23:34:34 02-уми Июни 2025 сол
Внимание
  • Lack of access rights - File '/images/stories/2010/04/15_--01-a-aaaaaatrain_226x.jpg'

РАДДИ ИЗҲОРОТИ МАҚОМОТИ РОҲИ ОҲАНИ ӮЗБАКИСТОН

Ширкати "Роҳи оҳани Тоҷикистон" иддаъои мақомоти Ӯзбакистон мабнӣ бар ин, ки гӯё 555 вогуни боркашро ба вилояти Хатлон фиристода ва Тоҷикистон ичозаи вуруди онҳоро надодааст, рад кард. Гулсара Маҳмудова, раҳбари идораи умури боркашонии ширкати "Роҳи оҳани Тоҷикистон", дар ин бора ба Би-би-сӣ иттилоъ дод.

 

Вай гуфт: "Агар ширкати Роҳи оҳани Ӯзбакистон вогунҳои Тоҷикистонро иҷоза медод, "мо аз ин хабар медоштем ва қаторҳоро ба минтақаҳои Тоҷикистон бе ягон монеъа равона мекардем, вале мутаассифона ин иттилоъ ғалат аст." Ин дар ҳолест ки ахиран ширкати "Ӯзбакистон темир йуллари" эълом кардааст, ки Ӯзбакистон бо ҳар баҳона қаторхои боркаши Тоҷикистонро дар кишвари худ мутаваққиф накардааст.

 

Ба гуфтаи масъулони ин ширкат, дар ҳоли ҳозир ҷониби Тоҷикистон бо ҳар баҳона қаторҳои боркаши худро иҷоза намедиҳад, ки вориди Тоҷикистон шаванд. Ҳамчунин, расонаҳои Ӯзбакистон навиштаанд, ширкати "Ӯзбакистон темир йуллари" рӯзи 13 апрел ба Амонуллои Ҳукуматулло, раиси ширкати "Роҳи оҳани Тоҷикистон" барқияе фиристода ва сабабҳои мутаваққиф шудани ҳаракати қаторҳои Тоҷикистон дар қаламрави Ӯзбакистонро ба ҷараёни корҳои тармим дар роҳҳои оҳани он кишвар рабт додааст.

 

Дар ин нома ширкати "Ӯзбакистон темир йуллари" навиштааст, ки ба сабаби боришҳои зиёд роҳҳои қатори ин кишвар зарари зиёд дидааст. Бахусус вазъи мушкил дар масири "Ғалаба–Амузанг" ба назар мерасад. Ин ҳам дар ҳолест, ки тибқи иттилоъи "Роҳи оҳани Тоҷикистон", беш аз 2000 вогуни боркаш, ки маводди сӯхт, масолеҳи сохтмонӣ ва таҷҳизоти кишоварзӣ доранд, дар қаламрави кишвари ҳамсоя банд мондаанд.

 

Ахиран Аксел Шиммелпфенниг, раҳбари ҳайъати намояндагии Сандуқи Байналмилалии Пул, баъд аз мулоқот бо раиси ҷумҳури Тоҷикистон гуфт, ки барои ҳалли мушкили қаторҳо мусоъидат хоҳад кард. Вай аз ҳукумати Тоҷикистон хостори гуфтугӯ бо раҳбари Ӯзбакистон шуд.

 

Дар ҳамин ҳол, Суҳроб Шарифов, раиси Маркази мутолеъоти истротежики Тоҷикистон, як ниҳоди вобаста ба раёсатиҷ умҳурии ин кишвар, дар нишасте матбуъотӣ ба хабарнигорон гуфт, ки ба ҳеч ваҷҳ ҳукумати Тоҷикистон набояд ба созмонҳои байналмилалӣ барои кумак ба ҳалли ин мушкил муроҷеъа кунад.

 

Вай гуфт ба далели он ки созмонҳои байналмилалӣ ба Ӯзбакистон ба ҷойи фишор овардан бештар тавсия мекунанд, ин мушкил ба кумаки онҳо ҳалли худро нахоҳад ёфт. Тоҷикистон бояд барои ҳалли ин мушкил бояд ба додгоҳҳои байналмилалӣ муроҷеъа кунад. Ҳамчунин, оқои Шарифов гуфт, ки Тоҷикистон набояд мисли кишвари ҳамсоя рафтор кунад ва алайҳи он кишвар маҳдудиятҳои иқтисодӣ, роҳандозӣ кунад.

 

Би-Би-Си

Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/ijtimo/2119-2010-04-15-18-09-15.html

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854