ кор кунем.”
“Мегӯянд ояндаи Тоҷикистон кӯдакҳоянд, охир ин фарзандони мо имрӯз, ки нахонанд ду рӯз пас ҳоли онҳо чӣҷо мераванд? Намедонем ба кӣ муроҷиат кунем ва ба доди мо кӣ мерасад.”
“Ҳадди аққал мегузоштанд, ки то моҳи май ва охири мактаб меистодем боз як илоҷ мекардем”.
Аммо холаи Сайрам, рӯзномаи писарашро, ки дар синфи 7-ум ва бо баҳои аъло таҳсил мекардааст, ба мо нишон дода гуфт, бо вуҷуди ин ҳама, ӯ ба хотири канор намондан аз таҳсил, фарзандашро имрӯз баъд аз чанд рӯзи бехонагӣ аз хайма ба мактаб равон кардааст.
Вай афзуд, “бачаи ман дилшикаста мешавад. Ман орзӯ доштам, ки баъд аз ин сол писарам таҳсилашро дар омӯзишгоҳ идома диҳад. Дарсҳояшонро онҳо дар рӯи ана ҳамин гилемча, ки дар берун партофтаем тайёр мекунанд. ”
Ба ин тартиб сокинони яке аз хобгоҳҳи маҳаллаи 46-уми пойтахт, ки аз манзилҳои зисташон ронда шудаанд ва мегӯянд, имкони харидории манзилро надоранд аз ояндаи фарзандонашон, ки овораву ҳайрон дар хиёбон мондаанд, нигаронанд ва феъланд танҳо умед ба мақомот мебандад, ҳарчанд мегӯянд, дар ин 1 ҳафтаи беманзилӣ касе ба суроғашон наомадааст.
Хобгоҳи маҳаллаи 46-ум, дар гузашта дар ихтиёри корхонаи хонасозии Душанбе буда, ҳоло бинои хусусии сокини шаҳр Баҳодур Саъдуллоев аст, ки гуфта мешавад сокинони хобгоҳро барои напардохтани иҷорапулӣ аз хобгоҳ берун кардааст ва маълум нест онҳо ва фарзандонашон то кай дар берун, рӯи замин хобу зиндагӣ мекунанд.
Зарангези Наврӯзшоҳ, «Озодӣ»
Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/ijtimo/2081-2010-04-09-05-50-26.html