00:50:29 03-уми Июни 2025 сол
Внимание
  • Lack of access rights - File '/images/stories/2010/05/08_--01-a-aaaaaaflood226.jpg'
  • Lack of access rights - File '/images/stories/2010/05/08_--01-a-aaaaaaflood226.jpg'
  • Lack of access rights - File '/images/stories/2010/05/08_--01-a-aaaaaaflood226.jpg'

КӮЛОБ: ПАС АЗ ЯК ШАБИ ОФАТ

Бо гузашти як шаб аз офат, ки ҷони ҳадди ақал бист нафарро бурдааст, мардум дар Кӯлоб ҳанӯзам наздикони гумшудаи худро меҷӯяд. Сел қариб тамом шудааст ва гилу лой мондааст.

 

Ҳаво ҳоло соф аст. Ситоди вижаи ҳукуматӣ муваззаф шудааст, то 6-уми ноябр ҳамаи зарардидагонро бо манзил таъмин кунад. Бегоҳи дирӯз раисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон ба маҳалли ҳодиса сафар кард ва дар бинои ҳукумати Кӯлоб ҷаласаи изтирорӣ доир намуд. Ситоди вижа ташкил шуда, сарварии он ба дӯши муовини аввали сарвазир Муродалӣ Алимардон гузошта шудааст. Муродалӣ Алимардон муваззаф шудааст, ки то 6-уми ноябр охирин манзили зарардида аз ин сел барқарор шавад.

 

Сел, ки нисфишаби гузашта Кӯлоб ва ноҳияҳои наздикашро зер кардааст, беш аз бист кушта бар ҷой гузоштааст. Хабарнигори Радиои Озодӣ Мӯъмин Аҳмадӣ аз маҳалли воқеа мегӯяд, дар Кӯлоб 15 ҷасад ва дар маҳаллаи Саричашмаи Шӯробод 5 ҷасад дарёфт шудааст. Кумитаи изтирории Тоҷикистон аз ҳалокати як нафар дар Норак низ хабар медиҳад. Дар Кӯлоб сарнавишти тақрибан 40 нафари дигар норӯшан боқӣ мемонад.

 

Мардум феълан даруни гилу лой гумшудаҳоро меҷӯянд. Раиси вилоят Ғайбулло Афзал ва вакили мардумӣ аз Ҳизби наҳзати исломӣ Сайидумар Ҳусайнӣ, ки дирӯз аз субҳ дар маҳалли ҳодиса будаанд, барои наҷоти мардум чархбол талаб карда буданд. Чархбол, ҳамин гуна, ба Кӯлоб наомад. Сокинон мегӯянд, эҳтимол буд бо чархбол чандин ҷонро наҷот дода мешуд. Ду БТР аз дивизияи 201-и Русия ба ёрии мардум омада буд.

 

Кумитаи изтирории Тоҷикистон хисороти селро бино бар ҳисобҳои аввалия беш аз сад миллион доллар гуфт.

 

«Озодӣ»

Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/ijtimo/2263-2010-05-08-08-58-43.html

 

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854