ЭЪТИРОЗ ВА ДОДХОҲИИ ЗАРАРДИДАГОН ДАР КӮЛОБ
Даҳҳо нафар аз сокинони зарардидаи Кӯлоб зӯҳри имрӯз бо эътироз дар назди бинои ҳукумати маҳаллӣ ҷамъ омада, талаб карданд, то ҳукумат ба онҳо ёрӣ бирасонад. Хабарнигори Радиои Озодӣ дар минтақа мегӯяд, инҳо аслан афродеянд, ки ба гуфтаи худи эшон, то ҳоли ҳозир аз ҷониби ҳукумат касе ба суроғашон наомадааст ва ҳеҷ кӯмаке барояшон нарасонидаанд. Ин ҳам дар ҳолест, ки бо гузашти панҷ рӯз аз офати табиӣ ёриҳои башардӯстонаи созмонҳои байнулмилалиро ҳукумати маҳаллӣ ҳанӯзам тақсим накардааст.
Зулайхо Комилова, сардори ситоди бартарафсозии оқибатҳои офати табиӣ дар Кӯлоб, мегӯяд, сабаби тақсим нагаштани ёриҳо дар набудани рӯйхати зарардигагон аст, ки то кунун таҳия нашудааст.
Тоҷикистон дархости ёрӢ кард
Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, дар ҷаласаи изтирории ҳукумат ба Вазорати корҳои хориҷа супориш дод, то дар мавриди дархости ёрӣ аз кишварҳо ва созмонҳои байнулмилалии мададрасон нома омода кунад. Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, дар ҷаласаи изтирории ҳукумат гуфт, бар асари селхезӣ даҳҳо нафар ҳалок, беш аз 50 нафар беномунишон ва ҳудуди 200 нафари дигар маъюб шудаанд. Ӯ зимнан аз Пойгоҳи 201-уми Русия ва президенти Узбакистон барои рафъи офати табиӣ арзи сипос кард. Ҳаҷми зарари молиро президент Раҳмон, тақрибан 900 миллион сомонӣ унвон кард.
Дар маҷмӯъ, офатҳои табии ҳафтаи гузашта ба 12 шаҳру ноҳия дар вилояти Хатлон харобӣ овард ва аз ҳама зарари бештар ба шаҳри Кӯлоб расидааст. Дар маҷмӯъ, беш аз 2.000 манзили истиқоматӣ ва биноҳои маъмурӣ, 30 пул, даҳҳо километр роҳи мошингард ва хатҳои интиқоли барқу телефон хароб шудааст.
Раисҷумҳури Тоҷикистон бо изҳори таслият ба оилаҳое, ки пайвандонашонро аз даст додаанд гуфт, мо оилаҳои азодор ва хонаводаҳои зарардидаро танҳо намегузорем ва таъҷилан ҳамаи тадбирҳои заруриро меандешем, ки оқибатҳои офати табиӣ бартараф карда шаванд, вале афсўс, ки ҷонҳои рафтаро касе баргардонида наметавонад. Раисҷумҳури Тоҷикистон ҳамчунин афзуд, имрўзҳо аҳолии зарардида аз ҳисоби давлат бо маводи озуқа ва молҳои мавриди ниёзи аввалия таъмин гардида истодаанд.
Арзи сипос ва дархости ёрӢ
Президент Раҳмон гуфт, дар маҷмӯъ, Тоҷикистон аз офатҳои табиӣ дар соли ҷорӣ беш аз 2,5 миллиард сомонӣ зарари моддӣ дидааст. Раисҷумҳури Тоҷикистон "ба ҳайати шахсии полки дар Кўлоб будаи Пойгоҳи 201-уми ҳарбии Русия, ки яке аз аввалинҳо шуда, дар наҷот додани мардум мусоидат карданд, ва ҳамчунин ба Ҳукумати Ўзбакистон ва шахсан ба Президенти ин кишвари ҳамсоя ва дўсту бародар Ислом Абдуғаниевич Каримов, ки дар вазъияти мураккаб таъмири қитъаи хатти роҳи оҳани худро, ки ба вилояти Хатлон мепайвандад, дар мўҳлати кўтоҳ ба анҷом расонида, ҳаракати қатораҳоро аз ҷониби хеш ба ин самт кушоданд, аз номи худ, ҳукумат ва халқи Тоҷикистон арзи сипосу миннатдорӣ" кард.
Раисҷумҳури Тоҷикистон гуфт, ҳукумати кишвар ҳар як оилаи зарардидаро то рӯзи 6-уми ноябр, Рӯзи сарқонуни кишвар, бо манзил ва ашёву асбоби зиндагиву рўзгор таъмин хоҳад кард. Кумитаи давлатии заминсозӣ ва геодезӣ муваззаф шуд, то ба аҳолии аз офат зарардида қитъаҳои замин дарёфт кунад. Ниҳодҳои молии ҳукумат низ ҷиҳати ироаи ёриҳои молӣ дастур гирифтанд. Вазорати корҳои хориҷӣ супориш гирифт, то аз кишварҳои мададрасон ва созмонҳои хайрияи байналмилалӣ ёрӣ бихоҳад.
Суғд ба ёрии зарадидагони КӮлоб мешитобад
Ситоди ҳолатҳои фавқулодаи Суғд мегӯяд, барои сокинони бесарпаноҳмондаи Кӯлоб бар асари сел дар субҳи аввали баъди офат дар се мошини «Камаз» 32 навъ маводи заруриёти аввалияи рӯзгор, мисли кӯрпаву кампал, брезент, дегу табақ равон кардааст. Ҳоҷӣ Мусайянов, муовини сардори ситоди мазкур, гуфт, ин ёрӣ барои 100 оилаи зарардида пешбинӣ шудааст.
Барои ҷамъоварии маблағҳои ёрӣ барои аҳолии селзадаи минтақаи Кӯлоби вилояти Хатлон аз афроди алоҳида, корхонаву муассисаҳо ва ташкилотҳо дар намояндагии «Амонатбонк» дар Хуҷанд суратҳисоби махсус боз аст. Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон дар вилояти Суғд, ки дар миёни ҳизбҳои сиёсии дигари кишвар дар ин минтқа аз ҳама беш, беш аз 40 ҳазор узв дорад, бо як муроҷиатномаи расмӣ аз аъзои худ хоҳиш кардааст, ба қадри тавон барои зарардидагони офати табиӣ дар Хатлон бо маблағ ёрӣ диҳанд.
Бадахшон: 100 000 сомонӢ барои зарардидагони Кулоб
Бадахшон ба зарардидагон аз офати табиӣ дар Кулоб зиёда аз 100 ҳазор сомонӣ кӯмак мерасонад. Ба гуфтаи муовини раиси вилоят Азиз Гиёев, ба дунболи сел ва хисороти моливу ҷонӣ дар Кулоб сокинони зиёде ба мақомот дар мавриди саҳм гирифтан дар расонидани кӯмак ба зарадидагони аз сел муроҷиъат намуданд. Мақомоти Бадахшон мегӯянд, бар асоси ин таклифу пишниҳодҳо тасмим гирифтаанд, маоши якрӯзаи кормандони идора ва муассисоти вилоятро, ки беш аз 100 ҳазор сомониро ташкил медиҳад ба суратҳисоби бартарафсозии оқибатҳои ин офат ирсол кунанд.
Ба гуфтаи муовини раис ҳукумати ҳанӯз ҳам банд будани масири Хоруғ-Кӯлоб дар навбати аввал онҳо расондани кӯмаки пулиро афзалтар медонанд. Зеро зарардидагон бо пул метавонанд маводҳои барояшон зарурро бо нархи арзонтар дар минтақаи Хатлон дарёфт кунанд. Муовини раиси Бадахшон афзуд, ки пасон ба зарадидагон ҳамчунин масолеҳи сохтмонии маҳаллии чӯбу арар кӯмак расонда мешавад.
Дар ҳамин ҳол бо назардошти офати табиӣ дар Кӯлоб ва интиқод аз фаъолияти ниҳодҳои масъул мақомоти вилояти Бадахшон ситоди ҳолатҳои фавқуллодаро таъсис додааст. Ба ситод супориш шудааст, ки маҳаллҳои эҳтимолоии хафви офати табииро дар сурати обхезӣ ва чораҳои пешгирии онро муайян кунанд.
Ба Бадахшон низ обхезӢ таҳдид мекунад
Ба иттилои сардори шӯъбаи ситод оид ба ҳолатҳои фавқуллодаи Бадахшон Давлат Саидмиров, дар сурати гармшавии якбораи ҳаво ба 50 маҳал дар навоҳии Бадахшон хатари дамидани оби дараҳо таҳдид мекунад. Вай гуфт, ки обхезӣ ҳамчунин метавонад ба қисме аз бозори Хоруғ ва маҳалҳои аҳолиниши дар гӯшаи шаҳр зарар расонад. Дар ҳамин ҳол, дар шаҳраки навбунёди ноҳияи Ванҷ сохтмони манзил барои 130 хонаводаи бесарпаноҳмонда аз зилзилаи моҳи январ идома дорад.
Мӯъмин Аҳмадӣ, Раҳматкарими Давлат, Маъсуми Муҳаммадраҷаб, Абдулфаттоҳ Шафиев, Мирзоҷалоли Шоҳҷамол, «Озодӣ»
Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/ijtimo/2278-2010-05-11-12-39-23.html