НИГАРОНИҲО АЗ АФЗОИШИ НАРХИ РОҲКИРО
Афзоиш ёфтани қиммати роҳкирои нақлиёти мусофирбар дар Хуҷанд нигаронии сокинони ин шаҳрро ба бор овардааст. Тибқи нархномаи нав, роҳкиро барои нақлиёти мусофирбари газӣ 90 дирам ва мошинҳои мусофиркаши бо сӯзишвории моеъ - 1 сомонӣ муқаррар шудааст. Масъулини идораи нақлиёти мусофирбарии вилояти Суғд мегӯянд, афзоиши нархи сузишворӣ ва андозҳои давлатӣ ба боло бурдани қиммати роҳкиро боис шудааст.
Абдуҷалил Бобоев, муовини директори генералии идораи нақлиёти Суғд, гуфт, «минбаъд арзиши роҳкиро барои мусофирони бо нақлиёти газӣ ҳаракаткунанда 80 дирам ва барои нақлиёти бо сузишвории моэъ фаъолиятбаранда 90 .1 сомонӣ муқаррар шудааст. Ин дар ҳолест, ки ахиран дар моҳи июни соли гузашта қиммати роҳкирои нақлиёти мусофирбар дар вилояти Суғд 30 дарсад афзоиш ёфта буд.
Раҳимбой Умаров, як сокини нафақахури суғдӣ, мегӯяд, боло рафтани нархи мусофирбарӣ бештар аз ҳама барои сокинони оддӣ мушкил хоҳад буд. Вай меафзояд, «нафақа кам, нарху наво дар бозар қиммат, бо вуҷуди ин нархи роҳкироро қиммат карданд».
Муҳаббат Каримова, сокини дигари шаҳри Хуҷанд, аз моҳонаи ночиз шикоят мекунад ва мегӯяд, «ҳамагӣ 80 сомонӣ маош мегирам. Фарзандонро ба мактаб фиристодан даркор. Ҳар рӯз барои онҳо маблағ зарур аст».
Аксари ронандаҳо мегӯянд, ки бештар аз ҳама зиёд шудани молиёт кори мусофиркаширо мушкил ва камдаромад кардааст. Нодир Ҷалилов, гуфт, бар асари гаронии андозу молиёт бисёре аз ронандаҳо кори худро тарк карда рӯ ба муҳоҷирати корӣ бурдаанд.
Дар ҳамин ҳол коршиносон мегӯянд, боло рафтани нархи роҳкиро як иқдоми ғайриинтизории масъулин аст, ки он барои мардуми оддӣ таъсири манфӣ хоҳад гузошт. Тилав Расулзода, коршиноси маҳаллӣ бар ин назар аст, ки масъулин ба ҳангоми боло бурдани қиммати роҳкиро бояд вазъу шароити мардумро ба назар мегирифтанд.
Вай афзуд, «дар Тоҷикистон маоши ҳадди ақал 60 сомонӣ ва ё муодили беш 15 доллари амрикоист. Ман фикр мекунам, ки чунин нархгузорӣ ба сатҳу сифати зиндагии аксар мардуми вилоят таъсири манфӣ хоҳад расонд. Чунин иқдоми масъулини идораи нақлиёт шитобкорона аст ва бояд ин фармон таҷдиди назар карда шавад».
Ҳамчунин коршиносон бар онанд, ки бо гарон шудани арзиши роҳкиро сифати мусофирбарӣ бе тағйир хоҳад монд, зеро ба қавли онҳо, дар тӯли солҳои ахир ягон нақлиёти мусофирбари ҷадид ворид карда нашудааст.
Қамари Аҳрор, «Озодӣ»
Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/ijtimo/2189-2010-04-25-18-39-05.html