КУМАКҲОИ НАХУСТИН БА ОСЕБДИДАГОНИ ОБХЕЗӢ
Як қатор созмонҳои байнулмилалӣ, аз ҷумла Ҳилоли Аҳмар, «Наҷоти кӯдакон»-и Бритониё ва ниҳодҳои СММ ба осебдидагони офати табиӣ дар Кӯлоб кумакҳои башардӯстонаи иборат аз хаймаҳо ва ашёи рӯзгордориро ироа кардаанд. Бино ба иттилои хабарнигори радиои Озодӣ дар минтақа, барои хонаводаҳои бесарпаноҳмонда дар шаҳри Кӯлоб аз сӯи ин созмонҳо ҳудуди 300 хайма, рахтҳои хоб ва дигар ашёи мавриди ниёз оварда шудааст.
Хаймаҳо дар вокзали Кӯлоб, варзишггоҳи марказии шаҳр ва дар ҳавлии Омӯзишгоҳи касбӣ-техникии рақами 33 ҷой дода шудаанд ва садҳо хонавода феълан дар ин хаймаҳо ба сар мебаранд. Ҳамчунин имрӯз аз навоҳии мухталифи вилояти Хатлон ба Кӯлоб маводи ғизоӣ расонида шудааст.
Вале ба гуфтаи сокинони маҳаллӣ, пас аз ду рӯзи обхезии маргбор ва пурхисорот камбуди озуқа ва ҷои хоб сахт эҳсос мешавад. Бештари мардуми бехонумоншуда шабҳоро дар берун рӯз мекунанд. Як бахше аз офатзадагон дар хонаҳои наздикон ва ҳамсоягон паноҳ бурдаанд.
Мардуми маҳаллӣ мегӯянд, кумаки ниҳодҳои давлатӣ хеле ночиз аст ва офатзадагонро асосан мардуми осебнадидаи маҳаллӣ аз гуруснагӣ наҷот медиҳад. Ба гуфтаи хабарнигори Озодӣ, феълан дар шаҳри Кӯлоб як ҳолати парешонӣ ҳукмфармост. Аз масъулони ҳукумат касе дар мавриди пайомадҳои обхезӣ ва вазъи кунунии шаҳр иттилое намедиҳад. То ҳол ягон нишасти матбуотӣ дар ин робита баргузор нашудааст.
Бино ба иттилои сарчашмаҳои расмӣ, бар асари селхезии ахир дар Кӯлоб 16 нафар кушта ва беш аз 40 нафари дигар беномунишон шудаанд. Вале сокинони минтақа мегӯянд, ки шумори кушташудагон ба маротиб бештар аст. Тибқи иттилои идораи тандурустии Кӯлоб, беш аз 100 маъюб дар беморхонаҳо бистарӣ гаштаанд. Дар ин ҳодиса фақат дар Кӯлоб беш аз 500 хона комилан ва садҳо манзили дигар қисман хароб шудааст. Зарари умумии обхезӣ беш аз 100 миллион доллар баровард шудааст.
«Озодӣ»
Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/ijtimo/2267-2010-05-09-11-50-56.html