01:51:06 03-уми Июни 2025 сол
Внимание
  • Lack of access rights - File '/images/stories/2010/05/03_--01-a-aaaaaajoornalists226.jpg'
  • Lack of access rights - File '/images/stories/2010/05/03_--01-a-aaaaaajoornalists226.jpg'
  • Lack of access rights - File '/images/stories/2010/05/03_--01-a-aaaaaajoornalists226.jpg'

ТАЪСИРИ ҲАВОДИСИ ҚИРҒИЗИСТОН БА ОЗОДИИ БАЁН ДАР ТОҶИКИСТОН

Дар чанд моҳи ахир матбуъоти Тоҷикистон ҷуръати бештаре касб кардааст. Бархе аз соҳибназарон далели ин амрро ба ҳаводиси Қирғизистон рабт медиҳанд ва гурӯҳи дигаре бар ин назаранд, ки чунин вазъ муваққатӣ хоҳад буд. Ин матлаб рӯзи душанбе 3 май, дар ҷараёни таҷлил аз Рӯзи озодии баён дар Душанбе матраҳ шуд. Ҳарчанд, ба гуфтаи хабарнигорон ва коршиносон, дар як соли ахир вазъи озодии баён дар Тоҷикистон ба гунаи солҳои гузашта боқӣ монда, вале ахиран тағйироте дар ин замина мушоҳида мешавад.

 

Нуриддин Қаршибоев, раиси Анҷумани расонаҳои мустақили Тоҷикистон мегӯяд, ки ахиран ҷуръати бештаре дар фаъолияти нашриҳои ин кишвар ба мушоҳида расидааст. Вай таъсири ҳаводиси ахир дар Қирғизистон ба озодии баён дар Тоҷикистонро байид намедонад. Вай мегӯяд, ҳоло дар бештаре аз нашрияҳои Тоҷикистон чопи матолибе ба назар мерасад, ки фаъолияти ниҳодҳои давлатӣ ва паҳлӯҳои мухталифи сиёсати раҳбарияти кишварро мавриди интиқод қарор медиҳанд.

 

Вале Қироншоҳ Шарифзода, сардабири нашрияи “Ҷомеъа” бар ин назар аст, ки чунин ҷуръат танҳо дар матбуъоти кишвар мушоҳида мешавад, вале шабакаҳои родию ва телевизиюнии Тоҷикистон ҳамчунон ба гунаи солҳои қаблӣ фаъолият доранд.

 

Вай мегӯяд, ки озодии бештари баён дар матбуъот аз се моҳ пеш, замоне, ки додрасони Додгоҳи олии Тоҷикистон се нашрияи ин кишварро ба додгоҳ кашиданд, мушоҳида мешавад. Сардабири “Ҷомеъа” аз он изҳори таассуф кард, ки ба дурнамои беҳбуди вазъи озодии баён дар Тоҷикистон чандон мутмаъин нест.

 

Зеро, ба гуфтаи вай, “давлат, ки ҳоло чунин озодии матбуъотро таҳаммул дорад, метавонад дубора сарпӯши дегро бубандад”. Аз сӯйи дигар, Мухтор Боқизода, раиси Сандуқи гиромидошти хабарнигорон ва озодии баён гуфт, ки давлати Тоҷикистон ба хотири ҳимоят аз пружаҳои энержии худ иҷоза додааст, ки нашрияҳо матолиби интиқодӣ мунташир кунанд.

 

Вай афзуд: “То замоне, ки дар Тоҷикистон танҳо идеоложии Президент Раҳмон ҳукмфармост, мо ба озодии комили баён дар ин кишвар даст нахоҳем ёфт. Чаро ҷомеъаи Тоҷикистон бояд танҳо назари Президент Раҳмон ба масоили сиёсӣ, иқтисодӣ ва ҷаҳониро донад? Чаро мо мавқеъи руасои маҷолиси порлумон ё нахуствазири кишвар ба ин масоилро намедонем?”

 

Зимнан, рӯзи душанбе бо ҳимояти молии Сандуқи Сорос Иттиҳодияи хабарнигорони Тоҷикистон мизи гирдеро барои баррасии мушкилот дар роҳи озодии баён баргузор карданд. Дар ин ҳамоиш таъкид шуд, ки соле қабл дар мизи гирди мушобеҳе пешниҳодоти хабарнигорон барои рафъи мушкилоти озодии баён ба давлати Тоҷикистон ироа шуд, ки бештаре аз онҳо ҳалли худро пайдо накарда ва ҳамчунон матраҳ ҳастанд.

 

Яке аз ин мушкилот муттаҳид набудани хабарнигорон ва адами ҳамраъйӣ дар миёни онҳо барои дифоъ аз озодии баён ва ҳуқуқҳои хабарнигорон унвон мешавад. Шояд ба ин далел аст, ки субҳи рӯзи душанбе барои таҷлил аз Рӯзи озодии баён ҳамзамон ду маросими ҷудогонаи созмонҳои хабарнигории Тоҷикистон баргузор шуд.

 

Нахуст, “Медиалянс”-и Тоҷикистон корзоре дар назди даромадгоҳи интишороти “Шарқи озод”, ки аз он “ГЖК” низ унвон мешавад, баргузор кард. Дар инҷо саҳнаҳое аз мушкилоти журналистон дар ин кишвар намоиш дода шуд.

 

“Медиалянс” ба хабарнигорон каровот ё галстуки дуранга – осмонӣ ва сафед тақдим карданд. Ба гуфтаи Зафар Абдуллоев, раиси ин созмон, ранги осмонӣ симбули озодӣ ва ранги сафед симбули тозагии аҳдофи хабарнигрон аст.

 

Сипас маросими оташсӯзии постурҳое, ки дар он мушкилоти хабарнигорон - фишор, таъқиби додгоҳӣ ва фасод тасвир шуда буданд, сурат гирифт. Дар ниҳоят барои иддае аз хабарнигорон барои ҷуръат ва озодандешӣ ҷавоизе тақдим шуд. Родиёи "Имрӯз", Сафват Бӯҳронов, Орзӯ Исоев, Абдуазими Абдуваҳоб ва Абдуқаюми Қаюмзод аз ҷумлаи барандагони ин ҷавоизи "Медиалянс" буданд.

 

Бар асоси гузориши тозаи “Фридум Ҳауз” ё “Хонаи озодӣ”, Тоҷикистон ба гунаи соли гузашта дар феҳрасти ин созмон дар мавқеъи 178 қарор дорад ва ба гурӯҳи кишварҳое шомил аст, ки матбуъоти он “ноозод” тавсиф мешавад.

 

Би-Би-Си

Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/ijtimo/2238-2010-05-03-11-55-54.html

 

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854