МОШИНИ МИНРӮБӢ БАРОИ ПОКСОЗИИ МИН
Сафорати Омрико дар Тоҷикистон мошини минрӯбиро, ки аз фановариҳои пешрафта тавсиф мешавад, ба вазорати дифоъи Тоҷикистон супурдааст. Ин мошин рӯзи панҷшанбеи 29-уми апрел, дар маросими вижа дар дидбонгоҳи марзии шумораи 3-уми дастаи марзбонии ноҳияи Панҷи устони Хатлон тавассути масъулони сафорати Омрико дар Тоҷикистон ба масъулони Вазорати дифоъи Тоҷикистон супурда шуд.
Муҳимтарини ҳадафи истифода аз мошини минрӯбӣ дар Тоҷикистон ҳифозати ҷони инсон ва поксозии сареъи майдонҳои мин унвон шудааст. Мошини минрӯбӣ ба ҳангоми поксозии манотиқи мин ҷо гузошта шуда минҳои зиддинафар ва анвоъи дигари минро бидуни инфиҷори онҳо безарар мегардонад ва ин нахустин мошини минрӯбӣ дар Осиёи Миёна будааст. Мошини минрӯбӣ, ки бо кумаки молии сафорати Омрико дар Тоҷикистон ва бо дархости масъулони вазорати дифоъи ин кишвар ба Тоҷикистон оварда шудааст, барои як сол дар ихтиёри гурӯҳи минрӯбони ин кишвар қарор хоҳад дошт.
Ба гуфтаи масъулони минрӯбии Вазорати дифоъи Тоҷикистон дар Тоҷикистон танҳо дар марзи муштараки ин кишвар бо Афғонистон ҳашт милюн метри мураббаъ аз арозӣ мингузорӣ шуда ва ниёз ба поксозӣ дорад.
МинрӮбӢ ва омӮзиши истифода аз мошин
Рене Франк, корманди системи “Minewolf” ва яке аз панҷ муррабиёне ки барои баргузории давраҳои омӯзиши ба гурӯҳи минрӯбони тоҷик ба Тоҷикистон омадааст, ба ҳангоми тавзеҳи кори мошини минрӯбӣ гуфт, ки “истифодаи муассир аз ин мошин ва ҷилавгирӣ аз инфиҷори минҳо ба ҳангоми минрӯбӣ ба истеъдоди афроди минрӯб, ки бо он кор мекунанд, бастагӣ дорад.”
Аммо оқои Рене, ки муддате ба минрӯбони тоҷик наҳваи истифода аз ин мошинро омӯзиш додааст, аз раванди дарсомӯзии шогирдонаш хеле хушнуд ба назар мерасид. Сарҳанг Фирӯз Асадбеков, мутассадии ба ҳаракат даровардани ин мошин ё ба қавле “ронанда”-и он яке аз шогирдони мувваффақи оқои Рене аст. Оқои Асадбеков, ки яке аз масъулони минрӯбии Вазорати дифоъ аст, мегӯяд, ки дар навбати худ онҳо дар оянда ба сарбозони тоҷик ва аз ҷумла ба тозасарбозон истифода аз мошинро омӯзиш медиҳанд.
Вай мегӯяд, ки давраҳои омӯзишӣ ҳанӯз давом доранд ва вай афзуд: “Ин мошин имкони минрӯбии сареъ ва бехатарро барои мо фароҳам мекунад ва вай ҷойгузини як гурӯҳи зиёди минрӯбон хоҳад шуд.”
Қурбониёни мин
Ба гуфтаи масъулони Вазорати дифоъи Тоҷикистон аз даврони оғози минрӯбӣ дар Тоҷикистон ҳодисаи бархурди минрӯбон бо мин ва мавориди бо хатарот рӯбарӯ шудани онҳо ба ҳангоми фаъолият вуҷуд дошт. Ҳамчунин Жил Саразан, шаҳрванди фаронсавӣ ва афсари муттахасиси минрӯб бо ҳамтои тоҷики худ дар соли 2006 ба ҳангоми фаъолияташон дар соҳили рӯдхонаи Панҷ, воқеъ дар марзи муштараки Тоҷикистон ва Афғонистон бо мини зидди нафар бархурд карда ва дар натиҷа Жил Сарзан кушта ва минрӯби тоҷик чароҳати сангин бардошта буд.
Дар солҳои баъдӣ низ яке аз сарбозони минрӯб ба ҳангоми фаъолияташ бо мин бархурд кард ва дар натиҷаи ин ҳодиса нобино ва маълул шуд. Бар асоси иттилоъи расмӣ аз соли 1992 бад ин сӯй дар Тоҷикистон 354 нафар аз сокинон бар асари бархурд бо мин кушта ва 448 нафар маълул шудаанд. Марзи муштараки Тоҷикистону Ӯзбакистон низ ба унвони яке аз манотиқи хатарноки мин арзёбӣ мешавад. Дар соли 2009 дар навоҳии Исфараи устони Суғд дар ин марз чанд мавриди бархурди сокинон бо мин рух дода буд, ки бар асари он иддае аз сокинон кушта шудаанд.
Аз ин рӯ ба гуфтаи намояндагони Сафорати Омрико дар Тоҷикистон ва Созмони Амнияту Ҳамкории Урупо яке аз сабабҳои аслии овоардани ин мошин ба Тоҷикистон ҷилавгирӣ аз талафоти инсонӣ дар миёни сокинони ин кишвар ва афроди зидахл дар поксозии мин аст.
Кеннет Гросс, сафири Омрико дар Тоҷикистон ва Ивар Викки, раиси маркази САҲУ дар Тоҷикистон ширкат ва суханронӣ карданд.
Оқои Гросс мегӯяд, ки баъд аз як соли истифода аз ин мошин ба Тоҷикистон мошини ҷадиди минрӯбӣ интиқол хоҳад ёфт. Ин мошин дар Олмон сохта шуда ва қимати он ба шумули тамоми таҷҳизот ва маблағи давраҳои омӯзишӣ беш аз як милюну панҷсад ҳазор дулорро ташкил медодааст.
Дар маросими вижа, ки дар дидбонгоҳи марзии шумораи 3-уми дастаи марзбонии ноҳияи Панҷи устони Хатлон доир шуд, мураббиён ва гурӯҳи минрӯбони тоҷик дар ҳузури хабарнигорон ва масъулони зидахл, шеваи истифода аз ин мошинро бо минҳои эҳтимолӣ, ки аз қуттиҳои косерв иборат буд ба намоиш гузоштанд.
Заринаи Хушвақт, Би-Би-Си
Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/ijtimo/2224-2010-04-30-04-15-58.html