10:57:29 16-уми Июни 2025 сол
Внимание
  • Lack of access rights - File '/images/stories/2010/04/15_--01-a-aaaaaatall-road-bbc-226.jpg'
  • Lack of access rights - File '/images/stories/2010/04/15_--01-a-aaaaaatall-road-bbc-226.jpg'
  • Lack of access rights - File '/images/stories/2010/04/15_--01-a-aaaaaatall-road-bbc-226.jpg'

ИМКОНИ БОЗНИГАРӢ ДАР ҚИМАТИ РОҲИ ДУШАНБЕ-ЧАНОҚ

Вазири нақлиёт ва иртибототи Тоҷикистон гуфт, ки дар таъарруфаҳои нахустин роҳи пулакӣ дар Тоҷикистон таҷдиди назар хоҳад шуд. Олимҷон Бобоев дар сӯҳбате ихтисосӣ бо Би-би-сӣ гуфт, ки мақомоти зирабт дар ҳоли баррасии ин мавзӯъ ҳастанд. Вай аз ҷумла гуфт: "Чун ин таҷрибаи аввалин аст, нархҳое, ки муқаррар шудаанд, баландтар ҳастанд. Тибқи шартнома, ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ин салоҳиятро дорад, ки имтиёзҳоеро таъйин кунад."

 

Оқои Бобоев афзуд: "Нарху навои ин роҳи пулакиро Кумитаи зиддиинҳисории Тоҷикистон бояд таъйид кунад. Мо дар бораи таҷдиди назар дар ин нарх ба ҳукумати Тоҷикистон ва Кумитаи зиддиинҳисорӣ мактубе ирсол кардем ва бовар дорам, ин мушкил ҳалли худро пайдо хоҳад кард."

 

Ин дар ҳолест, ки ахиран сокинони бархе аз рустоҳои ноҳияи Варзоб, ки шоҳроҳи Душанбе-Чаноқ аз он рад мешавад, дар мавриди боло будани таъруфаҳои роҳ эътироз кардаанд. Ба гуфтаи оқои Бобоев, Вазорати нақлиёт ва иртибототи Тоҷикистон ба умури роҳи пулакии Душанбе-Чаноқ, таъйини қимати роҳ, ҷамъоварии пул ва нигаҳдорӣ аз роҳи Душанбе-Чаноқ "кордор нест".

 

Дар маросими ифтитоҳи ин роҳ, ки нахустин таҷрубаи роҳи пулакӣ дар қаламрави Тоҷикистон маҳсуб мешавад, эълом шуда буд, ки умури ин роҳ бар ӯҳдаи "Innovative Road Solutions", як ширкати ба гуфтаи мақомот бритониёӣ, аст.

 

Дар ин маросим эълом шуда буд, ки ширкати "Innovative Road Solutions" як ширкати ботаҷрубаи байналмилалист, вале дар сафҳаи интернетии ин ширкат ҳеҷ иттилоъе дар бораи фаъолияти ин ширкат қабл аз ба уҳда гирифтани тарҳи роҳи Душанбе-Чаноқ дарҷ нашудааст.

 

Ин сойт ҳамичунин дар бораи раиси кулли ин ширкат иттилоъе ироа намекунад. Ин мавзӯъ боъис шуда, ки дар маҳофили мухталифи иҷтимоъӣ шоеъоте дар бораи таъаллуқ доштани ширкати "Innovative Road Solutions" ба афроди наздик ба хонаводаи раиси ҷумҳур пахш шудааст, вале мақомот ин шоеъотро таъйид ва ё такзиб накардаанд.

 

Би-Би-Си

Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/ijtimo/2117-2010-04-15-03-21-02.html

 

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854