13:00:23 02-уми Июни 2025 сол
Внимание
  • Lack of access rights - File '/images/stories/2010/04/28_--01-a-aaaaaaahaybullolatifov-2.jpg'
  • Lack of access rights - File '/images/stories/2010/04/28_--01-a-aaaaaaahaybullolatifov-2.jpg'
  • Lack of access rights - File '/images/stories/2010/04/28_--01-a-aaaaaaahaybullolatifov-2.jpg'

ЗИЁНИ ҲАВОДИСИ ТАБИЪИИ ИМСОЛ: 13 МИЛЮН СОМОНӢ

Масъулони Кумитаи умури изтирории Тоҷикистон мегӯянд, ки дар се моҳи соли ҷорӣ 17 нафар аз сокинон дар ин кишвар бар асари ҳаводиси мухталифи табиъӣ ба ҳалокат расидаанд. Ин дар ҳолест ки женерол Ҳайбулло Латипов, раиси ин кумита, гуфт дар даврони мушобеҳ дар соли гузашта танҳо ҳашт нафар дар ҳаводиси табиъӣ ҷонҳои худро аз даст дода буданд. Ба гуфтаи женерол Латипов, камбуди таҷҳизоти фаннӣ, аз ҷумла набуди мошинҳои вижа ва чархбол, аз фаъолияти муассири ин ниҳод монеъ шудааст.

 

Женерол Латипов мегӯяд, ки соли ҷорӣ барои Тоҷикистон яке аз солҳои душвортарин буд, зеро ба гуфтаи вай, дар ин муддат дар қаламрави ин кишвар беш аз 80 ҳодисаи табиъии мухталиф рух додааст. Оқои Латипов дар мавриди хисороти ворида аз ин ҳаводис мегӯяд: "Дар се моҳи аввали соли ҷорӣ хисороти ворида аз ҳаводиси табиъӣ беш аз 13 милюн сомониро ташкил медиҳад, ки дар муқоиса бо соли гузашта як милюн сомонӣ зиёд аст.”

 

Женерол Латипов мегӯяд, ки ҳарчанд ин кумита барои ҷилавгирӣ аз авоқиби ҳаводиси табиъӣ ва пешгирии он фаъолиятҳоеро анҷом медиҳад, вале камбуди таҷҳизоти фаннӣ, аз ҷумла мошинҳои вижа барои фаъолияти сареъ барои наҷоти инсонҳо кори онҳоро камранг мекунад. Ба гуфтаи масъулони ин кумита, бештари хисороти ворида аз ҳаводиси табиъӣ дар ду ноҳияи Тоҷикистон, аз ҷумла Ванҷ ва Восеъ, мушоҳида шудааст.

 

Аммо женерол Латипов мегӯяд, ки кумисиюни вижаи давлатӣ таҳти сарпарастии Муродалӣ Алимардон, муъовини нахуствазири Тоҷикистон, аз ҷойи вуқӯъи ҳаводиси табиъӣ дидан карда ва машғули арзёбии мизони дақиқи хисороти ворида аз ин ҳаводис будааст. Дар ҳамин ҳол, бисёре аз сокинони манотиқи наздик ба рӯдхонаи Яхсӯ дар ноҳияи Восеъ, ки дар авоили моҳи апрел дар асари обхезӣ хисороти зиёди молӣ дидаанд, ба хабарнигорон аз набуди таваҷҷуҳ ба барномаҳои соҳилсозӣ дар маҳалли хатарнок шикоят кардаанд.

 

Иддае аз онҳо ба он ишора кардаанд, ки аз маболиғи лозима барои бунёди садди савоҳили ин рӯдхона истифодаи муассир нашудааст. Ин дар ҳолест, ки Фаттоҳ Саидов, раиси ин ожонс, рӯзи 27 апрел дар нишасте матбуъотӣ гуфтааст, ки кормандони ин ниҳод машғули таҳқиқоти "чигунагии истифода аз ҳафт милюн сомонӣ барои бунёди садди рӯдхона дар устони Хатлон ҳастанд."

 

Би-Би-Си

Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/ijtimo/2212--13-.html

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854