00:35:49 15-уми Майи 2025 сол
Внимание
  • Lack of access rights - File '/images/stories/2010/04/30_--01-a-aaaaaaapolio-2.jpg'
  • Lack of access rights - File '/images/stories/2010/04/30_--01-a-aaaaaaapolio-2.jpg'
  • Lack of access rights - File '/images/stories/2010/04/30_--01-a-aaaaaaapolio-2.jpg'

ДУВОЗДАҲ МУРДА АЗ ФАЛАҶИ АТФОЛ ДАР ТОҶИКИСТОН

Созмони Ҷаҳонии Беҳдошт аз 32 мавриди таъйидшудаи ибтило ба полиомиелит ё фалаҷи атфол ва 12 мавриди марги мубталоён ба ин беморӣ дар Тоҷикистон хабар додааст. Ба гуфтаи ин созмон, аз миёни қурбониёни ин беморӣ даҳ нафарро кӯдакони то 15-сола ва ду нафарро афроди болиғ ташкил медиҳанд. Ин созмон ҳамчунин мегӯяд, ки аз 171 нафаре, ки дар онҳо вируси фалаҷи шалли ҳод (Acute Flaccid Paralysis) кашф шуда ва эҳтимоли ибтилои онҳо ба бемории полиомиелит мерафт, вуҷуди вируси фалаҷи атфоли навъи 1 ҳануз дар намунаҳои хуни 139 нафари дигар таъйид нашудааст.

 

Гуфта мешавад аз 68 минтақаи сиёсию ҷуғрофиёии Тоҷикистон вируси полиомиелит ё фалаҷи атфол дар 24 минтақа кашф шудааст. Мақомоти беҳдоштӣ мегӯянд, ки ин навъи вируси фалаҷи атфол, ки дар Тоҷикистон қаблан набуд, аз иёлати Уттар Прадеши Ҳинд маншаъ мегирад. Ҳамаи мавориди ибтило ба фалаҷи атфол дар манотиқи ҷануб-ғарби Тоҷикистон сабт шудааст. Пойи вируси полимиелит ҳануз ба вилоятҳои Суғд ва Бадахшон нарасидааст.

 

Қаблан мақомоти беҳдоштӣ гуфта буданд, ки барои озмоиш намунаҳои хуни ҳудуди 80 нафар аз мубталоёни эҳтимолӣ ба полиомиелит ё фалаҷи кӯдаконро ба озмоишгоҳе дар Маскав фиристода буданд. Баъдтар Шамсидин Ҷобиров, мудири кулли маркази моякӯбии Вазорати беҳдошти Тоҷикистон ба Би-би-сӣ гуфт, ки озмоишҳо тавассути коршиносон аз Женев, Купенҳог ва Омрико мушаххас кардааст, ки вируси фалаҷи атфол ё полиомиелити ваҳшии навъи 1 ба Тоҷикистон аз Ҳинд ворид шудааст. Вай афзуд, ки ин навъи вирус танҳо дар Ҳинд вуҷуд дорад.

 

Ҳинд, Афғонистон, Покистон ва Ниҷериё аз ҷумлаи кишварҳое маҳсуб мешаванд, ки анвоъе аз вируси бемории фалаҷи атфол ё полиомиелит дар он ҷоҳо фаъол аст. Ба гуфтаи коршиносон, вируси полиомиелити навъи 1 барои Тоҷикистон бегона маҳсуб мешавад. Созмони Ҷаҳонии Беҳдошт мегӯяд дар солҳои ахир вазъияти муқобала бо ин вирус дар бархе аз ин кишварҳо, аз ҷумла дар Ниҷериё, беҳтар шудааст.

 

Тоҷикистон, ки дар Созмони Ҷаҳонии Беҳдошт шомили минтақаи Урупо мешавад, аз соли 2002 ба ин сӯ аз ҷумлаи кишварҳое маҳсуб мешуд, ки дар онҳо фалаҷи кӯдакон аз миён рафтааст. Охирин мавриди ибтило ба фалаҷи атфол дар Тоҷикистон 1997 сабт шуда буд. Аммо ин бад-он маънӣ нест, ки дар ин ҷо афроди мубтало ба фалаҷи атфол вуҷуд надоранд. Ба гуфтаи манобеъи Вазорати беҳдошти Тоҷикистон, ҳамасола дар ин кишвар теъдоди 30-40 мавриди ибтило ба вируси фалаҷи шалли ҳод (Acute Flaccid Paralysis) сабт мешавад, ки ин амре табиъист.

 

Вале кашфи ин вирус дар шумори бештаре аз афрод дар Тоҷикистон, ки дар ду моҳи гузашта сурат гирифта, баёнгари вазъе ғайримаъмул буда ва боъиси нигаронии пизишкон аз эҳтимоли шуюъи фалаҷи атфолро фароҳам кардааст. Ба ҳамин далел пизишкони тоҷик дар ин бора ба Созмони Ҷаҳонии Беҳдошт иттилоъ дода ва хостори кумак ба ташхиси ин беморӣ дар афроди эҳтимолан мубтало ва кумак ба моякӯбии кӯдакони тоҷик шудаанд.

 

Қарор аст аз оғози моҳи май корзори густардаи эмкунӣ ё моякӯбӣ алайҳи бемории фалаҷи кӯдакон дар саросари Тоҷикистон дар се марҳила ба таври расмӣ оғоз шавад. Дар ин корзор ҳудуди як милюну 100 ҳазор нафар аз кӯдакони то панҷсола моякӯбӣ хоҳанд шуд. Барои ин иқдом Созмони Ҷаҳонии Беҳдошт ва Сандуқи Кӯдакони СММ ҳудуди чаҳор милюн воксини зидди фалаҷи атфолро барои моякӯбии беш аз як милюн кӯдаки зери шашсола ба Тоҷикистон ворид кардааст.

 

Кишварҳои ҳамсояи Тоҷикистон низ назорат бар вазъияти фалаҷи шалли ҳодро тақвият кардаанд ва қарор аст дар ин кишварҳо низ моякӯбӣ алайҳи бемории полиомиелит ё фалаҷи атфол анчом шавад. Вируси фалаҷи шалли ҳод (Acute Flaccid Paralysis) , ки ҳамасола мавориде аз он дар кишварҳои ҷаҳон сабт мешавад, афзоиши қобили таваҷҷуҳи мавориди ибтило ба он нишонае аз эҳтимоли густариши бемории фалаҷи афол ё полиомиелит (poliomyelitis) маҳсуб мешавад.

 

Фалаҷи атфол бемории сироятиест, ки дастгоҳи гувориш (ҳозима) ва дар баъзе маворид дастгоҳи асабии марказиро мухтал мекунад. Дар натиҷаи ин беморӣ аъзои бадан аз кор мемонад ва шахси мубтало дар кӯтоҳмуддат ҷони худро аз даст медиҳад. Бемории фалаҷи атфол ҳеч дармони мушаххасе надорад ва ҳеч гуна дорӯе алайҳи вируси ин беморӣ нест. Вале муассиртарин роҳи мубориза бо он воксинзанӣ ё моякӯбии кӯдакони то 5-сола аст, ки дар заминаи ҷилавгирӣ аз ибтило ба фалаҷи атфол дар тамоми тӯли умр бисёр муаассир аст.

 

Би-Би-Си

Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/ijtimo/2228-2010-04-30-09-53-47.html

Назари Шумо

Security code
навсозӣ