00:53:24 03-уми Июни 2025 сол
Внимание
  • Lack of access rights - File '/images/stories/2010/05/14_--01-a-aaaaaaakulaab225.jpg'
  • Lack of access rights - File '/images/stories/2010/05/14_--01-a-aaaaaaakulaab225.jpg'
  • Lack of access rights - File '/images/stories/2010/05/14_--01-a-aaaaaaakulaab225.jpg'

ЭЪТИРОЗИ ТОЗАИ ОСЕБДИДАГОНИ СЕЛ ДАР КӮЛОБ

Даҳҳо нафар аз сокинони маҳаллоти осебдида аз сел дар Кӯлоб аз ҳукумати маҳаллӣ дархост кардаанд, ки хонаҳои навро дар ҷойҳои қаблӣ, ки дар фосилаи амн аз рӯдхона воқеъ ҳастанд, бунёд кунанд. Қаблан эълом шуда буд, ки хонаводаҳое, ки хонаҳояшон дар фосилаи то сӣ метр аз соҳили рӯдхона ҷойгиранд, ба мавзеъе дигар кӯчонда мешаванд.

 

Аммо беш аз 60 тан аз сокинони осебдида аз сел, ки хонаҳояшон дар фосилаи дуртар аз 30 метр воқеъ аст, дар пайи ин хабар, ки гӯё тасмим шудааст хонаводаҳои маскун дар фосилаи дуртар аз аз рӯдхона низ бояд ба заминҳои нав кӯч банданд, эътироз кардаанд. Мӯътаризон дар нишасти хабарие, ки рӯзи ҷумъаи 14 май дар шаҳри Кӯлоб баргузор карданд, гуфтанд: "Агар қарор аст давлат ба мо кӯмак кунад, бигзор дар заминҳои худамон хонаҳои навро бунёд кунад."

 

Аҳмади Иброҳим, яке аз осебдидагони сел дар Кӯлоб, дар ин бора гуфт: "Мардуми мавзеъи Файзободи боло, ки ба мо дар онҷо замин додан мехоҳанд, зарфи солҳои тӯлонӣ аз хушксолӣ ранҷ мебаранд ва мо намехоҳем ҳукумат дар ивази заминҳои хуби бобоии худамон ба мо заминҳои лалмиро диҳад."

 

Вай афзуд: "Дуруст аст, ки хонаҳои воқеъ дар фосилаи то си метрро бояд ба ҷойи амн кӯчонанд, аммо хонаҳои мо, таҷаммуъкардагон, дар фосилаи аз сад то 200 метр аз рӯдхона ҷойгир аст. Агар сой пур аз ошғол намебуд, мо ҳеҷ гоҳ зарар намедидем. Агар давлат мехоҳад ба осебдидагон кумак кунад, бигзор бистари рӯдхонаро пок кунад ва хонаҳои моро дар ҷойҳои худ бунёд кунад."

 

Мӯътаризон дар Кӯлоб мегӯянд, ки се рӯз боз мехоҳанд бо Муродалӣ Алимардон, муъовини нахуствазир ва раиси ситоди рафъи авофиби сел дар Кӯлоб мулоқот кунанд, вале ӯ дар маҳал пайдо нашудааст. Хабарнигорони маҳаллӣ мегӯянд, ки Ҳамид Абдуллоев, раиси шаҳри Кӯлоб, дар назди мӯътаризон ҳозир шудааст, аммо ба пурсишҳои онон посухи мушаххасе надода маҳалро тарк кардааст.

 

Зоҳиран, мӯътаризон дар нишасти хабарии Кӯлоб зимни ибрози беэътимодӣ нисбат ба ҳукумати маҳаллӣ аз он ибрози нигаронӣ мекунанд, ки бархеҳо мехоҳанд бо "истифода аз фурсати мусоъид" заминҳои обёришударо, ки дар баробари заминҳои лалмӣ арзиши болотаре доранд, иваз кунанд.

 

Аҳмади Иброҳим дар сӯҳбат бо Би-би-сӣ дар истинод ба масъули умури меъмории шаҳри Кӯлоб гуфт, ки "ба эҳтимоли зиёд дар заминҳои мо мехоҳанд фурӯшгоҳҳо ва сохтмонҳои баландошёна бунёд кунанд." Пештар ҳам шуморе аз осебдидагони Кӯлоб нисбат ба бетаваҷҷуҳии мақомот ва нарасидани кумакҳои башардӯстона ба онҳо таҷаммӯъоти эътирозомезе баргузор карда буданд.

 

Би-Би-Си

Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/ijtimo/2301-2010-05-14-18-29-33.html

 

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854