ТАЪИНОТ ВА БАРКАНОРӢ ДАР ҲУКУМАТ
Абдураҳим Холиқов, бо қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон раиси Кумитаи барқароршудаи дини назди ҳукумат таъин шудааст. Ӯ то кунун мудири шўъбаи Дастгоҳи раёсати ҷумҳурии Тоҷикистон буд. Ҳамчунин зимини қарори дигари ҳукумат Мавлон Мухторов муовини раиси Кумитаи дини назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин гардид. Мавлон Мухторов то кунун муовини вазири фарҳанг ва қабл аз он ҳам ҳамоҳангсози Шӯрои ҷамъиятии Тоҷикистон буд.
Кумитаи дини назди ҳукумати Тоҷикистон зимни як тағйироти сохторӣ дар чанд соли пеш бо вазорати фарҳанг идғом шуд. Вале дар аввали соли равон дубора ба унвони кумитаи мустақил дар сохтмори ҳукумат барқарор гашт. Ҳадсу гумоназаниҳо бар сари номзади раёсати ин кумита аз чанд моҳ ба ин сӯ идома дошт.
Кумитаи дини Тоҷикистон ба далели ҳасоссиятҳое, ки вуҷуд дорад ва инчунин ба сабаби бофтҳои суннатии ҷомеаи Тоҷикистон як ниҳоди муҳим ба шумор меравад. Ҳукумати Тоҷикистон инчунин Саймуддин Мирзоевро аз вазифаи муовини сардори сарраёсати нерӯҳои марзбонии Кумитаи давлатии амнияти миллии мамлакат озод кардааст. Саймуддин Мирзоев чанде пеш ба гумони даст доштан дар фасод, гирифтани ришва ва инчунин ҳамдастӣ бо гурӯҳҳои қочоқбар аз сӯи Оҷонси мубориза бо фасод боздошт шуда буд.
«Озодӣ»
Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/ijtimo/2285-2010-05-12-09-25-32.html