06:37:54 01-уми Июни 2025 сол
Внимание
  • Lack of access rights - File '/images/stories/2010/04/29_--01-a-aaaaaaachinva-tojikiston-2.jpg'
  • Lack of access rights - File '/images/stories/2010/04/29_--01-a-aaaaaaachinva-tojikiston-2.jpg'
  • Lack of access rights - File '/images/stories/2010/04/29_--01-a-aaaaaaachinva-tojikiston-2.jpg'

ИМЗОИ САНАДИ НИҲОИИ МАРЗӢ МИЁНИ ТОҶИКИСТОНУ ЧИН

Вазирони умури хориҷии Тоҷикистон ва Чин Ҳамрохон Зарифӣ ва Ян Тзечӣ дар шаҳри Пекин протокол дар бораи аломатгузории марзи ду кишварро имзо карданд. Бо қабули ин санад раванди аломатгузории хатти марзи муштараки Тоҷикистону Чин ба поён расид.

 

Пекин гуфтааст, имзои ин санад ба масъалаи аз таърих боқимондаи марзӣ миёни Чину Тоҷикистон нуқтаи таммат мегузорад. Тоҷикистону Чин беш аз 500 километр марзи муштарак доранд. Баҳси марзӣ бо Чин ҳанӯз аз аҳди Шӯравӣ идома дошт ва ихтилофи назар асосан сари заминҳои ба истилоҳ ҳоли ё бетараф дар минтақаи Бадахшони шарқӣ вуҷуд дошт. Ҷониби Пекин даъвои ҳудуди 28 ҳазор километри мураббаъ замини наздимарзии Ҷумҳурии Тоҷикистонро мекард.

 

Баҳси кӮҳнаи таърих ва созиши Тоҷикистон бо Чин

Дар ҳудуди се даҳсолаи ахири умри худ, ҳукумати Шӯравӣ сари ин масъала бо Чин музокира анҷом намедод. Вале баъди азҳампошии Иттиҳоди Шӯравӣ дар соли 1991 ва касби истиқлолияти Тоҷикистон Чин иқдоми музокира бо Тоҷикистонро дар марвиди ин заминҳо аз сар гирифт.

 

Дар соли 2002, дар ҷараёни сафари раисиҷумҳури Тоҷикистон ба Чин як созишнома имзо шуд, ки тибқи он ҳазор километри мураббаъ аз замини мавриди баҳси ду ҷониб дар Бадахшони шарқӣ ба ихтиёри Чин гузошта шуд. Имзои ин санад вокунишҳо ва нигарониҳо дар ҷомеаи Тоҷикистонро ба бор овард ва ин иқдоми ҳукумати кишвар мавриди интиқоди мардум қарор гирифт.

 

Бархе аз аҳзоби сиёсӣ ва шахсиятҳои ҷудогона ин иқдоми ҳукумати Тоҷикистонро мухолифи меъёри Қонуни асосии кишвар унвон намуданд ва мегуфтанд, ки ин иқдом, яъне додани бахше аз хоки Тоҷикистон ба Чин, мебоист бар асоси раъйгирии умумӣ сурат мегирифт. Зеро тибқи асли Қонуни асосӣ ҳар гуна тағйири сохтмории қаламрави Тоҷикистон танҳо бо раъйгирии умумӣ бояд ҳалл шавад.

 

Аммо дар муқобил мақомот мегӯянд, барои ҳалли баҳси мазкур ниёзе ба раъйгирии умумӣ вуҷуд надошт. Зеро тибқи ин санад Тоҷикистон на заминаи қаламрави худ ба Чинро додааст, балки бар сари замини марвиди баҳси ду кишвар, бо Чин ба тавофуқ расидааст. Мақомот ин созишро ҳалли як масъалаи муҳим дар равобити ду кишвар медонанд. Ба бовари онҳо бидуни ин созиш имкони сарозер шудани сармояи Чин ба иқтисоди Тоҷикистон ва равобити ҳасанаи феълӣ вуҷуд намедошт.

 

Баҳсҳои марзии дигар

Анҷоми раванди аломатгузории марз бо Чин дар ҳолест, ки масъалаи таъини хатти марзи Тоҷикистон бо се кишвари дигари ҳаммарз, аз ҷумла Қирғизистон, Узбакистон ва Афғонистон, ҳамоно боқӣ мемонад. То имрӯз ҳамагӣ 50 дарсади марзи муштараки Тоҷикистон бо Қирғизистон ва 87 дарсади сарҳад бо Узбакистон аломатгузорӣ шудааст. Барои дақиқ намудани минтақаҳои мавриди баҳс дар хатти марз бо ин кишварҳо як комиссиюни вижаи байниҳукуматӣ фаъолият мекунад.

 

«Озодӣ»

Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/ijtimo/2221-2010-04-29-11-13-16.html

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854