00:53:46 03-уми Июни 2025 сол
Внимание
  • Lack of access rights - File '/images/stories/2010/05/07_--01-a-aaaaaaflood226.jpg'

"ТАЛАФОТИ СЕЛ ДАР КӮЛОБ РӮ БА АФЗОИШ АСТ"

Бар асари борандагии шадид ва селоб дар шаҳри Кӯлоби вилояти Хатлон, дар ҷануби Тоҷикистон, дастикам чаҳор нафар ҷон бохтаанд. Сел ва обхезӣ дар шаҳри Кӯлоб дар нимашаб рух дода ва манобеъи маҳаллӣ мегӯянд, ки даҳҳо нафарро об бурда ва аҷсоди онҳо ҳамчунон нопадид аст. Манобеъи дафтари матбуъотии Кумитаи умури изтирории Тоҷикистон мегӯянд, ки рӯзҳои 5 ва 7 май дар вилоёти Хатлон ва Суғд сел ҷорӣ шуда ва ба сокинон ва иқтисоди ин вилоёт хисороти ҷиддӣ ворид кардааст.

 

Сарҳанг Мунира Назариева, сухангӯйи ин кумита гуфт, ки шаби гузашта дар шаҳри Кӯлоб бар асари борандагии шадид сатҳи оби рӯдхонаи Тебалай боло рафта ва ба маҳаллаи Чармгарони Поён сел ҷорӣ гардидааст. Дар натиҷа, 100 манзили маскунӣ хароб шуда ва се кӯдак ба ҳалокат расидаанд. Ҳамчунин, ба гуфтаи сарҳанг Назариева , сатҳи оби сойи Даҳана баланд шуда ва ба деҳаи Ёқсучиёни ҷамоъати Даҳана хатари ҷиддӣ таҳдид меунад.

 

Хабаргузории "Asia-Plus" аз қавли Ҳамид Абдуллоев, раиси шаҳри Кӯлоб, овардааст, ки теъдоди кушташудагон мумкин аст афзоиш ёбад. Ба гуфтаи вай, сел ва лойоба маҳаллоти Чармгари поён ва маҳалли автовокзалро ба таври комил фаро гирифтааст.

 

Бисёре аз мардум ба бомҳои хонаҳо баромадаанд ва гурӯҳҳои наҷот дар маҳаллоти осебдида машғули наҷот додани мардум ҳастанд. Гуфта мешавад, сарбозони пойгоҳи низомии Русия ба василаи мошинҳои низомӣ мардуми осебдидаро ба ҷойҳои амн кӯч медиҳанд.

 

Ин хабаргузорӣ аз қавли Сафаралӣ Зокиров, раиси ноҳияи Мӯъминобод, низ овардааст, ки 37 хона дар маҳаллоти Боғи Ҳабиб, Тебалай ва Тутои ин ноҳия дар асари сел хароб шудаанд. Ҳамчунин, хароб шудани се пули иртиботӣ дар ин рустоҳо расондани кумак ба мардуми осебдидаро душвор сохтааст. Бо ин ҳол, хонаводаҳои осебдида хонаҳои харобшударо тахлия кардаанд.

 

Муродалӣ Алимардон, муъовини нахуствазири Тоҷикистон, бо гурӯҳе аз масъулони давлатӣ ба маҳалли осебидад рафта ва масъулони умури изтирорӣ аз вазорати дифоъ хостори кумак ба наҷоти мардум шудаанд. Бино ба гузориши Кумитаи умури изтирории Тоҷикистон бар асари борандагии шадид дар ҳафтаи ҷорӣ дар навоҳии Восеъ, Данғара, Қубодиён ва Ҷилликӯли вилояти Хатлон ва ноҳияи Ғончии вилояти Суғд манозили маскунӣ, пулҳои иртиботӣ, роҳҳои утумубилгард ва хутути барқ хароб шудаанд.

 

Ҳамакнун кумисиюни ҳолатҳои фавқулъода якҷо бо афсарони ситодҳои наҷоти вилоятию минтақаӣ дар маҳаллоти осебдида фаъолият доранд ва ҳаҷми хисороти воридаро мушаххас мекунанд. Қаблан мақомоти маҳаллӣ дар минтақаи Кӯлоб эълом карда буданд, ки боришҳои шадид ва селу обхезиҳое, ки дар авосити апрел дар ин минтақа рух дод, 150 милюн сомонӣ бар иқтисоди мардум хисорат задааст.

 

Би-Би-Си

Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/ijtimo/2258-q-q.html

 

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854