13:08:35 02-уми Июни 2025 сол
Внимание
  • Lack of access rights - File '/images/stories/2010/04/19_--01-a-aaaaaguantanamo--2.jpg'
  • Lack of access rights - File '/images/stories/2010/04/19_--01-a-aaaaaguantanamo--2.jpg'
  • Lack of access rights - File '/images/stories/2010/04/19_--01-a-aaaaaguantanamo--2.jpg'

ОХИРИН ТОҶИКИ ГУАНТАНАМО: УМАР Ё МУҲАММАДӢ?

Як зани 63-сола дар ноҳияи Панҷ баъд аз дидани акси охирин маҳбуси тоҷик дар зиндони Гуантанамо дар нашрияҳои маҳаллӣ, ки аз торнамои Озодӣ бознашр шудааст, аз Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон хоҳиш кардааст, то дар бораи фарзандаш ба ӯ маълумоти дақиқ диҳанд. Шамъигул Нуруллоева, сокини ноҳияи Панҷ, аз вазорати умури дохилӣ хоҳиш намудааст, то дар бораи фарзандаш Муҳаммадӣ Давлатов, ки дар расонаҳо аз ӯ ба унвони охирин маҳбуси тоҷик дар Гуантанамо ва Умар Абдуллоев ном бурда мешавад, маълумот диҳанд.

 

Ин модари 63-сола ба Радиои Озодӣ гуфт, 18 сол инҷониб, аз соли 1992 ба ин сӯ аз фарзандаш хатту хабаре нагирифтааст. Вай мегӯяд, фарзандаш ҳангоме, ки 13 сол дошт, беномунишон шудааст. Падари ин ҷавон Фатҳуддин Давлатов ном дошта, ва алорағми хабарҳои қаблӣ зинда будааст. Дар моҳи ноябри соли гузашта дар торнамои Озодӣ хабаре нашр шуда буд, ки охирин маҳбуси тоҷик дар Гуантанамо намехоҳад, ба Тоҷикистон истирдод шавад.

 

Ин маҳбуси тоҷик, ки аз ӯ Умар Абдуллоев ном бурда мешуд, гуфтааст, аз бозгашт ба ватанаш бим дорад ва аз Амрико дархости ҳаққи паноҳандагӣ мекунад. Аммо дар шарҳи ҳоли Умар Абдуллоев, ки як созмони ҳомии ҳуқуқи Амрико нашр кардааст, мехонем, ки ӯ замони ҷанги шаҳрвандии Тоҷикистон соли 1992 дар синни 13-солагӣ бо хонаводааш аз тарси таъқиб ба Афғонистон фирор карда, то соли 1994 дар урдугоҳи Имом Соҳиб, наздикии шаҳри Кундуз ба сар бурдааст.

 

Баъди шунидани хабари қатли падараш дар Тоҷикистон, Умар бо наздиконаш орзуи бозгаштро аз сар дур карда ва соли 2001 бо модараш ба урдугоҳе дар Пешовари Покистон рафтаанд. Ва 25 ноябри соли 2001 ба дасти маъмурони амниятии Покистон афтида ва сарнавишташ то ба Гуантанамо кашидааст. Ин матлаби Озодӣ бо акси ин тоҷик баъдан дар нашрияҳои маҳаллӣ бознашр шуда буд ва Шамъигул Нуруллоева дар ин акс фарзанди худ – Муҳаммадӣ Давлатовро шинохтааст.

 

Тафсилоти бештари ин қазия дар фурсати наздик нашр хоҳад шуд.

 

«Озодӣ»

Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/ijtimo/2147-2010-04-19-11-23-45.html

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854