ЧИҲИЛ ҲАЗОР СОМОНӢ БАРОИ ЯК ШУМОРАИ ХУДРАВ
Дар нахустин музоядаи шумораҳои рунд ё ба истилоҳ "блатной" барои худравҳо дар Тоҷикистон як чунин шумора дар ивази 40 ҳазор сомонӣ харидорӣ шудааст. Манобеъи пулиси роҳ мегӯянд дар маҷмӯъ, дар музоядаи нахуст аз 144 шумораи рунд, ки бархе мардум онро "счастливчик", яъне муборак ва хушюмн медонанд, 35 шумора аз сӯй моликони худравҳои мухталиф харидорӣ шудааст.
Давлати Тоҷикистон тасмим гирифтааст маболиғи аз фурӯши шумораҳои рунд ё шик ба дастомадаро дар иҷрои тарҳи сохтмони нерӯгоҳи “Роғун” масраф кунад. Масъулони пулиси роҳи Тоҷикистон аз он изҳори нигаронӣ карданд, ки дар нахустин музояда теъдоди андаке аз алоқамандони харидории шумораҳои рунд ҳузур доштанд. Онҳо мегӯянд, ки сабаби ин амр огоҳӣ наёфтани соҳибони худравҳо аз ин музояда аст.
Бо ин вуҷуд, дар нахустин музоядаи шумораҳои "боҳайсият" соҳиби як худрав барои дарёфти шумораи “0100” чиҳил ҳазор сомонӣ ё беш аз 9 ҳазор дулор пардохт кардааст. Тибқи шароити ин музояда, асомии соҳибони худравҳое, ки ин гуна шумораҳоро дарёфт мекунанд, эълом намешавад.
Манобеъи пулиси роҳ ҳамчунин хабар доданд, ки шумораи “0707” дар ивази 6500 сомонӣ ва шумораҳои “0202” ва ”0808” ҳар кадом дар ивази 3600 сомонӣ ва шумораи “0800” дар ивази 1200 сомонӣ харидорӣ шудаанд. Ин дар ҳолест, ки арзиши шумораи худравҳо дар Тоҷикистон 75 сомонӣ аст, вале дар пайи ташкили ин музояда пулиси роҳ ҳудуди 80 ҳазор сомонӣ маблағи бештаре ҷамъоварӣ кардааст.
Гуфта мешавад дар гузашта алоқамандони шумораплокҳои рунд онҳоро аз роҳи "ошнобозӣ" дар идораи пулиси роҳ ва ё бо додани ришва ба маъмурон дарёфт мекарданд. Ба эътиқоди бархе аз ронандаҳо, шумораҳои рунд ё ба истилоҳи русӣ “крутой” баёнгари ҳайсият ва мақоми иҷтимоъии соҳибони ин худравҳо буда ва маъмурони пулиси роҳ низ дар бархӯрд бо ронандаҳои ин гуна худравҳо чандон сахтгир нестанд.
Ҳоло дар шаҳри Душанбе худравҳое, ки шумораплокҳои “8888” ё “7777” доранд, зиёд маъруф ҳастанд, вале ба гуфтаи ронандаҳо, соҳибони онҳо умдатан бо мақомоти баландпояи Тоҷикистон иртибот доранд. Ҳамакнун суоли матраҳ ин аст, ки оё ҷомеъаи Тоҷикистон, ки ҳудуди 60 дарсади мардумаш фақиру бенаво ҳастанд, фурӯши як шумораи рунд бар ивази чиҳил ҳазор сомониро чигуна қабул хоҳад кард?
Ин дар ҳолест, ки тибқи гузориши тозаи Барномаи Ҷаҳонии Ғизои СММ, тақрибан нисфи мардуми рустонишини Тоҷикистон дар таъмини ғизо барои хонаводаҳои худ бо мушкилоти зиёде рӯбарӯ буда ва 81 дарсад барои фасли баҳор пасандози кофӣ надоранд. Ҷомеъашиносон мегӯянд, ки фасоди густарда мӯҷиб шудааст, ки тафовут миёни ақшори камбизоъат ва сарватманди Тоҷикистон башиддат афзоиш ёфта ва ин амр метавонад батадриҷ ба норизоятии густардаи мардум дар ин кишвар сабаб шавад.
Ба гуфтаи соҳибназарон, агар панҷ дарсади ҷамъияти Тоҷикистон афроди сарватманд бошанд ва ҳудуди шаст дар сад зери хатти фақр ба сар мебаранд, пас вазъи теъдоди боқимондаро метавон наздик ба хатти фақр унвон кард. Дар ҳамин ҳол, манобеъи пулиси роҳи Тоҷикистон гуфтанд, ки музоядаи оянда барои фурӯши шумораплокҳои рунд барои худравҳо 22 моҳи май баргузор хоҳад шуд.
Би-Би-Си
Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/ijtimo/2171-2010-04-22-18-18-55.html