СЕЛ ДАР ПАНҶАКЕНТ ХИСОРОТЕ БАРҶО ГУЗОШТ
Рӯзи 28-уми апрел тақрибан дар ҳаволии соъати шаши бегоҳ дар қисмати марказии шаҳри Панҷакент дар натиҷаи бориши борон ва жола сели калоне омад. Дар натиҷа, ба чанд бинои маскунӣ, ки дар минтақаи сел бунёд шуда буданд, хисороти молӣ расидааст. Ҳамчунин, бинои Корхонаи обрасонӣ, идораи намояндагии Ҳилоли Аҳмар дар шаҳри Панҷакент, ки дар наздикии сойи Зебон, ҷойгир шуда буданд, зиён дидаанд. Сойи Зебон аз байни шаҳри Панҷакент мегузарад. Ба гуфтаи шоҳидони айнӣ, чӯбу дарахт ва ҳар гуна партовҳои соҳили сой бо сел омада, маҷрои онро дар зери пул банд кардааст ва сел ба ду тарафи соҳил ҷорӣ шуда, ба биноҳои хусусӣ ва давлатӣ зарар расондааст.
Сарвари Корхонаи обрасонӣ Илҳом Сатторов гуфт: "Ҳанӯз ҳаҷми умумии зарари сел дақиқ карда нашудааст." Вай афзуд: "То ҳол маълум шуда, ки 2 килуметр хатти таъмини об корношоям гашта, 500 метр хатти фозилоб (канализация) аз рег пур шудааст. Ғайр аз ин, девори муҳофизатии пойгоҳи обкашии соҳили рӯдхонаи Зарафшон ба масофаи 50 метр зарар дидааст."
Раиси Кумитаи ҳолатҳои изтирории ноҳияи Панҷакент Парвиз Амонов изҳор дошт, ки бидуни иҷозаи ҳукумати маҳаллӣ дар бораи ин ҳодиса гузориш дода наметавонад. Нафаре, ки ҳангоми ҳодиса дар Корхонаи фаръии обрасонӣ навбатдор будааст, аз ифшои ҳувияташ худдорӣ намуд, вале гуфт: "Сел табақаи якуми корхона ва хонаи навбатдориро пахш кард. Ман аз дар даромада натавонистам, тирезаро канда, ворид гаштам ва (ба мақомот) телефон кардам."
Абдулмаҷид Бозоров, як корманди созмони Ҳилоли Аҳмар ар шаҳри Панҷакент, низ иброз дошт, ки ҳанӯз маълумоти пурра дар бораи зиёни сел ба даст наовардааст. Дар ҳамин ҳол, Дӯстмурод Забиров, сухангӯйи Кумитаи умури фавқулъодаи Тоҷикистон, ба Би-би-сӣ гуфт, ки кумисиюни вижае дар навоҳии Шаҳристон ва Панҷакент ба арзёбии хисороти сел машғул аст.
Ба гуфтаи вай, рӯзи 27 апред дар ноҳияи Шаҳристон дар асари борони шадид ва сел 150 метр ҳатти барқ, 150 метр истеҳкомоти соҳилӣ, 80 метр конол ва системи обрасонӣ хароб ва 10 сар чорво талаф шудааст. Дар асари сел дар ноҳияи Панҷакент дар канори таъсисоти марбут ба идораи ҷангал, идораи обрасонӣ, Тоҷикселҳимоя, 25 манзили маскунӣ умдатан дар ҷамоъати деҳоти Халифа Ҳасан ва Чинор осеб дидаанд. Сел ба деҳоти Шӯрча ва Зебон низ зиён оврид кардааст.
Дар маҷмӯъ, ба гуфтаи оқои Забиров, 100 чорвои мардум талаф шуда ва се мошин ҳам зери сел мондааст. Ҳамчунин, 30 килуметр хатти барқ, 13,3 килуметр хатти телефун, як дастгоҳи табдили барқ, се килуметр роҳ, се пули пиёдагузар, ва мазореъи зиёде хароб шудаанд. Дар асари сели шадид 20 ҳектор боғи тутзор, 18 ҳектор токзор, 22 ҳектор себзор хароб шудааст. Оқои забиров гуфт, ки ин ҳодиса талафоти ҷонӣ ба дунбол надошт.
Зимнан, ҳодисаи борони шадид ва селоб дар маркази шаҳри Панҷакент ҳашт сол пеш низ рух дода буд, ки дар асари он мардуми маҳаллӣ хисороти зиёде дида буданд. Раиси кумитаи ҳолатхои изтирории ноҳияи Айнӣ Зокирҷон Мирзобошиев дар сӯҳбате телфунӣ гуфт, ки борон ба ин ноҳия ҳеч гуна зарари ҷиддӣ нарасондааст. Вай афзуд: "Танҳо дар рустои Шаватки Боло чанд хонаи маскунӣ дар натиҷаи сел хароб гаштаанд."
Би-Би-Си
Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/ijtimo/2223-2010-04-29-11-55-37.html